Главная / Илм / ГУРЗА

ГУРЗА

gurzaГУРЗА (Vipera lebetina), як навъ мори заҳрнок. Дарозиаш то 1,7 м, ғафсу кӯтоҳдум. Хокистарранг ё қаҳваранги сурхтоб; дар ду паҳлӯи тахтапушташ холҳои сиёҳ мавҷуданд. Сараш калони секунҷа. Ҷоғи болояш дандонҳои калон дорад. Дар Африкаи Шимолӣ, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Закавказия (ғайр аз Абхозистон) ва ҷануби ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ паҳн шудааст.
Дар Тоҷикистон V. 1. turanica дар ҳамворию доманакӯҳ, кӯҳҳо, ғорҳо (дар баландии то 2400 м аз с. б.), соҳили дарё ва наистонҳо вомехӯрад. Парранда ва калтакалосҳоро мехӯрад. Заҳри Г. кушанда аст, онро дар тиб кор мефармоянд. Аз заҳри Г. марҳами «Випросал» (Unguentum «Viprosalum») таҳия месозанд, ки давои пуртаъсир аст. Онро ба пӯст рӯзе 1 – 2 маротиба 5 – 10 гиромӣ мемоланд. Дар саночакҳо (15; 25; 40 ва 50 г) истеҳсол карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …