Главная / Маданият ва санъат / Ҳикояи Исломӣ (Пандомез)

Ҳикояи Исломӣ (Пандомез)

Ҳикояи Исломӣ (Пандомез)

Ҳазрати Расули акрам (с) аксар вақт шабҳо хоб намекарданд ва ба ибодат машғул буданд. Ва чунон дар қиёми намозҳо бисёр меистоданд, ки пойҳои муборакашон варам мекарданд. Иттифоқан як шаб дар хоб монданд. Ҳазрати Ҷабраил (а) омада ба ӯ гуфтанд, ки Худованд-мегӯяд, ки агар ӯ хоби бисёр равад, умматонашро азоб хоҳам кард.

Ин суханро шунида, аз хавфи Илоҳӣ ва аз муҳаббати умматонаш ба шӯр омада, гиряву зорикунон рӯ ба кӯҳу биёбон ниҳод. Баъдан ёрони ӯ аз ин ҳодиса хабар ёфта, аз пайи кофтукови ӯ баромада, ба саҳро рафта, ҳарчанд ҷаҳд карданд, ӯро наёфтанд. Ва як чӯпонеро дида, аз ӯ пурсиданд, ки шумо Пайғамбарро надидед?

Он кас дар ҷавоб гуфтанд: – Ман чунин касро надидаам, балки номаш аз касе нашнидаам. Лекин чанд рӯз аст, ки овози хурӯш аз миёни кӯҳ меояд ба гӯш. -Умматӣ, ё умматӣ, ё уммат.

Ин суханро шунида, ёрон ба тарафи гуфтаи ӯ, ба даруни ғоре рафта диданд, ки Расули акрам (с) сари муборакашро ба  замин ниҳода, дар саҷда чунон гиряву зорӣ кардааст, ки аз ‘ бисёрии гиря замин лой шуда, сари муборакашон ба замин фурӯ рафтааст. Ин ҳоли даҳшатнокро дида, ёрон ҳар қадомаш ба навбат Пайғамбарро зораву тавалло мекарданд. Яьне аз ҳазрати Абубакр то ҳазрати Алӣ ибодатҳои кардагиашонро аз  аввали умр то охир барои уммати пайғамбар мебахшиданд ва  он зоти бобаракатро мегуфтанд,  сари худро аз замин бардор.  Он ҳазрат қабул накарда гуфт: – Ин сухани итобомезро аз Худованд шунидаам, то аз худаш авфӣ гуноҳони умматро нашунавам, то рӯзи қиёмат ба ҳамин ҳол меистам.

Ногоҳ хабари ҳол ба хотуни ҷаннат ҳазрати Бибифотимаи Заҳро расид. Ӯ чодари хешро ба cap гирифта, чун бод ба назди он ҳазрат (с) расиданд ва ӯро ба он ҳол дида, cap ба замин ниҳода, бо сузӯ гудоз муноҷот карда гуфтанд:

Худоё ин канизакро шод кун, ҷумла умматро зи ғам озод кун.

Худованди бузург дуъои ҳазрати Фотимаро қабул карда, ҳазрати Ҷабраил (а)-ро фиристод, ки рафта ҳазрати Расули акрам (с)-ро бигу, ки ман дуъои Фотимаро қабул кардам, сари муборакашро аз замин бардорад, ки умматонашро аз азоб халос хоҳам кард.

Ҳазрати Расули акрам (с) ин муждаро аз ҳазрати Ҷабраил (а) шунида сари худро аз байни лой бардоштанд.

Эй бародар ва хоҳарони азиз, шумо хубтар андеша кунед, ки ҳазрати Расули акрам (с) барои мову шумо умматони осиаш чӣ гуна заҳматҳо кашидааст. Лекин афсӯс мову шумо як бор ёде аз пайғамбари азимушшаън намекунем, афсӯс.

Ҳазрати Нӯҳ (а), ки дарозумртарин пайғамбарон буданд, ба як қавле умри муборакашон 700, ба қавли дигаре 900 сол буд. Вақте ки умрашон ба поён расид, аз ӯ савол карданд, ки эй Шайхи пайғамбарон, дунёро чӣ гуна дидӣ?

Дар ҷавоб гуфтанд: – Дунёро ба монанди хонаи дудара дидам, ки аз як дар даромадам ва аз як дари дигар баромадам.

Азизони ман, пайғамбари Худо бо вуҷуди зиёда аз ҳафтсад соли умраш дунёро чунин ташбеҳ кард, мову шумо ба ин умрҳои кӯтоҳ хаёл мекунем, ки ин ҷо ҷовидон мемонем ва парвои мурдан надорем, афсӯс, сад афсӯс.

Вақте ки ёри аввали пайғамбари Худо ҳазрати Абубакр аз дунё гузаштанду ба ҷои ӯ ҳазрати Умар (р) халифа шуданд.

Аз зани ӯ пурсиданд, ки ҳазрати Абубакр дар ҳаёташ  чи кор мекард, то пайравӣ аз он кунем?

Ӯ дар ҷавоб чунин гуфт: – Ман ҳамаи афъоли ӯро намедонам, фақат ҳаминашро медонам, ки вақте шаб аз масҷиди Расулуллоҳ (с) меомаданд, ба гӯшае менишастанд ва то субҳ дар тафаккур фурӯ мерафтанд ва чун субҳ мешуд, як оҳи пурдарде аз даруни он ҳазрат мебаромад, ки гумон  мекардӣ, дар хонаи ҳазрати Абубакр ҷигарбирён карда истодаанд. Яъне аз хавфи Илоҳӣ чунин оҳи пурдард мекашиданд, бо вуҷуди он ки беҳтарини мавҷудот баъд аз пайғамбари Худо (с) буданд.

Хонандагони гиромӣ, қадре тафаккур намоед, ки он касон бо вуҷуди оне ки ҳамаи ҳаёташонро дар ибодат сарф мекарданду башорати биҳишт доштанд, аз Худованд чӣ қадар метарсиданд. Мову шумо бошем, чаро бо вуҷуди пургуноҳӣ хавфе аз Худованди бузург надорем?!

Ҳазрати Умар (р), ки ёри дувуми Расули акрам (с) буданд, дар вақти хилофаташон рӯзе ба кӯча гузар мекарданд ва як хасеро аз замин бардоштаву гуфтанд, эй Умар, кошки Умар намебудӣ ва ҳамин хас мебудӣ, то ки аз азоби Худованд халос мегаштӣ.

Дар вақти подшоҳ буданаш бегумон шабҳо ба кӯчаҳо мегашт ва аз мардуми оддӣ мепурсид, ки подшоҳи шумо чӣ гуна бо халқ муомила мекунад, то ки аз мардуми оддӣ хақиқатро шунида камбудиҳояшро ислоҳ кунад. Ҳама аз адолати ӯ сифат мекарданд, чун ки ӯ одил буд.

Рӯзе як малоика ба сурати инсон ба назди ӯ омад ва ҳазрати Умар (р) аз ӯ пурсид, ки халифаи шумо чӣ гуна зиндагонӣ мекунад?

Ӯ гуфт: – Хеле одилона ва ботақво зиндагӣ мекунад, вале ду камбудӣ дорад. Яке ин ки ду ҷома дорад, якеро шаб мепӯшаду якеро рӯз ва дигар, он ки дар болои дастархонаш ду нонхӯриш дорад.

Гуфтанд, ки инҳо иншоаллоҳ ислоҳ мешаванд. Бо вуҷуди подшоҳ буданаш дар ҳоле, ки Ирону Рум аз ҳайбаташ меларзиданд, ҷомаи муборакашон ҳаждаҳ поргӣ дошт. Ҳазрати Усмон (р) ёри сеюми пайғамбар (с) буданд ва ду

нури пайғамбар (с), яъне ду духтари пайғамбари Худоро ба занӣ гирифта буданд.

Азбаски духтари пайғамбар (с) ба дасти ӯ буд, вафот карданд, Пайғамбар (с) духтари дигарашро ба ӯ доданд. Баъд аз гузаштани духтари дуюмаш Расули акрам (с) гуфтанд, ки агар духтари дигаре медоштам, ба Усмон (р) медодам. Аз ҷиҳати оне, ки ӯ дар назди пайғамбар қурби калон дошт ва Қуръони каримро ӯ дар вақти подшоҳиаш чамъоварӣ намуда, ба шакли китоб мураттаб сохта буданд. Бо вуҷуди бузургиашон аз хавфи Худованд чунон мегиристанд, ки риши муборакашон тар мешуд.

Ҳазрати Алӣ карамаллоҳи ваҷҳа, вақте ки халифаву подшоҳ буданд, ду нафар аз наздиконаш машварат намуда ба назди ӯ рафтанд, ки аз байтулмол, яъне аз хазинаи ҳукумат барои онҳо чизе диҳад, то дар рӯзгорашон сарф кунанд.

Даме ки онҳо ба назди ӯ омаданд шаб буд, вале  дар утоки кориаш чароғе дар наздаш ниҳода, ба кори ҳукуматдорӣ машғул буд. Чун онҳо ба наздаш даромаданд, ӯ чароғро хомӯш карда ба дигар тараф гузошт ва чароғи дигареро равшан карда ба назди онҳо гузошта, ба сӯҳбат оғоз кард. Онҳо таъаҷҷуб карда ба ӯ гуфтанд, ки ё Амирулмӯьминин, ин чӣ ҳикмат буд, ки чароғи равшанро хомӯш кардӣ ва чароғи дигареро оварда равшан кардӣ?

Ҳазрати Алй (р) гуфтанд: вакте ки шумо ба назди ман омадед, ман ба кори ҳукуматдорӣ машғул будам ва он чароғ аз моли ҳукумат буду аз вай истифода мебурдам. Чун шумо ба назди ман омадед ва меҳмони ман шудед, дигар ман ҳақ надоштам, ки аз чароғи байтулмол истифода барам. Аз ин рӯ чароғи шахсии худро равшан карда ба шумо сӯҳбат мекунам. Чун онҳо диданд, ки ҳазрати Алӣ (р) дар моли ҳукумат ин қадар эҳтиёт мекунад, мақсадашонро ногуфта баромада рафтанд.

Алӣ (р) дар вақти подшоҳ буданаш шабҳо худаш таъом бурда ба хонаҳои ятимон  мегузоштанд, то ки соҳиби садақаро набинанд. Ва ятимон намедонистанд, ки таъомро кӣ ба онҳо оварда мемонад.

Вақте ки ҳазрати Алӣ (р) аз дунё мегузарад, дигар ба ятимон касе таъом намебарад. Баъдан ятимон мефаҳманд, ки Алӣ (р) ба онҳо таъом мебурдааст.

Ҳазрати Бибиробиа зани бисёр ботақвову парҳезкор, қарини Парвардигор ва соҳибҷамол буданд, вале шавҳар надоштанд. Рӯзе чанд нафар аз олимони ҳамон давр бо худ машварат намуда, гуфтанд, ки ба наздаш меравем ва ба ӯ мегӯем, ки ту худ медонӣ, ки бешавҳар будан чӣ қадар гуноҳ аст. Аз байни мо якеамонро ба шавҳарӣ ихтиёр кун.

Ин машваратро намуда ба хонаи ӯ рафта, аз паси парда ба ӯ максадашонро баён намуданд.

Ӯ дар ҷавоб ба онҳо гуфтанд, ки ман ба шумо се савол медиҳам, агар саволҳои манро ҷавоб диҳед, майлаш, ман ягон каси шуморо мегирам.

Онҳо ки олим буданд, бовар доштанд, ки саволҳои ӯро ҷавоб мегӯянд  ва гуфтанд: – Саволҳоятро бигӯ.

Ӯ гуфт: – Саволи аввали ман ин аст, ки ба ман бигӯед, вақте ки ҳазрати Худованд арвоҳҳои мову шуморо дар олами арвох халқ кард ва ба онҳо фармуд, ки ҳазрати Одам (а)-ро саҷда кунед. Онҳое, ки ба дасти рост буданд саҷда карданд ва онхо мӯъминонанд ва онҳое, ки ба дасти чап буданд, саҷда накарданд ва онҳо кофиронанд. Акнун бигӯед, ки дар ҳамон холат арвоҳҳои ману шумо аз гурӯҳи дасти рост буданд ё аз гурӯҳи дасти чап?

Онҳо фикр карда гуфтанд, ки ин саволро ғайр аз Худованд касе ҷавоб гуфта наметавонад.

Боз ӯ ба онҳо гуфт: – Саволи дуюми ман ин аст, вақте ки умри инсон ба охир мерасад ва ӯ дар ғар-ғара, яъне дар ҳолати додани ҷон мерасад, дар ҳамин ҳолат шайтони лаъин бо косаи об назди банда ҳозир мешавад ва кӯшиш мекунад, ки имони бандаро нааузубиллоҳ бигирад. Ба ман бигед, ки дар ҳамон ҳолат ману шумо имон аз чанголи шайтони лагьин ба саломат мебарем ё не?

Онҳо гуфтанд, ки ин саволро ҳам ғайр аз Хулованд касе намедонад.

Ҳазрати Бибиробиа гуфт: – Набошад саволи сеюми маро ҷавоб диҳед. Вақте ки қиёмат қоим мешавад ва мардумро ба маҳшаргоҳ даъват мекунанд, дар он вақт баъзе аз мардум номаи аъмолашонро ба дасти рост мегиранд ва баъзеашон ба дасти чап, наъузубиллоҳ. Ба ман гӯед, ки номаи аъмоли ман ё аз шуморо ба дасти ростамон медиҳанд ё ба дасти чап?

Онҳо гуфтанд, ки ин саволро низ ғайр аз Худованл касе  намедонад.

Баъдан ба онҳо гуфт, саволи охирин ба щумо. Ба ман бигӯед: вақте ки ҳисобу китоб дар рӯзи қиёмат ба охир мерасад ва мардум ду гурӯҳ мешаванд. Яке аҳли ҷаннат дигаре аҳли дӯзах. Ману шумо дар ҳамон вақт аз аҳли ҷаннатем ё аз аҳли дӯзах?

Онҳо гуфтанд, инро низ ғайр аз Худованд касе намедонад.

Баъдан ба онҳо гуфт: – Касе ки чунин мушкилотҳо дар пеш дошта бошад ва надонад, ки аҳволи ӯ чӣ мешуда бошад, агар дар фикри ин сахтиҳо бошад, мард бошад ё зан, магар бо чунин мушкилот шаҳвати ӯ меҷунбад ва дар фикри зан гирифтан  ё шавҳар кардан мебошад?

Ба онҳо боз гуфт, ки ақл чанд чузъ аст?

Онҳо гуфтанд, даҳ ҷузъ.

Ба онҳо гуфт, чанд ҷузаш дар мард аст ва чанд чузаш дар зан?

Онҳо гуфтанд, ки нӯҳ ҷузъи ақл дар мард аст  ва як чузъаш дар зан.

Боз ба онҳо гуфт: нафс ва шаҳват чанд чузъ аст?

Гуфтанд, ки низ даҳ чузъ аст.

Гуфт, чанд ҷузъаш дар мард аст ва чанд ҷузъаш дар зан?

Онхо гуфтанд, нӯҳ чузъи шаҳват дар зан аст ва як ҷузаш дар мард.

Сипас ба онҳо гуфт, ки шумо шарм намекунед, бо вучуде, ки шумо нӯҳ ҷузьи ақл доред ва як ҷузъи шаҳват? Ва ман як ҷузьи ақл дораму нӯҳ ҷузъи нафс, вале аз Худованд тарсида сабр мекунаму шумо сабр карда наметавонед?

Онҳо ин суханони ҳақро аз вай шунида, пушаймон шуда, гирякунон аз хонаи Бибиробиа баромада рафтанд.

Падарону модарон, бародарону хоҳарони азизу меҳрубон, хулосаи суханони ин бузургворон ин аст, ки бо вуҷуди он ки онҳо ба ҳазрати Худованд нисбат ба мову шумо садҳо маротиба қарибтар буданд, аз Худованд чунон метарсиданд. Мову шумо бошем, бо вуҷуди ғарқи гуноҳ буданамон парвое надорем.

Дар охир бори дигар ба ҳамаи хонандагони гиромӣ  муроҷиат намуда, ба онҳо васият мекунам, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз аз ёди Худованд ғофил набошед ва ибодати Худовандро ба ҷо биёред ва дар доми нафсу шайтон наафтед, ки охир пушаймон мешаведу пушаймонӣ суде надорад. Ҳаёти дунёро ғанимат дониста, ба ибодат бикӯшед.

Расули акрам (с) фармудаанд, ки беҳтарин мусулмон он аст, ки тарк намекунад дунёро барои охират ва тарк намекунад охиратро барои дунё, яъне ҳам кори дунёро кардан лозим аст ва ҳам кори охиратро.

Луқмони Хаким гӯфтааст, ки ҷавониро ғанимат дон ва дар вакти ҷавонӣ кори ду ҷаҳон соз кун. Ҳар кас ибодат кунад, барои худаш мекунад. Ҳазрати Худованд мӯҳтоҷ ба ибодатҳои мову шумо нест. Худовандро беадад фариштагонанд, ки ӯро ибодат мекунанд. Лекин агар банда ибодат кунад, Худованд ӯро дар биҳишти ҷовидонӣ ҷову манзил медиҳад, ки он ҷо ҳамеша роҳату маишат асту бас ва аз ӯ розӣ мешавад.

Ва охиру даъвоно ани-л-ҳамду лиллоҳи рабби-л-оламин. Нависандаи осиро низ ба дуьо ёд кунед.

Рӯзи 23 апрели соли 2004, рӯзи ҷумъа дар лаби дарёи деҳаи Шаҳринав, дар синни 48 солагии бандаи осӣ дар муддати ёздаҳ сол навишта шуд ва ба ёрии ҳазрати Худованди бузург ба поён расид.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

halovat-va-lazzat-va-osoishu-rohati-ahli-bihisht

Ҳаловат ва лаззат ва осоишу роҳати аҳли биҳишт

Ҳаловат ва лаззат ва осоишу роҳати аҳли биҳишт Чун биҳиштиён дар биҳишт дароянд ва ба …