Главная / Илм / Ҳалила ё худ Миробалан ба руссӣ

Ҳалила ё худ Миробалан ба руссӣ

Ҳалила (миробалан, терминалия) — ин самари дарахти ҳиндист, дар ҳаҷм ва намуд гуногун мебошад, ки ҳар яке номи алоҳида дорад. Агар баъд аз гул карданаш самарашро, ки ба андозаи зира мебошад, ҳалилаи зира меноманд; ва аз он калонтар ба андозаи ҷав гардад, бичинанд, ҳалилаи ҷавӣ мегӯянд; аз он ҳам бузургтар ва ба қадри мавизи ангур гардад, бичинанд, онро мавизак, ҳалилаи сиёҳ, ҳалилаи зангӣ ва ҳалилаи ҳиндӣ низ меноманд; аз он боз ҳам калонтар нимраси сабзи зардтоб бошад, онро ҳалилаи чинӣ ва аз он ҳам калонтар ва расидатари зард гардад, ҳалилаи зард мегӯянд; аз ин ҳам бузургтар шуда, пурра расқда гардаду сурхи моил ба зардӣ бошад, ҳалилаи кобулӣ мегӯянд.

halilaМизоҷи ҳама гуна ҳалилаҳо дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст, вале хушкӣ дар ҳалилаи кобулӣ камтар бинобар камоли расидагӣ доштанаш.

Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли ҳамаи навъҳои он ба дарун меъда, майна, зеҳн, ҳофиза ва ҳавосро, ки даҳ ҳисси одамӣ мебошад, қавӣ мегардонад; гиреҳҳоро мекушояд; дарди сарро дур мегардонад ва молихудиёро сиҳат мебахшад; рӯҳҳои одамиро соф ва равшан мекунад; васвоси савдовӣ, дилтапак (дилбозӣ) ва беҷо (беҳузур) шудани дилро дафъ месозад; намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз кисми поёни бадан ба мағзи сар бароянд, ранги баданро тару тоза ва пок мегардонад; иллатҳои истисқо (водянка), бавосири бодӣ, ки шадидтарин дарди даруни шикам аст, бавосири хунӣ ва табҳои мураккабро сиҳат менамояд, балғами рақиқ ва сафроро бо оҳистагӣ ва мулоимат хориҷ мекунад.

Дар вақти истеъмоли ҳалилаҷот онҳоро бисёр намекӯбанд ва зиёд намеҷӯшонанд, балки чор-панҷ тақсим намуда, дар об тар карда, он обро менӯшанд.

Шарти истеъмоли ҳалила чунин аст, ки бояд бо равғани бодоми ширин чарб намоянд, то он ки таркибаш вайрон нагардад.

Тухмашро кӯфта, ба дандон ва милки он бимоланд, милки дандонро қувват мебахшад ва рафтани хунро аз буни дандон манъ мекунад.

Хусусан ҳалилаи кобулиро нимкӯфта, як шабонарӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, қувваташ назар ба кӯфта ва дар об ҷӯшдодаи он зиёдтар аст дар бобати ихроҷ кардани моддаҳои зарарнок аз бадан, инчунин ҳангоми онро дар об тар кардан моддаҳои зараровараш ба об намебароянд.

Миқдори истеъмолаш барои дар об тар кардан аз 25 то 35 грамм аст. Ба ҷойи ҳалила пӯсти анорро ба кор баранд, раво мебошад.

Акнун ҳар як намуди ҳалилаҳоро ба таври ҷудогона дида мебароем.

    1.Ҳалилаи кобули

  Хислатҳои шифобахши он: инро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, хилтҳои балғам, сафро ва савдоро аз бадан дафъ мегардонад; пешобро меронад, барои дарди сар, нисён (фаромӯшхотирӣ) шифо мебахшад, ҳамаи феълҳои дохилӣ ва беруниро қавӣ мегардонад; барои чарх задани сар, ки аз зиёд гаштани хилти сафро бошад, кӯфта, талқонашро бо шакар даромехта каф зада бихӯранд, фоида дорад, вале чарх задани сар ва сиёҳ задани чашм аз сабаби бисёрии балғам бошад, талқонашро батанҳоӣ бояд бихӯранд, низ барои пок гардонидани узвҳои бадан аз сафро ва барои молихулиё, ислоҳи ҳоли бади майна, саръ ва каҷ шудани рӯй худашро танҳо меошоманд. .

  Чун касеро, ки рӯяш каҷ шуда бошад, як адади ҳалиларо, тухми онро дур карда, дар даҳан то тамом гаштанаш бихояду обашро фурӯ барад, инчунин як адад ҳалилаи кобулиро аз ҷониби каҷгашта дар даҳан гузорад, ин иллатро нафъ мебахшад.

  Ба қавле, одамоне, ки дар муддати як сол ҳар рӯз як адад аз ин ҳалила бихӯранд, мӯяшон сафед намешавад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз ҳалилаи кобулӣ дар як рӯз аз 10 то 15 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида ва ё тар карда, он обро ошомиданӣ бошанд, то 35 грамми онро дар об андозанд. Агар ҳалилаи кобулӣ ёфт нашавад, ба ҷойи ин ҳалилаи зардро истифода баранд, равост.

  Аз он бо шакар мураббо тайёр карда бихӯранд, ба шарте ки аз тайёр карданаш як сол нагузашта бошад майна ва меъдаро қавӣ мегардонад, гиреҳҳои баданро, ки аз банд шудани балгам дар узвҳо ба амал омада бошанд, мекушояд ҳавосс, яъне панҷ ҳисси дохилӣ ва панҷ ҳисси берунӣ, инчунин ҷигарро қувват мебахшад.

  Тухмашро бихӯранд, пешобро меронад. Агар инро сӯхта, ос карда, бипошанд, хуни бавосир ва аз ҷойи дигар рафтани хунро манъ мекунад ва ба милки дандон бипошанд, дандонро мустаҳкам мегардонад.  Аммо хӯрдани тухми ҳалила ба майна зарар дорад. Дар ин ҳолат асал бихӯранд, зиёни онро ислоҳ мекунад.

2. Ҳалилаи зард

Мизоҷи ин дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро маҳин кӯфта бипошанд, обравии чашмро даво мешавад, чашмро тез мекунад. Хусусан инро дар хамир печонида бисӯзанд ва онро аз хамир ҷудо карда, маҳин кӯфта, ба чашм бипошанд, дар ин хислат пурзӯртар мегардад. Ин ҳалиларо нимкӯфта, як шабонарӯз дар об тар карда, он обро дар чашм чаконанд, барои ин узв таъсири дар боло гуфташударо дорад.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз аз 10 то 15 грамм аст ва агар дар об тар намуда, он обро нӯшидан хоҳанд, то 35 грамм дар об андозанд.

  З.Ҳалилаи сиёҳ

Инро ҳалилаи зангӣ ва ҳалилаи ҳиндӣ низ меноманд. Беҳтаринаш сиёҳ, сахт ва бетухми он аст.

Мизоҷаш дар миёнаи дараҷаи якум сард ва дар дараҷаи дувум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин ҳамаи ҳисҳои бадан, зеҳн ва майнаро қувват мебахшад, хунро аз моддаи савдо пок мекунад (модоме, ки ба хун савдо дохил гардад, хунро ғафс мекунад). Инак, ин савдоро нест карда, қивоми хунро ба ҳолати эътидол меоварад; рӯҳро низ аз кудурат соф мекунад (осонтар карда гӯем, табъро равшан месозад). Ҳамин тариқ, барои иллатҳои молихулиё ва васвоси савдовӣ дору мешавад.

Онро хоида, обашро фурӯ баранд, барои иллати лиқва, яъне каҷ шудани рӯй давост, инчунин онро дар даҳан аз тарафи каҷии рӯй нигоҳ доранду обашро фурӯ баранд, ҳамин хосиятро дорад ва ин амал барои кашидани рутубати меъда, мустаҳкам кардани узвҳои даруни шикам ва даруни сина, дарди сипурз, бавосир ва махав нафъ дорад.

Агар ҳалилаи сиёҳро дар зарфе бо оташ битафсонанд то бӯяш барояд, инро ҳалилаи бӯдода меноманд ва баъд кӯфта бихӯранд, исҳолро мебандад ва дар даҳан нигоҳ доигга, обашро фурӯ баранд, мӯйро сиёҳ ва қавӣ мегардонад, низ милки дандонро қувват мебахшад.

Мегӯянд, ки хӯрдани ин ба ҷигар зарар дорад. Дар ин ҳолат асал бихӯранд, зиёнаш бартараф мегардад.

Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 9 грамм аст ва агар инро дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 32 грамм дар об андозанд. Ба ҷойи ин низ ҳалилаи кобулиро метавон истифода кард.

  1. Ҳалилаи чиниро, ки ҳамчун даво бисёр заиф аст, баёни хислаташро лозим надонистем.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …