Главная / Гуногун / Ҳисоботи молиявӣ

Ҳисоботи молиявӣ

Ҳисоботи молиявӣ ба Вазорати молия

 ҶСП «Ало» вобаста ба мактуби  Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 887892 аз 20-уми июли соли 2018 оид ба ҳисоботи молиявӣ сатҳи иҷроиши қарори дар Пайнавишти №12-и ҷаласаи васеи роҳбарияти ЧСП, ки санаи 10-уми марти соли 2019 бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ оид ба вазъи низоми молияви Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷориро мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш чунин маълумот медиҳад.

Close up view of bookkeeper or financial inspector hands making report, calculating or checking balance. Marketing strategy brainstorming. Paperwork and digital in office.

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки роҳбарияти ташкилот барои дар сатҳи  зарурӣ иҷро кардани супоришҳои аз пайнавишти дар боло зикргардида ҳамаи сардорони воҳидҳои сохторӣ шиносоӣ карда шуданд ва аз онҳо талаб карда мешавад, ки ҷиҳати иҷроиши он пурмасъул бошанд.

Ба ин васила ташкилот аз аввали соли молиявӣ то санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид, ки ҷумлаи онҳо далелҳои дар поён овардашуда мебошанд.

 Робита ба ҷалби бештари сармояи арзон ва дарозмуҳлат, бо ташкилотҳои дохиливу хориҷӣ пайваста гуфтушунид бурда истодааем ва ҳоло тибқи талаботҳои сармоягузорони хориҷӣ диққати махсус ба баланд кардани сифат ва ҳаҷми кор равона шуда истоддаст, ки ҳамчун унсурҳои асосии ҷалбкунанда барои срмоягузорӣ, маҳсуб меёбад.

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи гуфтушунид бо муассисон масъалаи равона намудани фоидаи соф ба сармояи ташкилот аз натиҷаи фаъолият дар соли 2017 қарор қабул карда шуд ва ба ин васила сармояи ташкилотба маблағи 55 млн. сомонӣ афзоиш дода шуд, ки аз он  50 млн. сомонӣ ба худи ташкилотва 5 млн.  сомонӣ ба ширкатҳои фаръияш мутаалиқ аст.

Барои таъмини фаъолияти муътадили бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ ва беасос баланд кардани қурби фурӯши доллари ИМА дар бозори дохилии асъор, қайд менамоем, ки Ташкилот аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҳар як хазинаи амалиётии худро, ки ба анҷом додани амалиёти мубодилаи асъорӣ машғул мебошанд, бо таҷҳизотҳои видеоӣ муҷаҳаз гардонидааст. Ҳар як амалиёти иҷрошуда саривақт, баъд аз талаб намудани ҳуҷҷати шахсияти мизоҷ, ба барномаи корӣ ворид карда шуда, ба онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ дода мешавад.

Ҳамаи амалиётҳои мубодилавӣ дар рӯзи ҳисоботӣ, дар асоси қурбнома, ки ҳамарӯза аз тарафи роҳбарияти Ташкилот тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда шуда истодааст.

Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанг ва савияи дониши кормандони ташкилот алалхусус, кормандони сохторҳои хизматрасон пайваста семинар ва дарсҳои омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони дохилӣ ва беруна гузаронида мешаванд, инчунин санҷиши тахассусӣ тибқи талабот ва барномаҳои методии дохилӣ гузаронида мешаванд. Дар 5-моҳи соли ҷорӣ 893 корманди ташкилот дар 116 семинарҳо иштирок карда ба ин васила донишҳои касбии худро сайқал намуданд.

Масъалаи такмили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ инчунин яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ташкилот якчанд ҳуҷҷатҳои дохилӣ ва нақшаҳои корӣ таҳия шуда, тасдиқ шудааст, ки фаъолияти ташкилотаз рӯи ҳуҷҷатҳои мазкур ба роҳ монда шудааст.   Дар мавриди такмили санадҳои меъёрии дохилӣ ва риояи онҳо ҳадафҳои стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ташкилот якчанд ҳуҷҷатҳои дохилӣ ва нақшаҳои корӣ таҳия шудааст, ки фаъолияти  аз рӯи ҳуҷҷатҳои мазкур ба роҳ монда шудааст, ки ҷумлаи онҳо Сиёсати қарзӣ бо низомномааш, Сиёсати гарав, Сиёсати фоизӣ, Сиёсати идоркунии хавфҳо ва дигарон.

Дар ташкилот баҳри дуруст ба роҳ мондани масъалаи ҷобаҷогузории кормандон ва ҷалби кормандони баландихтисос тариқи озмун, Комиссияи доимамалкунанда фаъолият менамояд ва кормандон танҳо тариқи озмун ба кор қабул карда шуда барои такмили ихтисоси онҳо то се моҳ дарсҳои махсус дар мавзуъҳои соҳаи молиявӣ гузаронида мешавад.

         Тавре маълум аст, низоми ташкилот кишвар дар солҳои охир ба як қатор душвориҳо рӯ ба рӯ гардидааст, ки ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии кишвар таъсири манфии худро мегузорад, аз ҷумла, беқурбшавии пули миллӣ, кам шудани интиқоли маблағҳо, дар сатҳи баланд қарор доштани қарзҳои ғайрифаъол ва ғайра. Новобаста аз ин, ҶСП “Ало” дар нуҳмоҳаи соли 2018 ба натиҷаҳои  назаррас ноил гардида истодааст.

         Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид. Бо мақсади азнавсозии инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии ҳунармандони кишвар ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо Қарори Раёсати ҶСП “Ало” таҳти №206 аз 10-уми феврали соли 2018 маҳсулоти қарзии “Рушди маҳал” бо меъёри фоизии – 5% (бо асъори миллӣ) роҳандозӣ гардид. Бояд қайд кард, ки мақсад аз маҳсулоти қарзии мазкур гирифтани фоида набуда, танҳо дастгирӣ ва саҳм гузоштан дар рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Қарори дахлдор аз тарафи Раёсати ҶСП “Ало” ҷиҳати ба ширкатҳои сайёҳии мамлакат пешниҳоди як қатор имтиёзҳоро қабул кард, ки дар назар аст дар ин самт ҳамкорҳои судманд бо ширкатҳои мазкур ба роҳ монда шавад.

        Ба санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ аз тарафи сохторҳои дахлдори ташкилот дар доираи маҳсулоти қарзии “Рушди маҳал” 356 қарз ба маблағи 24 млн сомонӣ пешниҳод карда шудааст ва раванди қарздиҳӣ идома дошта аз тарафи шахсони масъул маркетинги густурда роҳандозӣ мегардад.

        Барои баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми молияви, принсипи шафофияти корӣ пеша гирифта дар васоити ахбор нишондиҳандаҳои молиявии даврӣ нашр карда мешаванд ва яке аз бартариятҳои нишондиҳандаҳо дар афзош ёфтани ҳаҷм, сифат ва бахусус фоидаи софи ташкилот мебошад. Ҳоло шумораи мизоҷони ташкилот нисбати авваи соли ҷорӣ 3 маротиба зиёд шудааст, ки ин ҳам бошад бе назардошти мизоҷоне, ки дар бахши интиқоли маблағҳо ва мубодилаи асъор хизматрасонӣ карда мешаванд дар назар дошта мешавад ва ин рақамҳо исботи афзоиши боварии аҳолӣ ба фаъолияти ҶСП “Ало” мебошад.

Бо эҳтиром,

    Раис                                                                Шамсиева Р.Д.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …