Главная / Биология / Гуногунии моҳиён

Гуногунии моҳиён

Моҳиёни тағоякдор тақрибан 340-360 млн сол пеш пайдо шудаанд. Онҳоро барои он тағоякӣ меномем, ки скелеташон аз устухон не, балки аз бофтаҳои тағоякӣ иборат аст. Моҳиёни тағоякдор дар баҳр зиндагӣ мекунанд. Дар хар як тарафи ғалсама 5-7 таркяши ғалсамагӣ доранд. Онҳо пуффаки шиноварӣ надоранд. Узви ҳаракати онҳо бол мебошад. Ба моҳиёни тағоякӣ наҳангҳо, скат, химера (сагмоҳӣ) дохил мешаванд.

8853a66cМоҳиёни тағоякдору устухонӣ. Ба ин қабил моҳиён осетра мисол шуда метавонад, ки устухонбандии тағоякӣ дошта, баъзе аз онҳо устухон ҳам доранд. Дар сутунмӯҳраи онҳо тамоми умр хорда боқӣ мемонад. Онҳо пуффаки шиноварӣ ва сарпӯшаки ғалсамагӣ дошта, аз моҳиёни тағоякӣ дертар ба амал омадаанд. Моҳии белуга низ ба осетра монанд аст. Бадани онҳо ба ҷойи рӯйпӯши пулакчагӣ 5 қатор тугмачаҳои устухонӣ доранд. Осетр, стерляд, севрюга ва дигар моҳиёни ин гурӯҳ кирму моллюск ва дигар хайвонҳон бемӯҳраро аз лойқаи қаъри об бо мӯйлабҳояшон ёфта мехӯранд. Онҳо якчанд моҳ дар баҳри Азов, Сиёх, Каспий зиндагӣ карда, барои тухмгузорӣ ба дарё мераванд. Белугаи Шарки Дур, ки дар дарёи Амур вомехӯрад, то 100 сол умр дида, то 1000 кг вазн пайдо мекунад. Насли модинааш дар як сол аз 500 то 4500 ҳазор тухм мегузорад.

Моҳиёни панҷабол. Моҳиёни панҷабол қадим буда, Намудҳои он то ҳол боқӣ мондаанд. Як намуди он латимерия ном дошта ҳоло дар уқёнуси Ҳинд, дар самти ҷанубии Африка вомехӯрад. Дарозиаш то 1,5 м аст. Болҳои шиноварии қафаси сина мисли пойи пеши мӯҳрадорони хушкигард панҷа доранд. Аввалин мӯҳрадорони хушкигард аз онҳо пайдо шудаанд.

Моҳиённ дубаҳра. Дар Африка, Австралия ва Америкаи Ҷанубӣ як гурӯҳи моҳиён дар обҳои ширин зиндагӣ мскунанд, ки онҳоро дубаҳра меноманд. Барои он ин моҳиҳоро дубаҳра номидаанд, ки пуффаки шиноварии онҳо ба ҷойи шуш хизмат мекунад. Дар об мисли ҳамаи дигар моҳиҳо нафас мегиранд, вале ҳангоми тамом шудани оби обанборхо ба даруни лойқа даромада, дар ҳолати беобӣ то 2 моҳ мехобанд. Аз атмосфера нафас мегиранд. Устухон- бандашон аксаран тағоякӣ буда, устухонҳои алоҳида низ доранд. Яке аз онҳо пулакчамоҳии африкоӣ мебошад. Дарозии он то 2 м мешавад. Боли тахтапушташ вазифаи шино кардан ва боли синаю шикамаш вазифаи дар хушкӣ чун пой ҳаракат карданро адо мекунанд. Вай дандон дорад, хӯрокро мегазад, дарранда аст. Як намуди дигари моҳии дубаҳра сиратода мебошад. Мувофиқи назарияи академик Н.А. Северсов мӯҳрадорони хушкигард аз моҳиёни дубаҳра пайдо шудаанд. Дили дубаҳраҳо қариб сехонагӣ аст. Моҳиҳои дубаҳра аҳамияти филогенетикӣ – хешигарӣ доранд.

Моҳиҳои устухонӣ. Дар ин гурӯҳи калони моҳиҳо аз тағояк ба устухон табдил шудани устухонбандро мебинем. Онҳо такрибан 180 млн. сол пеш пайдо шудаанд. Моҳиҳои устухонаш нағз инкишоф ёфта, намояндаҳояш даррандаю ором мешаванд. Онҳо бо роҳи тухмгузорӣ афзоиш мекунанд. Дар мобайни 5-7 рӯз аз тухмакҳо моҳичаҳо баромада, 2-3 рӯз пас болҳои шиноварӣ пайдо мекунанд. Онҳо суст ҳаракат карда, ҷонварҳои аз худ хурдро мехӯранд. Мохиҳои устухонӣ дар оби баҳру дарё ва кӯлу ҳавзҳо зиндагӣ мекунанд. Ба моҳиёни устухонӣ шӯрмоҳй, симМоҳӣ, плотва, капур, карас, уллейка, лаққаМоҳӣ, треска, налим, окун, судак, срш ва ғайра дохил мешаванд, ки аҳамияти калон доранд.

Як хел набудани шароити зиндагӣ ва хӯрок ба сохти бадани моҳиён таъсир кардааст, бинобар ин бадани онҳо хархела аст. Агар ба тарзи зиндагӣ ва сохти бадани онҳо шинос шавем, ба осонӣ ба ин боварӣ ҳосил мекунем.

Масалан, шӯрмоҳии борик бадану сари калони нӯлборик дорад. Зағорамоҳӣ бошад, танааш кӯтоҳи ғафсу хурдхаҷм мешавад. Даҳони шӯртан калон буда, дандонҳои тези ба дарунҳамида дорад. Аммо даҳони зағорамоҳӣ хурди бедапдон мебошад. Ҳарчанд ин моҳиҳо дар як дарё знндагӣ мекунанд, вале аз ҳам фарқ доранд. Сабаб он аст, ки хӯрокашон якхела нест. Шӯртан дарранда аст ва моҳичаҳоро мехӯрад. Даҳонашро васеъ кушода, ба тӯъмааш тирвор ҳамла мекунад. Ҳатто мурғобичаю мушҳои обиро низ мехӯрад. Ранги шӯртан дар ҷойи истодааш (байни пагтаҳои обй) сабз аст.

Зағорамоҳй бошад ҳашарот, кирмак ва моллюску растаниҳои обиро истеъмол мекунад. Вай бо як ҷуфт мӯйлаби кӯтоҳаш, ки дар лаби боло дорад, хӯрокашро аз байни лойка ёфта мехӯрад.

Савол ва супоришҳо:

  1. Дар бораи моҳиҳои тағоякдор, тағояку устухондор, панҷабол, дубаҳра, моҳивни пурра устухондор маълумот диҳед.
  2. Намуди моҳиҳоро бв гурӯҳҳо твқсим карда, дар нақша иишон дbҳед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …