Главная / Гуногун / Ҳиндустон (Ҳинд)

Ҳиндустон (Ҳинд)

Вақте дар Деҳлӣ мо аз бинои фурудгоҳ берун омадем, ман аз гармӣ ва рутубати ҳаво якбора нафасгир шудам ва бо шитоб ба дохили бино баргаштам, ки боиси хандаи корманди сафорат, ки моро пешвоз мегирифт, шуд. Ӯ ба ман дилдорӣ карда гуфт, ки ба мошин нишинам, дохили мошин ҳаво хуб аст. Воқеан, дохили мошин ва биноҳо ҳаво хуб буд, вале ҳавои кӯча чанд рӯзи аввал маро хеле азият мекард. Ором-ором ман ба ҳамаи тафовутҳои байни Деҳлӣ ва Душанбе одат кардам.

Хиндустон

Ман ва Сӯҳроб бо пешниҳоди кормандони сафорат, дар гу- зари Ҳавзи хоси Деҳлии нав табақаи дувуми як виларо иҷора

кардем ва ба донишгоҳ рафта, бо барномаҳои омӯзишӣ шинос шудем. Дар Ҳинд ба мо пули зиёд медоданд. Якуним ҳазор рупия

фарҳангии Ҳинд медод. Иҷорапулиро ҳам сафорат мепардохт. Ғайр аз ин, сафорати Шӯравӣ вақти баргаштан як миқдор дол- лар ҳам медод, ки мо метавонистем аз мағозаи Duty free-и фурудгоҳ савғотӣ бихарем. Он замон ин ҳама пули зиёд буд.

Дар донишгоҳ барои мо иштироки озод гузошта буданд. Ҳар кадоми мо аз ҳисоби устодони донишгоҳ як сарпараст дош- тем, ки бояд бо ӯ ҳамкорӣ мекардем. Дар асл дониш омӯхтан аз шавқу хоҳиши мо вобаста буд, агар мо мавзӯе интихоб мекар- дем, устод дар омӯзиш ба мо кумак мекард. Устоде, ки сарпа- расти ман буд, Шафиқ Хан ном пирамарди наҷибе буд. Бо тав- сияи ӯ бо нависандаи ҳинду Ҷогиндар Пал ошноӣ пайдо карда, эҷодиёти ӯро омӯхтам. Ӯ асосан дар бораи ҷудошавии Ҳинду Покистон ва фоҷиаҳои ба бор овардаи он – ҷанги шаҳрвандӣ менавишт. Ман аз тасвирҳои ӯ хеле мутаассир шавам ҳам, пай намебурдам, ки як чунин фоҷеае миллати манро дар пеш аст.

Кори дигаре, ки дар рӯзҳои аввали расидан ба Деҳлӣ анҷом додам, сабти ном кардан ба мактаби омӯзиши забони инглисӣ буд. Ин мактаби семоҳа, вале хеле муассир буд. Шеваи тадрис тарзе буд, ки ба мо як соат дарси шифоҳӣ, як соат хаттӣ медо- данд. Вале ин ду соатро ончунон шавқовар баргузор мекарданд, ки мо – донишҷӯён дар куҷо будани худро фаромӯш карда, тавону нотавон ба инглисӣ бо ҳам ҳарф мезадем. Муаллима ҳар рӯз мавзӯъҳои навро матраҳ мекард, ки ҷумлаҳои асосии ба ин мавзӯъ рабтдошта дар баргаҳои ба мо тақсимшуда на- вишта шуда буд. Аввал худаш дар назди мо бо як донишҷӯ дар он мавзӯъ саволу ҷавоб мекард, то ки мо шунавем, баъд моро дунафарӣ тақсим карда, ба муколама вомедошт. Худаш дар байни мо гашта, хатоҳоро ислоҳ мекард.

Мо охири ҳар моҳ имтиҳон супурда, ба зинаи болоӣ мегу- заштем ва дар охири моҳи севум воқеан забони инглисии мо хеле хуб шуд. Ман дигар озодона ба инглисӣ ҳарф мезадам, китоб мехондам, шеър гӯш мекардам.

Масъули пазироии мо аз давлати Ҳинд консулгарии раво- бити фарҳангияшон буд. Ин консулгарӣ дар тӯли тақрибан даҳ моҳ чандин сафари гардишгарӣ ташкил кард ва мо донишҷӯёни хориҷиро ба шаҳрҳои Агра, Гоа, Бомбай тамошо бурд. Ғайр аз ин, ман дӯстони ҳинду пайдо кардам, ки бо онҳо ба Шимла, Чандигарҳ ва шаҳрҳои дигар сафар карда, тамошо кардам ва бо ёдгориҳои таърихӣ ва ҳаёти афсонамонанди мардуми ин кишвар шинос шудам.

Умуман, Ҳинд кишвари афсонавиву дӯстдоштаниест, ки дар васеъ шудани ҷаҳонбинӣ ва рушди шахсии ман нақши бебаҳое бозидааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …