Главная / Маданият ва санъат / ҲИҶРАТИ МУҲАММАД АЗ МАККА БА МАДИНА

ҲИҶРАТИ МУҲАММАД АЗ МАККА БА МАДИНА

Синни ҳазрати Муҳаммад ба панҷоҳ расида буд, ки ду воқеаи ғамангез дар ҳаёти ў рўй дод: аввал завҷааш Хадича, баъд амакаш Абўтолиб аз дунё чашм пушиданд.

hijrati-muhammadТо зинда будани ин ду шахс бадхоҳон ба Муҳаммад ошкоро душмани содир карда наметавонистанд. Авлоди Хадича, ки аксаран ашрофони Макка буданд, ба хотири Хадича душмани худро ошкор намекарданд. Абўтолиб бошад, яке аз мардони мўътабари Макка дониста мешуд туи ва ў сарпарасту ҳомии Муҳаммад буд. Пас аз он ки Муҳаммад аз дастгирию пуштибонии ин ду шахси бузург маҳрум шуд, душманию  озори аҳли ашрофи Макка афзун гашт, Аммо Муҳаммад ба таҳдидҳои онҳо аҳамият намедод, ба ин рўҳи бузург тарсу ваҳм бегона буд. Вай тарғиботу даъвати мардумро ба дини ислом давом медод. Дар айёми зиёрат аз тамоми шаҳру маҳалҳои Арабистон мардум ба Макка меомаданд.

Муҳаммад, ҳамчун Пайғамбар, дар назди онҳо баромад карда, онҳоро ба тарк намудани бутпарастӣ ва қабули ислом даъват мекард. Овозаи дини ислом ба тамоми қабилаҳои араб паҳн гашт. Хабари даъвати Пайғамбари ислом ба Ясриб ҳам расид. Як гурўҳ аз мардуми он ҷо ба Макка, назди Муҳаммад омаданд.

Пайғамбар таълимоти исломро ба онҳо фаҳмонд, Таълимоти ислом ба онҳо маҳқул шуда, ҳамаи онҳо дини исломро қабул карданд ва ваъда карданд, ки ин динро дар Ясриб паҳн мегардонанд. Муҳаммад ба ёрони худ фармуд, ки гурўҳ- гурўҳ ба тарафи Ясриб муҳоҷират кунанд. Мусалмонон ягон-ягон ё бо дастаҳои чанднафарӣ муҳоҷират оғоз карданд ва дар Ясриб онҳоро муҳоҷир меномиданд.

Вақте ки хабар ба ходимони Каъба расид, хашму ғазаби онҳо боз ҳам авҷ гирифт. Онҳо қарор доданд, ки Муҳаммадро бикушанд. Вақте ки Муҳаммад аз касди онҳо огаҳ шуд, шабона пинҳонӣ аз хонааш хориҷ шуд ва ҳамроҳи Абубакр аз Макка ба Ясриб ҳиҷрат кард. Замени ҳиҷрати Муҳаммад Пайғамбар барои мусалмонон ибтидои давраи нав дониста мешавад ва соли 622 соли якуми ҳиҷрӣ мўқаррар мегардад. Рўзе, ки Пайғамбар /с/ вориди Ясриб мегардад, номи шаҳрро ба Мадинату – р – Расул, яъне шаҳри Пайғамбар табдил доданд, минбаъд дар шакли мухтасар – Мадина машҳур шуд.

Мардуми Мадина Муҳаммад /с/ -ро ба эҳтироми зиёд истиқбол намуданд. Мардуми Мадина аз ҳодисаи ҳиҷрати Муҳаммад ва душманию таъқиби қурайшиҳо огоҳ шуда буданд. Аз ин ҷиҳат ба истиқболи Пайғамбар на танҳо онҳое ки дини исломро қабул карда буданд, балки онҳое ҳам, ки ҳанўз шубҳа доштанд, шитофтанд.

Дар Мадина қабилаҳои арабии Авс ва Хазраҷ ва намояндаҳои динҳои яҳудию масеҳӣ иқомат доштанд. Ғайр аз ин қисме аз аҳолии Мадина дини исломро пазируфта буданд,ки онҳоро ансор меномиданд. Муҳаммад /с/ дар фикри он буд,ки пайравони дини исломро зиёд намояд. Муҳоҷироне, ки аз Макка омада буданд,бо ансор, яъне мусулмонони Мадина муттаҳид гардиданд. Онҳо аввалин умматони Муҳаммад пайғамбару дини ислом буданд.

Муҳаммад бо пайравони хеш дар Мадина масҷид сохтанд. Пайғамбар баробари хама дар сохмони масҷид иштирок карда аз ҳеҷ кор рўй намегардонд. Хоксорию меҳнатдўстии вай одамони зиёдеро дар атрофаш ҷамъ менамуд.

Мухаммад /с/ дар фикри ҷамъ намудани молу сарват набуд. Ў дар бораи оромии худ ва пайравонаш фикр мекард. Аз минбари масҷид Пайғамбар ин ақидаҳояшро ба мардум иброз медошт. Вай тарафдоронашро ба иттиҳод, баробарӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамдигар ва афтодагону бенавоёну ятимон даъват мекард. Мухаммад /с/ нотиқи бомаҳорату оташсухан буд. Ў соҳиби қудрату ҷозибае буд,мардумро ба сўи худ ҷалб карда метавонист. Аз ин хотир як муддати кўтоҳ тамоми аҳолии Мадина ва қабилаҳои атрофии он ба Мухаммад /с/ пайвастанд ва дини исломро қабул карданд.

Дигар мақсаду мароми Пайғамбар дар он буд, ки бо яҳудиён, масеҳиён созиш кунад. Аз ин хотир даъват кард,ки дар ибрози ақида яҳудиёну масеҳиён ва мусалмонон баробар бошанд, зеро он ҷо, ки озодии ақида нест, нобоварию тарсу ваҳм ҳукмфармо мегардад, ҷое,ки боварию эътиқод аст, иттифоқро мустаҳкам мегардонад.

Муҳаммад /с/ миёни муҳоҷирону ансор қарордоде навишт, ки баробарию иттифоқи онҳоро мустаҳкам мекард ва ҳамкории онҳоро дар амалиёти оянда таъмин месохт.

Супориш ва саволҳо.

  1. Чаро ҳазрати Муҳаммад аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кард?
  2. Чаро аҳолии Ясриб (Мадина) ўро хуш истиқбол намуданд?

 

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …