Главная / Маданият ва санъат / Ҳикояҳои Исломи

Ҳикояҳои Исломи

Овардаанд, ки яке аз салаф гуфт, ки: «Ман ахбор[1] менавиштам ва бар зикри Пайғамбар (с) дуруд менавиштам ва салом не. Пас, Пайғамбар (с)-ро дар хоб дидам, ки маро гуфт: «Салавотро бар ман дар набиштан тамом наменависӣ». Пас аз он ҳеҷ нанавиштам магар бо дуруд ва салом».[2]         

* * * * * * *  * *

Ва Булҳасани Шофеӣ гуфт, ки: «Пайғамбар (с)-ро дар хоб дидам ва гуфтам:

  • Эй Расулаллоҳ (с), подоши Шофеӣ аз ту бар ин дурудки дар китоби «ар-Рисола» набишт: «Ва саллаллоҳу ало Муҳаммадин кулламо закараҳу-з-зокируна ва ғафала ан зикриҳи -л-ғофилун» чист?»

Гуфт:

  • Он, ки ӯро барои ҳисоб наистонанд».[3]

Ҳикояти сездаҳум. Ин ҳикоятро Носеҳи Хатлонӣ дар китоби «Ҳадиқату-р-Расул» бо назм баён кардаанд.

Ҳикоят:

Одам он рӯзе, ки омад аз биҳишт,

Гашт гирён андар ин дунёи зишт.

Аз гуноҳи худ пушаймон гашта буд,

Зору бадҳолу парешон гашта буд.

Мешудӣ ҳар лаҳза афғонаш баланд,

Баски дил месӯхташ ҳамчун сипанд.

Дошт он вақте ки дар ҷаннат макон,

Ояти «ло тақнату» вирди забон.

Иқтизои нафс кардаш зердаст,

Шохи нахли наҳйи Бориро шикаст.

Ҳамраҳи Ҳавво шуду гандум бихӯрд,

Сели зиллат обрӯяшро бибурд.

Ғайрати фармони Ҳақ омад ба ҷӯш,

Гашт ӯ гандумнамои ҷавфурӯш.

Оқибат аз шумии ҷурму гуноҳ

Шуд тамоми рӯю аъзояш сиёҳ.

Чанд соле «Рабаано»-гӯён шудӣ,

Баҳри дарди худ давоҷуён шудӣ.

Тавбаи ӯро накардӣ Ҳақ, қабул,

Мақсадаш гардид наздики ҳусул.

Аз миёна пардаҳо бардоштанд,

Сӯйи Арш ӯро назар бигзоштанд.

Дид лавҳеро навишта Зулҷалол,

Ду калима сабт дар вай Лоязол.

«Ло илоҳа» гуфту «иллаллоҳ» хонд, ӯ

«Муҳаммад»-ро «расулуллоҳ» хонд.

Гуфт: «Ё Раб, ин чӣ номи дилкаш аст?

Шавқи ӯ андар дилу ҷонам нишаст.

Ки муқорин гаштааст бо номи Ту,

Улви рафъат дида аз инъоми Ту».

Гуфт Ҳақ: «Номи Ҳабиби мост ин,

Васфи ӯ бошад Шафеу-л-музнибин.

Раҳнамои халқу аз авлоди ту,

Гар шафеъ орӣ, кунад ободи ту».

Гуфт: «Овардам шафеъ, эй Зулҷалол,

Ки маро некӯ шавад вожунаҳол».

Баҳри лутфи Ҳақ зи cap то пош шуст,

Абри раҳмат зулмати аъзош шуст.

Офтобаш аз кусуфат шуд бурун,

Юсуфи уммедаш аз чаҳ шуд бурун.

Шуд шаби ҳиҷрони ӯ субҳи умед,

Меҳр аз ҷайби саҳаргоҳаш дамид.

Гашт некӯ, Одами хушҳол шуд,

Ақраби ҷурму гунаҳ помол шуд.

То накардӣ номи Аҳмадро шафеъ,

Некноми даҳр кай гашташ васеъ.

Васфи ӯро Ҳазрати Бечун кунад,

Носеҳи  оҷиз баёнаш чун кунад.[4]

* * * * * * *  * *

Овардаанд, ки дар аҳли Расулуллоҳ (с) мардеро ба туҳмати дуздӣ гирифтанд ва гувоҳон гувоҳӣ доданд. Ҳукм шуд, то дасти ӯ бибурранд. Уштуре истода буд, ба забони фасеҳ гуфт:

– Набурред дасти ӯро, ҳаройина ӯ дузд нест. Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

– Чӣ амал дорӣ, ки ба баракати он Худои таоло шутурро гӯё гардонид?

Гуфт:

  • Эй Расулаллоҳ (с), ҳар рӯз сад бор дуруд бар тумефиристам.

Расулуллоҳ (с) фармуданд:

  • Наҷот ёфтӣ аз азоби қабр, чунонки наҷот ёфтӣ аз азоб дунё.[5] и

Ҳикояти понздаҳум. Овардаанд, ки Абӯҷаҳл ва чанд кофирони дигар нишаста буданд, ки соиле[6] омад ва савол кард. Онҳо ба ғариқи масхара гуфтанд, ки:

  • Даруни Ҳарам амира-л-муъминин Алӣ (раз) аст, аз вай бихоҳ, ки ӯ сахт саховатманд аст.

Соил рафт ва савол кард. Амира-л-муъминин Алӣ (раз)-ро чизе набуд, ки ӯро бидиҳад, бар ду дасти ӯ чизе дамиду гуфт:

  • Дастҳоро пеши кофирон боз кунӣ.

Соил омад ва пеши эшон дастҳо кушода кард, гавҳарҳое миёни дасти ӯ диданд, қимати ҳар гавҳаре ҳазор динор. Кофирон пурсиданд, ки:

  • Ин гавҳарҳо ба ту амира-л-муъминин Алӣ (раз) аз куҷо дод?

Гуфт:

  • Бар дасти ман чизе хонду дамид.

Амира-л-муъминин Алӣ (раз)-ро пурсиданд, гуфт:

  • Як бор дуруд бар Пайғамбар (с) хондам ва бар дасти ӯ дамидам.

Кофирон ҳайрон монданд ва се нафар мусалмон шуданд. Ҷабраил (а) бар Расулуллоҳ (с) омаду гуфт:

  • Эй Расулаллоҳ (с), башорат бод мар умматони туро, ҳар кӣ як бор дуруд бар ту фиристад, чунон аст, ки даҳ ҳазор динор дар роҳи Худои таоло дода бошад.[7]

[1] Ахбор – ҳадисҳои Пайғамбар (с).

[2] «Эҳёи улума-д-дин». Ҷилди аввал. Саҳ. 673.

[3] «Эҳёи улума-д-дин». Ҷилди аввал. Саҳ. 673.

[4] «Ҳадиқату-р-Расул». Саҳ. 29-30.

[5] «Анису-л-воизин». Саҳ. 247.

[6]  Соил – гадо.

[7] «Анису-л-воизин». Саҳ. 247-248.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …