ҒӯРАОБ, навъе аз ғизо. Ангури ғӯраро майда карда, обашро аз дока ё элак гузаронда, намак мепошанд. Сипас онро дар ягон зарфи сирдор то таҳшин шуданаш як шаборӯз нигоҳ медоранд. Барои майда кардани ғужби ангур аз гӯштқимакунак истифода бурдан мумкин аст. Дар ин маврид теғи онро гирифта мемонанд. Баъди таҳшин шудани Ғ. онро ба шишаҳо андохта, даҳонашро бо сурғуҷ маҳкам мекунанд ва дар офтобрӯя мегузоранд. Пас аз 2 – 4 моҳ Ғ. тайёр мешавад. Ба 1 л. Ғ. 2 чумча намак ҳамроҳ кардан лозим аст. Ғ.-ро бо таомҳои дуюм мехӯранд. Ғизои иштиҳоовар мебошад. Ниг. низ Ангурғӯра.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …