Главная / Ҷамъият / Ҳақ будани рӯзи қиёмат

Ҳақ будани рӯзи қиёмат

Ҳақ будани рӯзи қиёмат

Бидон, эй бародар ва хоҳари азиз, ки рӯзи қиёмат омаданӣ ва вокеь шуданӣ аст ва дар омадани қиёмат ҳеқ шакке нест. Зинда гардонидани халоик ҳақ аст. Ҳар касе омадани қиёматро мункир шавад, кофир гардад. Ин ҳукми Қуръони карим аст.

Имон овардан ба рӯзи қиёмат тасдиқ кардан аст ба дил ва иқрор кардан аст ба забон, мар он чизҳоеро, ки Қурьон ва хадис хабар додааст аз он ҳол. Аз аҳволи қиёмату охират, саволи гӯру азоби қабр, зинда шудани одамиён, хондани номаи аъмол, гузаштан аз Сирот, ҳавзи Кавсар, шафоат кардами пайғамбарон, дӯзаху биҳишт, ҷазову сазо, азобу роҳат, ҷовидон мондани мӯьминон дар биҳишт, ҷовидон будани кофирону мушрикон ва мунофиқон дар дӯзах, халоси ос иён ва берун овардани онҳо аз оташ, даровардани онҳо ба биҳишт, авф кардан аз гуноҳони хурд ва азоб кардан бар гуноҳони бузург ва дидори Ҳақ таъоло, мар мӯъминонро.

Пас аз даромадани ба биҳишт ҳама ҳақ ва рост аст .

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …