Главная / Гуногун / ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Харита аз калимаи юнонӣ гирифта шуда манояш варақ мебошад. Ин ба номи харита мувофиқат менамояд, чунки харитаҳо дар варақҳои қоғаз тартиб дода мешаванд. Онҳо курашаклии Заминро ҳамвор тасвир мекунанд. Аммо шакли кураро ба ҳамвор табдил додан бе кандашавӣ ва чиншавӣ тасаввурнопазир аст. Аз ҳамин сабаб дар сохтани харитаҳо ба саҳв роҳ дода мешавад. Он дар саҳеҳ набудани самт, масофа ва масоҳат (дар харита) зоҳир мегардад. Барои он ки ҳангоми сохтани харига саҳву хато кам шавад, аз проексияҳои (нақшаҳои гуногуни картографӣ) гуногун истифода мебаранд.

kuhho

Мисол, харитае, ки олими машриқзамин Абӯрайҳони Берунӣ таълиф намудааст, дар асоси проексияҳои кунунӣ ва стереографӣ сохта шудааст. Қатьи назар аз он ки харитаҳо дар заминаи кадом проексия сохта мешаванд, вобаста ба таъйиноташон дар онҳо объект ва ҳодисаҳои мухталифи географӣ (ҷойгиршавии материкҳо, укёнусҳо, дарёҳо ва кӯҳҳо), самтӣ” вазиши шамол, ҳаракати ҷараёнҳои баҳрй, соҳаҳои хоҷагӣ, ҳудуди давлатҳо ва ғайра тасвир ва бо аломатҳои шартӣ ишора карда мешаванд. Аз ин ҷо харитаи географӣ тасвири хурд ва ҷамъбастгардидаи ҳамвории сатҳи Замин буда, дар он тамоми объект ва ҳодисаҳои географӣ бо аломатҳои шартӣ ифода шудаанд. Миқёси харитаҳо нисбат ба миқёси сурати маҳал хурданд. Онҳо вобаста ба миқёс ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: калонмиқёс (1:200000 ва калонтар).

 Миқёси харита ҳар қадар хурд бошад, маҳал дар он бо тамоми ҷузъиёташ тасвир намеебад. Мисол, маҳал дар Миқёси М000 бо тамоми ҷузъиёташ, дар Миқёси 1:1000000 ҳамчун як нуқта тасвир меёбад.

Тафовути суряти маха.1 аз харита. Нақши маҳал аз харита на факат бо миқёс, балки бо дигар ҷиҳатҳо низ фарқ мекунад:

а) Нақши маҳал бевосита дар мавзеи муайян ва ё аз рӯи сурати аз самолёт аксбардоришуда гартиб дода мешавад. Барои тартиб додани харита вобаста ба мазмун ва таъйиноташ аз манбаъҳои гуногун, аз ҷумла суратҳои аз кайҳон аксбардоришуда истифода мебаранд.

б) Дар нақши маҳал аломатҳои шартӣ мувофиқи миқёс гузошта мешаванд, дар харита бошад, вобаста ба мазмун ва таъинот аломатҳои шартӣ интихобан гузошта мешаванд.

в) Ҳангоми ба нақш гирифтани маҳал аз сабаби хурд будани масоҳати он ноҳамворихои сатҳи Замин таъсир намерасонанд. Тамоми тарҳ ва масофаи объек гоҳо бидуни саҳву хато мувофиқи миқёс инъикос карда мешаванд. Ба харита, ки масоҳати нихоят васеъро дар бар мегирад, ноҳамвории сатҳи Замин таъсир мерасонад. Аз ҳамин сабаб дар тартиб додани харита саҳву хатоҳо ногузиранд.

г) Нақши маҳал бе шабакаи дараҷадор гартиб дода мешавад. Харитаро бошад, бе чунин шабака, яъне бе хатҳои мувозӣ ва меридиан тартиб додан ғайри имкон аст.

д) Дар нақши маҳал самтҳои Шимол ва Ҷанубро бо тирча ифода мекунанд. Дар ин сурат тарафи чапи тирча самти Ғарб ва гарафи рости он Шарқро нишон медиҳад. Дар харита ин вазифаро хати меридиан ва хати мувозӣ иҷро менамояд. Меридиан Шимолу Ҷануб. хатхои мувозй Ғарбу Шарқро нишон медиханд.

Савол ва супорнш

  1. Харитаи географӣ чист?
  2. Харитаҳо аз рӯи миқёс ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
  3. Сурати маҳал аз харита чӣ тафовут дорад?
  4. Аломатҳои шартии сурати маҳал ва харитаро муқоиса намуда, гӯед, ки онҳо пурра бо якдигар мутобиқат мекунанд ё не?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …