Главная / Ҷамъият / Гвардияи миллииҶумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллииҶумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН

Дар бораи Гвардияи миллииҶумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагон  – 9-уми июни соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ  –  8-уми июли соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №7, мод. 457;

с. 2009, №7-8, мод. 494; с. 2011, №12, мод. 836; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1010; Қонуни ҶТ аз 26.07 2014 с., № 1102)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъсисёбӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Моддаи 1. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

nacionalnayagvardiyatadzhikistana123456Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои хизматӣ ва ҳарбиеро иҷро менамояд, ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанг захираи ҳарбии зудамали Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зимни иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дар муҳофизати истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

-волоияти қонун (қонуният);

-садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон ва Президент;

-башардӯстӣ;

-муқаддасии масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, тамомияти арзӣ, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ;

-идоракунии мутамарказ;

-яккасардорӣ;

-риояи интизоми ҳарбӣ;

-нигоҳдории сирри давлатӣ.

Моддаи 4. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

Сохтор ва ҳайати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 5. Ғайриҳизбӣ будани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дигар иттиҳодияҳои (гурӯҳҳои) ҷамъиятии характери сиёсӣ, динӣ ва парастиш дошта, инчунин ташкилотҳои ибтидоии онҳо манъ аст.

 

Моддаи 6. Нишон ва рамзҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Нишон ва Байрақи Ҷангӣ мебошад, ки дар онҳо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи он ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст. Низомномаҳои Нишон ва Байрақи Ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Рамзҳои фарқкунандаи қисмҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва намунаи либоси ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №771)

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мӯҳр мебошад, ки дар он тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст.

 

Моддаи 7. Вазифаҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии зайлро амалӣ менамояд:

– амалӣ намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, техникӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда, инчунин биноҳо, иншоот ва ҳудуди (қитъаҳои замини) ҳамшафати онҳо ва акваторияҳо, ки номгӯи онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; (ҚҶТ аз 5.08.09, № 539)

-дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани муҳофизат ва амнияти ҷойҳои баргузоршавии вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-иҷрои вазифаҳои алоҳида оид ба ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз;

– ҳифзи намунаҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 5.08.09с., № 539)

-тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар чорабиниҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм, тахрибкорӣ мудофиаи гражданӣ ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон,бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва садамаҳо; (ҚҶТ аз 28.12.12с №916)

-мувофиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар маросимҳои қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

-мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартибот ва амнияти ҷаъиятӣ; (ҚҶТ аз 28.12.12с №916)

-иҷрои вазифаҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.

Гвардияи миллӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

-ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, худи шахс, ашёи бо худдоштаи шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда пиёда (савора) медароянд ва аз онҳо пиёда (савора) мебароянд, воситаҳои нақлиёт ва ашёи дар нақлиётбударо, аз ҷумла бо истифдаи воситаҳои техникӣ тафтиш намояд;

-шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва ё дар ҳудуди ё наздикии объектҳои ҳимояшаванда ҷиноят содир кардаанд, боздошт намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;

-шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда ғайриқонунӣ дохил шудаанд ё худ кӯшиши ба онҳо дохил шуданро кардаанд ва ё ба амру дастурҳо ва талаботи қонунии кормандони Гвадияи миллӣ итоат накардаанд, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;

-дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти алоқаи махсусро ба роҳ монад;

-дар ҳолатҳои зарурӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳро истифода барад; (ҚҶТ аз 28.12.12с., №916; 26.07.14с., №1102)

-ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои далватию ғайридавлатӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки амнияти объектҳои ҳимояшавандаро зери хатар мегузоранд, пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмиро ирсол намояд. (ҚҶТ аз 5.08.09, № 539)

Муқаррароти дигар оид ба таъинот, вазифаҳо ва фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.

Ҷалб намудани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳое, ки ба таъиноти хоси он вобастагӣ надоранд, танҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 8. Роҳбарии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад.

Роҳбарии мустақими Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

Мақоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарситоди Гвардияи миллӣ буда, ба он сардори Сарситод- Муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷимкистон роҳбарӣ менамояд. Сардори Сарситоди Гвардияи миллӣ дар набудани Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро иҷро менамояд.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Гвардияи миллии

                     Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондехи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-роҳбарии умумии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;

-вазифаҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад;

бо фармонҳои худ Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, Сардори Сарситод- Муовини аввал, муовинони Фармондеҳ, Муовини аввали Сардори Сарситод, сардорони раёсатҳо, сардори Маркази тайёриикадрҳо, командири отряди алоҳибдаи таъиноти махсус ва командирони бригадаҳои Гвардияи миллиро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)

-рӯйхати вазифаҳоеро, ки дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковникҳо ва генералҳо ишғол менамоянд, тасдиқ мекунад;

-барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани сардорони шӯъбаҳои алоҳида таъиноти махсус, муассисаҳо ва дигар қисмҳоиҳарбие, ки тибқи рӯйхати вазифавӣ ин вазифаҳоро полковникҳо ишғол менамоянд, розигӣ медиҳад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)

-сохтор ва теъдоди умумии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин тағйироти онҳоро муқаррар ва тасдиқ мекунад;

-нақшаи ҷойгиршавӣ ва азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)

-нақшаи таъминоти ақибгоҳ ва сохтмони асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

-бо фармонҳои худ даъвати навбатии шахрвандонро барои адои хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба эҳтиёт рухсат намудани шахсонеро, ки мӯҳлати муайяншудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, эълон менамояд;

-бо пешниҳоди Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи ҳарбии полковник ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад;

-ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ба амал мебарорад.

 

Моддаи 10. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори бевоситаи тамоми ҳайати шахсӣ буда, барои дар ҳолати омодагии доимии ҷангӣ ва тайёрии сафарбарӣ нигоҳ доштани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-роҳбарии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;

-омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг нигоҳ медорад ва бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи олии омодагии ҷангӣ оварда, нақшаҳои истифода ва сафарбарии онро дар амал татбиқ менамояд;

-иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ба зиммаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо таъмин менамояд;

-бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шӯъбаҳо, хадамот, қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва муассисаҳоеро, ки аз рӯи нақшаи вазифавӣ ин вазифаҳоро полковникҳо ишғол менамоянд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

-дар мавридҳои зарурӣ мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори оммав ва аҳли ҷомеаро аз фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф месозад;

-тарбияи ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, халқ ва Президент, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ташкил менамояд;

-афсарони Гвардияи миллиро бо рутбаҳои ҳарбии то подполковник сарфароз мегардонад;

-хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои махсус ва шоиста ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

-афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, мутобиқи рӯйхати вазифавӣ, барои сарфароз намудан бо рутбаи ҳарбии полковник ва рутбаҳои олии ҳарбӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-дар доираи ваколатҳояш фармонҳо, дастурҳо, амрҳо ва фармоишҳо инштишор дода, иҷрои онҳоро ташкил ва назорат мекунад, дастурамалҳо низомномаҳои Сарситод, раёсатҳо, шӯъбаҳо, хадамоту муассисаҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

-дар хусуси ҳаҷми маблағгузории Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо  ва пешниҳод менамояд;

-таъминоти молиявӣ, ҳарбӣ, техникӣ ва ақибгоҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад;

-ба фаъолияти ҳамарӯза ва ҷангии қисмҳои ҳарбӣ дар замони осоишта ва ҷанг, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам, инкишофи заминаи таълимию моддӣ, инчунин фароҳам овардани шароитҳои зарурии иҷтимоию маишии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад; (Қ ҶТ аз 26.12.11с., № 771)

-оид ба такмили сохтор ва теъдоди умумии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маоши онҳо таклифҳо таҳия намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

-штат, табели штатӣ ва шумораи қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

-нақшаҳои омодагии ҷангӣ ва сафарбарии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

-банақшагирии пуррагардонии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват дар вазифаҳои сарбоз ва сержантҳо роҳбарӣ намуда, онҳоро дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат медиҳад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)

-бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои адои хизмати ҳарбии афсарон ва прапоршикҳоро ҳал мекунад;

-бо пешниҳоди сардорони дахлдор ва дар доираи ваколатҳои худ афсарон, прапоршикҳо, сарбоз ва сержантҳо, инчунин кормандони ғайринизомиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

-бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи ҳарбӣ ва дигар амволи ҳарбии корношоям, инчунин ашёҳои арзишнокро аз эътибор соқит менамояд;

-ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда ҳамкориро бо мақомоти дахлдори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбӣ ташкил мекунад;

-иҷрои вазифаҳои дигареро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, таъмин менамояд.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар доираи лимити барои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда теъдоди ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро то 10 фоиз тағйир диҳад.

Муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони бевоситаи тамоми ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои иҷрои вазифаҳое, ки Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузоштааст, масъул мебошанд.

 

Моддаи 11. Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-мақоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

-нақшаҳои асосии ташкили фаъолияти хизматию ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад;

-бо мақомоти дахлдори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбӣ ҳамкорӣ менамояд;

-омодагии сафарбарӣ ва сафкашии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуррагардонии онро бо ҳайати шахсӣ ташкил мекунад;

-дар хусуси муайян намудани шумораи қисмҳои ҳарбӣ, теъдоди штатӣ, ҷойгиршавӣ ва азнавҷойгиркунонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо таҳия намуда, ба Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)

-ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотро дар хусуси таъмингардонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддию техникӣ анҷом медиҳад; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1102)

-нигоҳдории сирри давлатиро таъмин менамояд;

-дигар вазифаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, иҷро мекунад.

 

Моддаи 12. Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомӣ иборат аст.

Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонанд.

Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои рутбаҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва либоси ҳарбии муқарраргардида мебошанд.

Муносибатҳои меҳнатии кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мегардад.

 

Моддаи 13. Хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ифтихорнок буда, баъди рутбаи ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи “гвардия” илова карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки барои гузаштани хизмати ҳарбӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шудаанд, бояд дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз рӯи вазъи саломатӣ, инчунин сифатҳои ахлоқию касбӣ барои хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошанд. Шаҳрвандоне, ки номувофиқатии онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазъи саломатӣ ва сифатҳои ахлоқию касбиашон ҳангоми ба Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон овардани онҳо ошкор шудааст, бо тартиби муқарраргардида ба комиссияҳои марбутаи даъват баргардонида мешаванд.

Интихоби хизматчиёни ҳарбии даъватшуда барои хизмат дар сафҳои Гвардияи миллӣ афзалиятнок буда, он аз тарафи Сарситоди Гвардияи миллӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, Вазорати  мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.08.09с., №539)

Шаҳрвандоне, ки барои хизмати ҳарбӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд, дар хусуси садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савганди ҳарбӣ ёд мекунанд. Ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савганди ҳарбиро дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана ёд мекунанд.

Матни Савганди ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

Шароит,  тартиб ва мӯҳлати адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбии  Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо, тартиби умумии сарфароз гардонидан бо рутбаҳои ҳарбӣ, ба вазифаи дигар гузаштан, аттестатсия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, ҷойивазкунии кадрҳо (ротатсия), аз хизмати ҳарбӣ рухсат кардан ва таъминоти нафақаи онҳо, кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 14. Пуррагардонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ ва

                       маҳалли ҷойгиршавии он

Даъват барои пуррагардонии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо кормандони ғайринизомӣ пурра карда мешавад. Номгӯи вазифаҳое, ки кормандони ғайринизомӣ ишғол менамояд, аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Тайёр намудани кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили ихтисоси онҳо дар муассисаҳо ва академияҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои ҳарбии муасссисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар давлатҳо сурат мегирад. Тайёр намудани прапоршикҳо, сержантҳо ва мутахассисони хурд дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)

Маҳалли ҷойгиршавии қисмдҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иваз кардани он мутобиқи нақшаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян карда мешавад.

Ҷойивазкунии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ҳудуди барои истифодаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардашуда Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи раисони вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои дахлдор ба амал мебарорад.

Ҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)

Моддаи 15. Таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии

                       Тоҷикистон

Биноҳои хизматӣ ва истиқоматии Раёсати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар иншоотҳои қисмҳои ҳарбӣ ва объектҳои таълимӣ, базаи таълимию моддӣ, инчунин амволи табелӣ, воситаҳои алоқа, техникаи ҷангӣ ва дигар техникаи ҳарбӣ, силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва дигар амволи ҳарбие, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои таълимию ҷангӣ дар истифодаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, моликияти давлатӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1102)

Маблағгузории Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор, бо сатри алоҳида нишон дода мешаванд, инчунин аз ҳисоби маблағҳои тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти хоҷагидорӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ воридшаванда сурат мегирад.

Ҷиҳати амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳтар сохтани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро дорад. Фаъолияти мазкур набояд ба омодагии ҷангӣ ва қобилияти ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

Тартиб ва меъёри таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъиноти вазифавии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., № 771)

Санҷиши истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 16. Таъминоти амнияти давлатӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъминоти амнияти давлатиро дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

Моддаи 17. Назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии

                       Тоҷикистон

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеи ӯ амалӣ мегардонанд.

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      «Дар бораи Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 “Дар бораи Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №23-24, моддаи 364; соли 2000, №11, моддаҳои 517, 547) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон         Э.Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 15 июли соли 2004

№ 50

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …