Главная / Маданият ва санъат / Ҳикояи Муҳаммад ибни Умар

Ҳикояи Муҳаммад ибни Умар

Нақл аст, ки Муҳаммад ибни Умар (раз) гуфт, ки: «Ман назди Аҳмад ибни Мӯсо ибни Муҷоҳиди Ашъарӣ (paҳ) будам, ки Шиблӣ (қаддаса сирруҳу) даромад. Аҳмад ибни Мӯсо бархост ва Шиблиро дар канор гирифт ва дар миёни ду абруи ӯро буса дод. Гуфтам:

  • Сайидӣ, ин Шиблиро мардум ба девонагӣ эътиқод доранд, Шумо бо вай ин муомила пеш мебаред?

Гуфт:

  • Ман бо вай он муомила кардам, ки аз Расулуллоҳ (с) ин муомиларо дида будам. Дар воқеа дидам, ки Ҳазрати Рисолат (с) нишаста буд, ки Шиблӣ даромад, Ҳазрат (с) бар по хост аз барои таъзими Шиблӣ ва ӯро дар канор гирифту буса дар миёни ду дидаи вай дод. Ва ман аз он Сарвар (с) савол кардам, ки:

– Эй Расулаллоҳ (с), бо Шиблӣ ин муомила ба тақдим мерасонӣ? Фармуд:

  • Бале, аммо ӯ баъд аз ҳар намозе ин оятро мехонад, ки:

Лақад ҷоакум расулум-мин анфусикум азизун алайҳи мо аниттум ҳарисун алайкум би-л-муъминина рауфу-р-раҳим, Фа ин таваллав фа қул ҳасбияллоҳу ло илоҳа илло Ҳува алайҳи таваккалту ва Ҳува Раббу-л-Арши-л-азим.

Баъд аз он бар ман салавот мефиристад, лоҷарам бо ӯ ин муомила мекунам».[1]

[1] «Маориҷу-н-нубувват фи мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 131.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …