Главная / Без рубрики / Ҳисоботи молиявӣ (намуна)

Ҳисоботи молиявӣ (намуна)

Ҳисоботи молиявӣ чист? Ҳисоботи молиявӣ ин маҷмӯи иттилооте, ки оид ба нишондиҳандаҳои ноилгардидаи корхона, шахс ва ё давлатро дар шакли ҳуҷҷатӣ (хаттӣ, аудио, видео, фото) ташаккулкарда мебошад. Ҳисоботи молиявӣ метонад, солона, нимсола, моҳона, 10-рӯза ва ҳаррӯза бошад.

hisobot

Бо шиносоӣ шудан бо ҳисоботи молиявӣ кас метонад оиди натиҷаи фаъолияти ин ё он субъект (корхона, соҳибкор ё кишвар) хулосабарорӣ намояд. Дар ҳисоботи молиявӣ на танҳо рақамҳо дарҷ мешаванд, балкӣ маълумот оиди корҳои анҷомдодашуда низ зикр мешванд.

Намуна 

         ҶСП «Сафар» вобаста ба Барқияномаи Тоҷикистон таҳти рақами  05.1-27/4402 аз 3-юми октябри соли 2017 оид ба сатҳи иҷроиши қарори дар Пайнавишти №18-и ҷаласаи васеъи роҳбарияти кишвар, ки санаи 28-уми июли соли 2017 бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ оид ба вазъи низоми молияви Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 ва вазифаҳо барои нимсолаи дувуми соли ҷориро мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш чунин маълумот медиҳад.

         Пеш аз ҳама қайд намуд, ки роҳбарияти ҶСП « Сафар» барои дар сатҳи  зарурӣ иҷро кардани супоришҳои аз пайнавишти дар боло зикргардида баромеомада ҳаммаи сардорони воҳидҳои сохторӣ шиносоӣ карда шуданд ва аз онҳо талаб карда мешавад, ки ҷиҳати иҷроиши он пурмасъул бошанд.

         Ба ин васила ташкилот аз авали сол то санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид, ки ҷумлаи онҳо далелҳои дар поён овардашуда мебошанд.

         Барои пурзӯр кардани кор ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар  5 маркази хизматрасонии моляивӣ аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб, шаҳри Қурғонтеппа ва шаҳри Душанбе кушода ба истифода дода шуд, ки аз дигар тараф ин кор барои муҳаё кардани 50 ҷойҳои навӣ корӣ ва пардохт кардани маблағҳои муайян ба буҷаи давлат мусоидат менамояд.

         Дар самти қарздиҳӣ дар 12-моҳи соли ҷорӣ ташкилот 215 ҳазор адад қарз ба маблағи 750 млн. сомонӣ пешниҳод кардааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 142 ҳазор адад ва ё ба маблағи 650,1 млн. сомонӣ бештар ва ин аз нигоҳи шумора 2 маротиба ва аз назари маблағ 2 маротиба бештар аст.

         Интиқоли маблағҳо ба кишвар низ тамоюли афзоишро касб карданд ва маблағи 70 млн доллари ИМА –ро дар соли ҷорӣ ташкил кард, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 маротиба афзош кардааст.

         Амонатҳо бошанд ба санаи ҳисоботӣ маблағи 388  млн. сомониро ташкил кард, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125 млн. сомонӣ зиёд мебошанд ва аз нигоҳи  шумора 3-маротиба афзоиш ёфту шумораи онҳо 9 ҳазор ададро ташкил кард.

         Инчунин дар соли ҷорӣ дастоварди дигаре, киташкилот ба он сазовор шудааст ин таҳия кардани намудҳои нави хизматрасонӣ мебошад, ки ҷумлаи онҳо пешниҳод кардани кортҳои пардохтӣ мебошад.  Соли ҷорӣ ба ташкилот муяссар шуд, ки 14 адад терминалҳои хизматрасониро ба истифода дода шавад. Ин самти корӣ барои рушд додани низоми пардохти ғайринақдӣ то андозае такони мусбӣ медиҳад.

         Инчунин ширкат 6-ширкати фаръиро соҳиб аст, ки яке аз онҳо дар самти лизинг фаъолият намуда барои маблағгузорӣ кардани соҳаҳои реалии иқтисодиёти кишвар машғул мебошад. Ба авали октябри соли ҷорӣ бақияи портфели ин ширкат мабалағи 32 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки арзиши миёнаи онҳо 10,8%-ро ташкил медиҳад.

         Қобили зикр аст, ки ширкат давра ба давра иштироки худро дар қарздиҳии хурду миёна дар минтақаҳои дурдасти кишварро дар нақшаҳои молиявии солҳои минбаъда бо роҳи кушодани воҳидҳои сохтории навро ба инобат гиририфтааст ва кушиш ба харҷ медиҳад, ки аз фаъолияти мазкур манфиатҳои тарафайнро ҳосил намояд.

Ҳамзамон, ҶСП “ Сафар” кушиш ба харҷ дода истодааст, ки бо татбиқ намудани иқдомҳо ва осон намудани тартиботи қарзгузорӣ раванди қарзгузориро ба қарзгирандагон дастрас намояд.

         Баробари ин дар сифати хизматрасониҳои молиявӣ ва хусусан сифати сандуқи ташкилот яке аз нишондиҳандаҳои устуворӣ ба ҳисоб рафта дар ин самт корҳо доимо зери назорат ва чораҷуии натиҷадиҳанда қарор дорад. Тӯли соли ҷорӣ ба ташкилот муаясар шуд, ки ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтодаро ба эътидол оварда ҳиссаи онро дар доираи 5% қарор диҳад.

         Вобаста ба масъалаи пешпардохти андозҳо роҳбарияти ширкат дар доираи қонунгузории кишвар амал карда ҳаммаи пардохтҳои ҳатмиро саривақт ба буҷаи давлат пардохт менамояд.

         Дар мавриди ҷалби сармояи ҳориҷӣ ширкат алҳол корҳои дахлдорро ба сомон расонида тасмим гирифтааст, ки аз Хитой маблағҳои арзонро дасрас намояд ва онро ба соҳаҳои мухталифи кишвар, равона намояд.

         Чи тавре, ки медонед охири соли 2010 Вазорати Тоҷикистонро оиди ба низоми нави иттилоотикунонӣ гузаштани ҶСП « сафар» хабардор шуда буд. Алҳол дар ин замина ба ташкилот муяссар гаштааст, ки як қатор ҳисоботҳо тариқи автоматӣ ташаккул дода мешаванд ва ин боис гаштааст, ки кулли ҳисоботҳо саривақт ба сохторҳои марбутаи Вазорати Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ манзур карда шаванд.

         Оиди банди охирини пайнавишти дар боло зикршуда  ҶСП « Сафар» бо мактуби рақами 325 аз 20-уми августи соли 2017 ба  Вазорати миллии Тоҷикистон пешниҳоди худро ирсол намудааст.

бо эҳтиром,

 Раис                                                                    Имомов К

Инчунин кобед

Хонаи фуруши дар Вахдат

Ҳавлии фурушӣ дар н Ваҳдат (маҳалаи Дайробод) 170 кв = 650 000 с

Ҳавлии фурушӣ иборат аз 8 сотиқ ё худ 170 квадрат бинои сохтмонӣ дорад. Ин аст …