Главная / Маданият ва санъат / Ғизои ҳалол бихуред,

Ғизои ҳалол бихуред,

Худованд дуоҳоро мепазирад

Ё айюҳа-н-носу кулу ми-м-мо фӣ-л-арзи ҳалолан тайибан ва ло таттабиъу хутувоти-ш-шайтони, иннаҳу лакум адувву- м-мубин.[1]

Тарҷума: Эй мардум, аз ҳар чизи ҳалол бар рӯи замин бихуред ва бар роҳи шайтон наравед, зеро вай душмани зоҳири шумост.

Расулуллоҳ (с) дар ривояте аз «Саҳеҳ»-и Муслим мефармояд: «Худованд мефармояд: «Он моле, ки ба бандам додаам, онро барояш ҳалол гардонидаам, бандагонамро муваҳҳид халқ намудам, аммо шайтон бинобар дасисаҳояш онҳоро гумроҳ намуда ва чизҳои ҳалолро бар онҳо ҳаром гардонид».

halol

Вақте ин оят дар маҳзари Расулуллоҳ, (с) тиловат карда шуд, Ҳазрати Саъд ибни Абӯваққос (раз) бархост ва арз намуд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), дуо бифармо, ки Худованд дуоҳои маро иҷобат намояд.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Эй Саъд, чизҳои пок ва луқмаҳои ҳалол бихур, Худованд дуоҳои туро хоҳад пазируфт. Савганд ба он зоте, ки нафси Муҳаммад (с) дар ихтиёраш аст, ҳар луқмаи ҳаромеро, ки инсон дар шикамаш қарор медиҳад, бар асари наҳсияташ то чиҳил рӯз ибодатҳояш пазируфта намешаванд ва ҳар он қитъаи гӯште, ки аз ҳаром тавлид мегардад, ҷаҳаннамӣ хоҳад буд.

Бисёре аз хонандагони ин китоби дуоҳо арз менамоянд, ки: «Домулло, мо ин дуоҳоро аз рӯи нишондоди шумо мехонем, аммо дуоҳоямон ба иҷобат намерасанду пазируфта намешаванд». Хонандагони азиз, агар шумо аз руйи ин ҳадис амал намуда луқмаҳои худро ҳалол намоед ва намози панҷвақтаро бо ҷамоат (барои мардон) бихонеду рӯзаи моҳи шарифи рамазонро бидоред ва закоти молатонро бидиҳеду амалҳои некро анҷом диҳед, Худо хоҳад ба мақсадатон хоҳед расид.

Байт:

Аз он зи домани мақсуд кӯтаҳ афтодаст,

Ки пеши халқ дароз аст дасти ҳоҷати мо.

[1] Сураи Бақара, ояти 168.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …