Главная / Биология / Ҳазми хӯрок дар ковокии даҳон

Ҳазми хӯрок дар ковокии даҳон

Ковокии даҳон. Дар ковокии даҳон хўрок чашида, майда хоида ва бо оби даҳон тар мешавад. Дар майда кардани хўрок дандонҳо ва забон иштирок мекунанд. Одамони калонсол 32 дандон доранд. Сохти онҳо вобаста ба вазифаашон гуногун аст.

Дар ҷоғҳои болою поён аз пеш чортоӣ дандонҳои паҳни пеш ҷойгиранд. Баъди онҳо аз ҳар ду тараф яктоӣ дандони пеш ва ашк ҷой гирифтааст. Одам хўрокро бо дандонҳои пеш ва ашк мегазад.

Хазми хурок дар дахонАз паси дандонҳои ашк аз ҳар ду тараф дутоӣ дандонҳои хурди курсӣ ва сетоӣ дандонҳои калони курсӣ ҷойгиранд. Одам бо дандонҳои курсӣ хўрокро майда карда мехояд. Ҳар як дандон аз реша, ки ба сўрохии чуқури устухони ҷоғ даромадааст, гардана, ки ба милк фурў рафтааст ва рўйкаш, ки дар ковокии даҳон ҷой гирифтааст, иборат мебошад. Рўи рўйкашро сири сахти дандон мепўшонад, ки дандонҳоро аз фарсудагӣ ва дохил шудани микробҳо муҳофизат мекунад. Зери сир моддаи сахти устухонмонанд дентин мавҷуд аст. Даруни дандон ковок мебошад. Бофтаи пайвандии мағзи дандон ковокии дандонро пур кардааст, ки рагҳои хун ва асаб дорад.

Кўдаки навзод дандон надорад. Тақрибан аз шашмоҳагӣкўдакон дандони шир мебароранд, ки дар синни 8-12-солагӣ онҳо рехта, бар ивази он дандонҳои доимӣ мебароянд. Ҷуфти охирини дандонҳои одам, яъне дандонҳои ақл, одатан дар синни 24-26-солагӣ мебароянд.

Хўрок чӣ қадар бодиққат майда карда шавад, ҳамон қадар ферментҳо хубтар тайёр мешаванд. Хўроке, ки хуб хоида намешавад, кори ғадудҳои ҳозимаро душвор намуда, боиси пайдоиши бемории меъда мегарданд.

Дандонҳоро эҳтиёт кардан лозим аст. Барои ин риояи қоидаҳои гигиенаи пешгирӣ кардани фарсудашавии дандонҳо – нашикастани чормағз, донак, нахоидани устухон ва қандҳои хеле сахт, инчунин нахўрдани оби хунук ва яхмос пас аз хўроки гарм тавсия карда мешавад. Дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ сири дандон кафида, ба моддаи дандон микроб дохил мешавад. Дар натиҷа дандон дард карда, оҳиста-оҳиста фарсуда мешавад.

Боқимондаҳои хўроке, ки дар миёни дандонҳо ҷамъ мешаванд, барои афзоиши микробҳо муҳити мусоид фароҳам меоваранд.

Барои бартараф кардани онҳо ҳар рўз пеш аз хоб дандонҳоро тоза кардан ва баъд аз хўрок даҳонро бо оби ширгарм чайқондан лозим аст. Барои тоза кардани дандонҳо хока ва хамираи дандоншўии пешгиркунандаи илтиҳобро ба кор бурда, чуткаро мунтазам собуншў ва оби гарм чайқонидан ба маврид аст.

Ҳатто ҳангоми каме зарар дидани дандон зуд ба духтури дандон муроҷиат кардан лозим аст. Дандони зарардида ба бемории сироятии организм мусоидат мекунад.

Асбобҳои ҳозиразамони тиббӣ ва доруҳои навтарин ба духтурон имконият медиҳанд, ки дандонҳоро беозор муолиҷа кунанд. Мо ҳангоми хоидани хўрок онро бо ёрии забон ҳар тараф мегардонем. Забон ретсепторҳои зиёде дорад, ки ба туфайли онҳо тамъ, хусусиятҳои механикӣ ва ҳарорати хўрокро ҳис мекунем.

Одам лаззати хўроки хушкро ҳис карда наметавонад. Хўрок дар даҳон бо оби даҳон тар мешавад. Онро се ҷуфт ғадуди оби даҳон ва ғадудҳои сершумори пардаи луобии забон ва ковокии даҳон ҷудо мекунанд. Ғадудҳои оби даҳон дар як шабонарўз аз 0,5 то 2 литр оби даҳон ҳосил мекунанд.

Оби даҳони одам ферментҳо дорад, онҳо карбогидратҳои мураккабро ба карбогидратҳои соддатарин таҷзия мекунанд. Оби даҳон реаксияи ишқории паст ва моддаи махсуси бесирояткунанда – лизосим доранд. Лизосим осеби луобпардаи ковокии даҳонро сиҳат мекунад.

Тарашшўҳи ғадудҳои оби даҳон ба таври рефлексӣ дар натиҷаи ба ангезиш омадани ретсепторҳо тавассути моддаҳои хўрока ба амал меоянд. Ретсепторҳо дар рўи забон ва пардаи луобии даҳон ҷойгиранд. Аз онҳо ангезиш тавассути нейронҳои ҳискунанда ба маркази луобҷудокунанда, ки дар мағзи дарозрўя ҷойгираст мегузарад. Аз ин ҷо якҷоя бо нейронҳои ҳаракаткунанда ба ғадудҳои оби даҳон гузаронда мешавад ва онҳо оби даҳон ҷудо мекунанд. Чунин аст камонаки оддитарини рефлекси ҷудокунандаи оби даҳон. Маълум аст, ки оби даҳон на фақат ҳангоми хўрокхўрӣ, балки дар вақти дидани хўроки лазиз, ҳис кардани бўйи он ё шунидани садои косаю табақ низ ҷудо мешавад.

Фурўбарӣ. Луқмаи хўрок аз ковокии даҳон ба ҳалқ ва баъд ба сурхрўда – найи хурди амудӣ мегузарад. Дар вақти фурўбарӣ роҳи ҳалқро тағояки болоии ҳалқ мепўшонад. Девораҳои сурхрўда мавҷвор кашиш хўрда, боиси ба меъда ҳаракат кардани хўрок мегарданд. Луобе, ки сурхрўда ҷудо мекунад, ҳаракати хўрокро осон месозад.

Саволҳо: 

  1. Дар ковокии даҳон чӣ хел тағйироти хўрок ба амал меояд?
  2. Сохти дандон чӣ хел аст?
  3. Чаро дандонҳоро эҳтиёт ва нигоҳубин кардан лозим аст?
  4. Ҳангоми дар ковокии даҳон майдашавии хўрок оби даҳон чӣ аҳамият дорад?
  5. Маҷрои кадом ғадудҳо ба ковокии даҳон кушода мешаванд?
  6. Ҷудошавии оби даҳон чӣ тавр танзим карда мешавад?

 Кори амалӣ:

Таъсири ферменти луоби даҳон ба крахмал (оҳар) Таҷҳизот барои амалиёт: крахмали ҷўшонидашуда, йод, луоби даҳон. Дар синф оби ёддор тайёр намуда оид ба ферменти луоби даҳони худатон таҷриба гузаронед. Дар чўбчаи гўгирд пахта печонида онро ба луоби даҳон тар кунед, бо докаи крахмалкардашудаи луоб

ягон ҳарфро нависед. Докаи ҳамворкардашударо 1-2 дақиқа дар даст нигоҳ доред то ки гарм шавад. Докаро ба оби ёддор ҷойгир кунед. Ҷойе, ки крахмал дорад ранги кабудро мегирад, ҷойе, ки бо луоб тар карда шудааст сафед мемонад, барои он, ки крахмал то ба қанд таҷзия шудан бо йод ранги кабуд намедиҳад. Ин нишон медиҳад, ки луоби даҳон крахмалро ба қанд мубаддал мегардонад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …