ГӯШ (Auris), узви сомеаи ҳайвоноти мӯҳрадор ва одам. Г.-и одам аз се қисм иборат аст: берунӣ, миёна ва дарунӣ. Г.-и берунӣ аз суфраи гӯш иборат буда, роҳи берунии сомеа аз он ибтидо мегирад. Суфраи гӯш лавҳачаи тағоякиест, ки бо пӯст пӯшида шудааст. Танҳо як қисми хурди суфра – нармии гӯш бе тағояк аст. Роҳи берунии сомеа нисбатан васеъ бошад ҳам, тақрибан дар миёнаҷо хеле танг мешавад ва шакли гарданаро мегирад. Инро ҳангоми аз гӯш баровардани ягон чизи бегона бояд ба назар гирифт. Роҳи берунии сомеа бо пӯст пӯшида шудааст, ки мӯй ва ғадудҳои чарб дорад. Тарашшӯҳи ин ғадудҳоро чирки гӯш меноманд. Он дар ҳар ҳолат (хоҳ моеъ, хоҳ хушки карахшбаста) гӯшро муҳофизат мекунад ва ҳангоми чизеро хоидан ё гап задан худ аз худ ва тадриҷан берун мебарояд. Дар натиҷаи аз ҳад зиёд ҳосил шудани чирк пӯки чирки гӯш ба вуҷуд омада, роҳи сомеаро банд месозад. Девораи пеши роҳи берунии сомеа бо буғуми ҷоғи поён ҳамҳудуд аст. Бинобар он ҳангоми бемориҳои илтиҳобӣ дар аснои кушодани даҳон Г. дард мекунад. Ба роҳи берунии сомеа аз поён ғадуди баногӯш пайваст мешавад.
Баъди роҳи сомеа Г.-и миёна ибтидо меёбад. Девораи берунии он пардаи гӯш буда, вай аз лавҳачаи тунук, аммо мустаҳкам иборат аст. Пас аз пардаи гӯш ҷавф (ковоки)-и нақорача – қисми асосии Г.-и миёна ҷой гирифтааст. Дар даруни он се устухончаи сомеа – болғача, сандонак ва кӯбак воқеанд. Ҷавфи нақора сарбаста нест, он ба тавассути найи сомеа (найи Евстахий) бо ҳалқуму бинӣ васл гардидааст (дар аснои фурӯ бурдани луқма кушода шуда, ҳаворо аз ҳалқуму бинӣ ба гӯши миёна мегузаронад). Девораҳои ковокии нақорача бо майна, рагҳои калон ва асаби рӯй ҳамшафатанд.
Дарунтари Г.-и миёна ташкилаҳои дохилии ҳалазунмонанд (узви сомеа) ва каналҳои нимдоира, ки ду халтача доранд (узви мувозанат), ҷой гирифтаанд; ин узвҳо дар устухони ғафси аҳромшакл (як қисми устухони чакка) воқеанд. Дар ҳалзун ҳуҷайраҳои ҳассоси сомеа мавҷуданд. Суфраи гӯш, роҳи берунии сомеа, пардаи гӯш ва устухончаҳои сомеа лаппишҳои садоро то ин ҳуҷайраҳо расонда, онҳоро меангезанд. Сипас ангезаи садо тавассути асаби сомеа, ки аз шохаҳои ҳуҷайраҳои ҳассоси шунавоӣ таркиб ёфтааст, ба қишри майнаи сар меравад ва дар он ҷо таҳлили олии овозҳо – эҳсоси садо ба амал меояд. Бояд қайд кард, ки Г.-и одам фақат садоҳоеро дарк мекунад, ки диапазони онҳо аз 16 то 20000 лаппиш дар як сония аст, ҳарчанд дар баъзе мавридҳо метавонад ултрасадоро низ дарк намояд (ниг. Сомеа).
Яке аз аломатҳои баъзе амрози гӯш ихтилоли сомеа мебошад. Аз ин рӯ барои муайян намудани онҳо муоинаи сомеа хеле муҳим аст. Дар аснои муоина нафақат қувваи сомеа ва дараҷаи заъфи қобилияти шунавоӣ, балки ҷои осебдидаро низ муайян метавон кард. Сомеа бо усулҳои гуногун, бештар бо ёрии пичирросзанон ё ба забони гуфтугуӣ гап задан, инчунин бо ёрии камертон муоина карда мешавад. Камертон асбобест, ки овози софу тоза (бо миқдори муайяни лаппишҳо дар ҳар сония) хориҷ мекунад. Бо ёрии асбоби махсус – аудиометрия кори узви сомеаро боз ҳам аниқтар муайян кардан мумкин аст.
Аз амрози илтиҳобии гӯш махсусан отит бештар рӯх медиҳад. Отит вобаста ба қисми осебёфтаи гӯш берунӣ, миёна ва дарунӣ мешавад. Газаки гӯши бемороне, ки ба муолиҷа саривақт шурӯъ карда, таъиноти духтурро пурра иҷро менамоянд, аксаран шифо меёбад. Ба инобат нагирифтани таъиноти духтур ё худтабобат боиси инкишофи шаклҳои музмини беморӣ, дар баъзе ҳолатҳо бошад, боиси чунин ориза вазнин, монанди сарсом (газаки пардаи майнаи сар), уфунат (аз микробҳо сироят ёфтани хун), пайдоиши думбалҳо дар бофтаҳои майна мегардад.
Сари вақт муолиҷа накардани газаки гӯши миёна, гӯши дарунӣ, асаби сомеа, инчунин отосклероз ба заъфи қобилияти шунавоӣ ё карӣ оварда мерасонад. Аксаран бемориҳои сироятӣ (грипп, сарсом, сурхча, ханозир), инчунин истеъмоли худсаронаи антибиотикҳо (асосан ҳангоми худмуолиҷа), кор дар ҷои сермағал ва истифода набурдани василаҳои ҳифзи саломатӣ сабаби гӯшвазнинӣ ва карӣ мешаванд. Бояд дар хотир дошт, ки гӯшвазнинӣ метавонад тадриҷан ба вуҷуд ояд ва дер гоҳ номаълум монад. Ин махсусан дар синни кӯдакӣ хавфнок аст. Волидайн бояд ба он аҳамият диҳанд, ки кӯдак чӣ хел мешунавад ва дар сурати паст будани қобилияти шунавоии ӯ дарҳол ба духтур муроҷиат кунанд. Шунидани садоро ҳатто дар ширхораҳо мушоҳида кардан мумкин аст: кӯдак сарашро бо тарафи овоз мегардонад. Бо вуҷуди ин муоинаи сомеаи кӯдак душвор буда, он дар муассисаҳои махсус гузаронда мешавад.
Бисёр вақт ба Г. (махсусан ба Г.-и кӯдакон) ҷисмҳои бегона (саққоча, тугма ва ғ.) ва ҳашароти майда медароянд (ниг. Ҷисмҳои бегона). Бо кӯшиши худ аз гӯш дур кардани ҳашарот хавфнок аст. Пеш аз баровардан, онҳоро аввал бояд кушт. Барои ин ба сӯрохи гӯш чанд қатра равған (вазелин, равғани зайтун) ё спирти борат мечаконанд. Ҷисми бегонаро аз Г. бояд фақат духтур гирад. Чунки ҳангоми баровардан, аз бетаҷрибагӣ онро ба дарунтари гӯш тела метавон дод, ки дар натиҷа берун оварданаш хеле душвор мегардад.
Аз ҳодисаҳои осебёбии гӯш махсусан сармо задани суфраи он бисёр вомехӯрад.
Нармии гӯшро фақат дар кабинетҳои косметикӣ сӯрох кардан лозим аст, худсарона ба ин кор даст задан метавонад боиси сирояти микробҳо ва илтиҳоби суфраи гӯш гардад.
Барои пешгирии амрози Г. ва эмин доштани сомеа нафасгирии мӯътадил бо бинӣ аҳамияти калон дорад. Ба ин муносибат муолиҷа намудани аденоид, полип, гайморит, бартараф кардани каҷии девораи бинӣ ва ғ. (алалхусус дар айёми хурдсолӣ) зарур аст. Ҳатто чунин бемории муқаррарӣ, монанди зукоми шадид, метавонад дар натиҷаи баланд шудани фишори ҳаво дар даруни бинӣ ва ба гӯши миёна даромадани луоби бинӣ (ҳангоми афшондани бинӣ) боиси гӯшвазнинӣ шавад. Бинобар он ҳар ду нимаи биниро баробар афшондан мумкин нест (аввал як парра ва баъд парраи дигари биниро бо ангушт ба девораи миёна пахш карда меафшонанд).
КЛ
Гӯш. Узви даҳлезиву ҳалзунӣ. 1 – суфраи гӯш; 2 – роҳи беруни сомеа (шунавоӣ); 3 – пардаи гӯш (нақорапарда); 4 – ҷавфи пардаи гӯш; 5 – болғача; 6 – сандон; 7 – рикобча; 8 – даҳлез; 9 – ҳалзун; 10 – асаби даҳлезиву ҳалзунӣ; 11 – найи сомеа (шунавоӣ).
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …