Главная / Гуногун / ХАНДАИ РЎЗ

ХАНДАИ РЎЗ

Бо амри тасодуф дар дами остонаи деҳаи Чинори Поён кадом як қисми муҳими автобусамон шикаст. Яке аз сокинони онро хоҳиш намудем, ки аз омадани мо раиси ҷамоаро хабардор созад. Муддате нагузашта чанд нафар ҷавонону сарвари деҳа ва ду гулдухтарон бо гулҳову нону намак пайдо шуданд. Ҳамаашон аз шодиву фараҳ ба куртаашон намегунҷиданд. Чунки мардуми ҳунарпеша лутфу марҳамати хешро аз ин гуна гўшаҳои дурдасти назарногир дареғ медоранд. Сабабаш бисёр, аммо воқеияти ҳол ҳамин аст. Аз ин рў ҳофиз омадааст, гўён, зану мардҳо, пиру барно қади кўча истода табассум доштанд, бачаҳо тоқиашонро ба осмон меғурронданд…

smeh

Асбобҳои моро рўи саҳнаи чойхонаи деҳа оварданд. Бо оби сарди чашма шустушў кардем, аз кўфти раҳ халос хўрдем ва ҳанўз офтоб ба пушти кўҳ фурў нарафта, азбас, аз ҳафт то ҳафтодсола – аҳли Чинори Поён ғун гашта маҳтал буданд, барномаи консертӣ шурўъ ёфт.

Роҳбарамон ҳофизи овозадори синну солаш аз чиҳил андак зиёд ва аслан зодаи ҳамин вилоят буд. Ман, ки найнавозам, ўро бештар аз тариқи садову симо мешинохтам ва ҳоло  умуман, аз рўи ночорӣ ба ҷои шахси дигар шомили гурўҳ гардидам. Бароям, ки даҳҳо маротиба ба сафари ҳунарӣ рафтаам, ин дафъа низ як амали оддӣ тофт: «Як аз ҳавои тозаи кўҳистон нафас кашида меоям-дия».

Аҳли оилаамро қабл аз хайрухуш ҳамин зайл таскин додам…

Ҳофиз соҳиби садои форам буд ва хуш мехонд. Тамошочиён хеле ва хеле рўҳ гирифта, роҳат карданд. Баъди анҷоми консерт ҳамаи моро ба хонаи раиси деҳа меҳмонӣ бурданд. Ёфту тофташонро рўи дастархон гузошта, гўсфанд ҳам куштаанд. Ҳаракат, нигоҳу муомила, рафтори мизбононро бодиққат мушоҳидаву хаёл мекардам ва тавба мегуфтам. Охир мо, шаҳриёни охирзамонро чӣ бало зададааст, ки аз самимияти хосаи деҳотиён маҳрум гаштаем?

Ин маврид ҳофиз изҳор кард, ки мо бояд ба деҳаи Чинори Боло равем. Ҳозирон ҳайрон монданд.

– Чаро? – гунаҳгор барин базўр ҷуръат карда пурсид мизбон.

– Фардо он ҷо консерт нишон медиҳем, – забон хоид ҳофиз.

– Омадан бо иродат, рафтан бо иҷозат, – гуфт касе аз хешони мизбон, – шаб дер шуд, беҳтараш пагоҳ раветон.

– Автобусамон вайрон-ку! – ман луқма партофтам.

– Медонам, – арз кард ғашаш омада, – Чӣ тавр шуда, гузарамон ба ин тарафҳо афтод, наход раис ягон мошин ёфта нагуселонанд? – суоломез нигоҳ афканд.

– Рости гап, дар ин бевақтӣ кори мушкил, вале агар ниҳоят зарур бошад. …– ноилоҷ монд ва касе аз ҳамкоронашро берун хост…

Тахминан як соат пас садои мошини боркашонро шунидем ва аз ҳавлӣ баромадем. Мизбон бо ронанда баҳсу талош дошт.

– Якравӣ накун, хоҳиши меҳмон муқаддас аст. Илтимос…

– Ман мефаҳмам. Охир ду маротиба ба маркази ноҳия рафта омадам. Дасту пойҳоям, чашмонам дард мекунанд. Ҳоло ҳам хоболудам…

– Дар назди меҳмонҳо маро шарм надорон, аз барои худо, субҳ, ки шуд, аз номи ҷамоа гўсфанд тўҳфа мекунам.

Ронанда хандид.

– Майлаш, мебарам. Аҷаб гап мезанед раис. Дар хона ман як зану панҷ фарзанду нўҳ гўсфанд дорам. Бевақт шуд мегўям, роҳ тангу хавфнок аст мегўям, ғами саломатии меҳмононро мехўрам. Ман чӣ, як ронандаи оддиям… Меҳмонҳо одамони нодир… Ҳофиз…

Хуллас, оҳиста-оҳиставу боэҳтиёт тўли ду соат чаҳордаҳ понздаҳ километр масофаро тай намудем. Ронанда моро ба хўҷаини чойхонаи деҳаи Чинори Боло муаррифӣ карду ақиб гашт. Мо яктогӣ кўрпачаву болинҳои чойхонаро байни худ тақсим кардем. Ман бо умеди дастурў шустан ба саҳни айвони чойхона баромадам. Боз қадре поён фаромада рўи санг нишастам, сигарета гирондам.

Истораҳои осмон ба ҳадде наздик метобиданд, ки гумонам даст дароз бикунаму бигирам. Моҳи пурра нурафканӣ дошт. Дари чойхона ғичиррос заду хаёламро буррид.

Чойхоначӣ ва боз касе берун омаданд.

– Ман пагоҳ ба раиси деҳа ҳамаашро мефаҳмонам, шумо хавотир нашавед. Бачаҳо хеле хаста шудаанд. То тулўи офтоб хоб мекунанд. Ман субҳ барвақт меоям. Ҳа, воқеан, мабодо Фотима шавҳар накардааст?…

Овози ҳофизро шинохтам.

– Не, ҳоло ҳам танҳо, – хандид чойхоначӣ.

Ҳофиз худро ба оғўши деҳа зад.

Шоми рўзи дигар боз як консерт нишон додем. Автобусамон низ аз таъмир расида омад. Боз зиёфат…

Акнун ҳофиз қарор дод, ки субҳидам бармегардем. Пагоҳӣ сокинони деҳаи Чинори Боло бо иззату икром гуселониданд…

Мобайни деҳаи Чинори Поён расидем. Назди дарвозае анбўҳи зиёди одамонро дидем. Қарор гирифта фаромадем…

Кош намеистодему намефаромадем… Маълум гашт, ки он шаби нахуст ронандаву мошини боркаш ҳангоми бозгашт ба ҷарӣ афтода будааст. Ҷасадашро рўзи дароз кофта ҳамин субҳ ёфта омадаанд.

Дигаронро намедонам, лекин ҳар як бурда нони дар он ду деҳа хўрдаам ба гумонам, заҳри баданам шуданд. На гармии ҳаво, на пастию баландии раҳро эҳсос мекардам. Дам ба дам садои ронанда зери гўшам танинандоз мешуд: «Аҷаб гап мезанед, раис. Дар хона ман як зану панҷ фарзанду нўҳ гўсфанд дорам. Бевақт шуд мегўям, раҳ тангу хавфнок аст, мегўям, ғами саломатии меҳмононро мехўрам… Ман чӣ, як ронандаи оддиям… Меҳмонҳо одамони нодир… Ҳофиз…»

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …