Главная / Биология / Гург – дарандаи гӯштхӯри Тоҷикистон

Гург – дарандаи гӯштхӯри Тоҷикистон

Қатори ширхӯрҳои дарранда намояндагони ширмаки гӯштхӯр мебошанд. Аксарияти онҳо тӯъмаро дошта мехӯранд ва баъзеашон лошахӯр буда, ҳайвонҳои мурдаю боқимондаҳои онҳоро истеъмол мекунанд. Як гурӯҳи онҳо кисмҳои растаниро ҳам мехӯранд. Масалан, хирси сиёҳ, хирси малла, қашқалдоқ нисбат ба гурба, шер, паланг, юзи слёҳ зиёдтар растанихӯр мебошанд.

gurg

Даррандаҳои ширхӯр дар тамоми кураи замин васеъ паҳн шудаанд. Яроқи асосии онҳо дандонҳои тези бурранлаю ханҷол- кашанда ва чанголҳои тез, инчунин чолокию бадкаҳрии онҳо мебошад.

Ҳамаи даррандаҳо соле як бор (аз l to 18) насл мегузоранд. Қатори ширхӯрҳон дарранда ба оилаҳои зерин тақсим мешавад: саппаклҳо (caг, гург, рӯбоҳ), гурбашаклон (шер, паланг, силовсин, гурба), савсоршаклон (савсор, миримушои, норка, самур), хирсҳо (хирси малла, хирси сафед, хирси сиёҳ) ва ғайраҳо.

Гург ҳаррӯз барои хӯрок масофаи зиёдеро тай намуда,  бо дидани сайд тез медавад. Модагург дар чиллаи зимистони Тоҷикистон бордор шуда, баҳорон то 12 насл медиҳад, ки ба caгбачаҳо монанд аст.

Баъд аз як моҳи ширдиҳӣ падару модари гургбачаҳо сайдро ба пешн бачаҳояшон оварда, онҳоро ба гӯггхӯрй одат мекунонанд. Гургҳо дар тирамоҳу зимистон бо тамоми оилаашон (аз 7 то 12 cap) барои ҷустуҷӯи хӯрок кӯчманчигӣ мекунанд. Дар ноҳияҳои чорводори Тоҷикистон ба шикори гург тамоми сол рухсат дода шудааст. Онҳоро бо роҳи парондан, қабқон мондан ва дар роҳи гузарашон хӯроки заҳрнок гузоиштан… нобуд мекунанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …