Главная / Без рубрики / Ҳазми хӯрок дар меъда

Ҳазми хӯрок дар меъда

Шираи меъда. Хўрок аз сурхрўда ба меъда меравад. Ғунҷоиши меъдаи одами калонсол тахминан 1,5 литр мебошад. Ғадудҳои сершумори луобпардаи меъда барои ковокии он шира ҷудо мекунанд. Шираи меъдаи одам моеъи беранг буда, дар таркибаш ферментҳо ва каме кислотаи гидрогенхлорид дорад. Луоб деворҳои меъдаро аз осебҳои механикӣ муҳофизат мекунад. Кислотаи гидрогенхлорид бактерияҳоро маҳв карда, ферментҳоро фаъол мегардонад.

Як таҷрибаи осон имконият медиҳад, ки таъсири шираи меъда ба сафедаҳо санҷида шавад. Ба найчашиша каме шираи табии меъдаро рехта ба он каме сафедаи тухми нимҷўшонида илова мекунанд. Баъд найчашишаро тахминан ним соат дар ҳарорати 38-39°С нигоҳ медоранд. Пораҳои сафеда тадриҷан об шуда тамоман ҳал мегардад. Ферментҳои шираи меъда, ки сафедаро таҷзия мекунанд, танҳо дар шароити ҳарорати бадан ва муҳити турш таъсир карда метавонанд.

meda

Шираи меъда инчунин ферментҳое дорад, ки равған, масалан, равғани ширро таҷзия мекунад. Танзими асабии шираҷудокунии меъда. Шираи меъда ҳам мисли оби даҳон ба таври рефлексӣ хориҷ мешавад. Дар натиҷаи бо хўрок пайваст шудани ретсепторҳои ковокии даҳон ва меъда рефлекси ихроҷи шира ба вуҷуд меояд. Аз ин ретсепторҳои импулсҳо ба мағзи дарозрўя мегузаранд. Онҳо аз он тавассути асаби гумроҳ ва ғудудҳои меъда равон шуда, боиси зиёд ҷудо шудани шираи меъда мегарданд.

Шираи меъда на танҳо ҳангоми ба ковокии даҳон ва меъда дохил шудани хўрок, балки дар вақти дидан ва бўй кардани хўрок ҳам ҷудо мешавад. Ин барои ҳазми хўрок муҳим аст: хўрок ба меъда ҳангоми дар он мавҷуд будани шира медарояд, ки он зуд ба таҷзияи моддаҳои ғизоӣ сар мекунад. И. П. Павлов шираи аз дидан ва бўй кардани хўрок ҷудошавандаро шираи ба ваҷдорӣ ва иштиҳо номидааст.

Гуногунии хўрок ҳар хел газаку дорувории таъом, масалан, нуқл, салат, чизҳои намакин, ба хўрок илова кардани каме қаламфур, мурч иштиҳоро меорад. Ба тартиб гузоштани зарфҳо, ороиши ҷозибанокии дастархон ҳанўз пеш аз оғози хўрокхўрӣ низ иштиҳоро меорад. Ғавғо, сўҳбати ғайр, хондани чизе ҳангоми хўрок ҷараёни ҳазми хўрокро бад мекунад ва иштиҳоро мебандад.

Агар ба меъда муддати дароз хўрок наравад, мушакҳояш бо шиддат кашиш мехўранд. Ин боиси ҳиссиёти ногувор шуда, одам гуруснагиро ҳис мекунад. Дар ин ҳолат аз меъда ба мағзи сар импулсҳои асаб меравад. Одам кўшиш мекунад, ки ҳар чӣ зудтар ҳиссиёти гуруснагиашро барҳам диҳад.

Хўрокхўрии бонизом шарти муҳими ҳазми мўътадил мебошад. Хабари сершавӣ, ки дар бораи аз хўрок пур шудани меъда гувоҳӣ медиҳад, ба мағзи сар тахминан 20 дақиқа дертар мерасад. Бинобар ин одамоне, ки саросемавор хўрок мехўранд, ба пурхўрӣ гирифтор мешаванд. Илова бар ин шираи ҳозима миқдори аз ҳад зиёди хўрокро ҳазм карда наметавонад. Аз ин рў, рўзе чанд маротиба оҳиста ва кам-кам хўрок хўрдан лозим аст.

Рўзе чор маротиба хўрок хўрдан беҳтар аст. Миқдори наҳорӣ бояд тахминан 25%, хўроки нисфи рўзӣ қариб 50%, хўроки чоштгоҳ 15%, хўроки шом 10% – тамоми меъёри хўроки якрўза бошад.

Танзими ҳуморалии ихроҷи шираи меъда. Дар меъда хўрок 4-8 соат мемонад. Дар тамоми ин муддат ғадудҳои меъда шира ҷудо мекунанд. Тарашшўҳи шираи меъда бо таъсири моддаҳои фаъоли биологӣ ки дар луобпардаи меъда ба вуҷуд меояд, давом мекунад. Ин моддаҳо ба хун ҷаббида шуда, ғадудҳои меъдаро  фаъол мегардонад. Гўшт, моҳӣ ва сабзавоти обпаз дорои моддаҳои тайёри фаъоли биологӣ буда, сабабгори ҳосил ва ҷудошавии шираи ғадудҳои меъда мебошанд.

Саволҳо:

  1. Ба таркиби шираи меъда чӣ дохил мешавад ва он дар куҷо ҳосил мегардад?
  2. Кадом моддаҳо дар меъда таҷзия мешаванд?
  3. Дар кадом шароит ферментҳои шираи меъда, ки сафедаро таҷзи мекунанд, таъсир мерасонанд?
  4. Ҷудошавии рефлектори шираи меъда чӣ тавр ба амал меояд?
  5. Меъёри дурусти хўрок, ороиши ҷозибаноки дастархон барои дар меъда ҳазм шудани хўрок чӣ аҳамият дорад?
  6. Танзими ҳуморалии дар меъда ҳазм шудани хўрок чӣ хел ба амал меояд?

Кори амалӣ

Таъсири шираи меъда ба сафеда Таҷҳизот барои амалиёт: шираи меъда, сафедаи тухми ҷўшонида ё почаи қўрбоққаи ҷўшонида, оби гарм, пробиркаҳо, соат.

Рафти амалиёт:

а) Ба пробирка 2-3 қатра шираи тозаи меъда чаконед.

б) Ба шира як порча сафедаи тухм ё мушаки қурбоққаро илова кунед.

в) Пробиркаро тақрибан ним соат дар ҳарорати +38-40° С нигоҳ доред.

г) Ҳал шудани сафедаҳоро мушоҳида кунед.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Хонаи Абдусалом Деҳотӣ . Кӯчаи Мирзо Турсунзода, 157

Хонаи Абдусалом Деҳотӣ

Абдусалом Деҳотӣ (14 марти 1911, д. Боғимайдони н. Самарқанд — 31 январ, 1962, ш. Душанбе) …