Главная / Биология / Гуногунии растаниҳои гулдор ва таснифоти онҳо

Гуногунии растаниҳои гулдор ва таснифоти онҳо

Дар Олами наботот шӯъбаи растаниҳои пӯшидатухм аз ҳама сернамояндатар буда, тақрибан 250 ҳазор хели растаниҳоро дарбар мегирад. Чи тавре ки аз дарсҳои гузашта ба шумо маълум гардид, шӯъба дар навбати худ ба синф, тартиб, оила тақсим мешавад. Шӯъбаи растаниҳои пӯшидатухм (ё гулдор) ба ду синф – ду- палла ва якпалла тақсим мешавад. Ба растаниҳои дупалла аксари дарахтону буттаҳо ва аз растаниҳои алафӣ — офтобпараст, мушунг, лӯбиё, тарбуз, каду, помидор, картошка ва ғайраҳо мансубанд. Ба растаниҳои якпалла занбақ, пиёз, гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ, нахл (палма) ва ғайраҳо дохил мешаванд. Аз рӯи сершуморӣ ва гуногунхелиашон растаниҳои дупалла нисбат ба растаниҳои якпалла тақрибан чор маротиба зиёдтаранд.

Растаниҳое, ки мансуби ин ё он синфанд аз якдигарашон бо чандин аломатҳо ва хосиятҳои хосашон фарқ мекунанд. Ҷанини рас- таниҳои дупалла ду тухмпалла дорад (номи синф низ аз чунин хусусияти онҳо бармеояд). Дар ҷанини растаниҳои якпалла бошад, фақат як тухмпалла мавҷуд аст. Растаниҳои дупалла решаи асосии нағз инкишофёфта доранд, ки аз решачаи ҷанин пайдо шудааст. Сохти (системаи) решагиашон тирреша мебошад. Дар растаниҳои якпалла бошад, системаи решагӣ патакреша мебошад (гандум, пиёз ва ғайраҳо).

Канори барги растаниҳои якпалла яклухт буда, рагбандии бар- гашон камоншакл (дар зуфи обӣ) ё мутавозӣ (дар ҷуворимакка) ме- бошад. Канори барги растаниҳои дупалла гуногун буда, рагбан- дии баргашон паршакл ё панҷашакл аст. Онҳо, инчунин, аз рӯи сохти поя ва гулашон аз якдигар фарқ мекунанд. Аз ин ҷиҳат аниқ кардани миқдори ҷузъҳои гул дар растаниҳои якпалла ва дупалла хеле муҳим аст.

Гули растаниҳои якпалла чун қоида сеаъзогианд. Яъне, шумораи кисмҳои гул дар як давра ба таври каратӣ — сетогӣ аст (3 косабарг, 3 гулбарг, 6 гардбарг), дар дупаллагиҳо дар аксари ҳолатҳо гул чор ё панҷаъзогӣ мебошад.

Тавассути як аломат растаниҳои пӯшидатухмро ба синфи якпалла ё дупалла ҷудо кардан басо мушкил буда, барои муайян намудани растании гулдор ва ба кадом синф тааллуқ доштани он донис- тани аксари аломатҳои муҳими он ҳатман зарур аст. Чунончи, системаи решаи растании чинорак ва шаҳтути заминӣ патакреша бошад ҳам, ин растаниҳо аз рӯи дигар аломатҳояшон ба дупаллагиҳо тааллуқ доранд. Растании чашми зоғ, ки дар ҷангалзорҳои минтақаи мӯътадил нашъунамо дорад, ба 8 гулбарг доштанаш нигоҳ накарда, ба растании якпаллагиҳо мансуб аст.

Оилаи растаниҳои гулдор. Дар асоси маҷмӯи аломатҳо, ки муҳимтаринашон сохти гул ва мева мебошад, ба кадом оила та- аллуқ доштани растаниҳои гулдорро муайян мекунанд. Гуногунхе- лии растаниҳои гулдорро ба назар гирифта, набототшиносон он- ҳоро ба 390 оила чудо кардаанд. Дар байни онҳо оилаҳое ҳастанд, ки як ё якчанд хел доранд, ё оилаҳои дигаре мавҷуданд, ки ҳазорҳо хелро дарбар гирифтаанд. Масалан, оилаи мураккабгулон, ки ба синфи дупаллагиҳо тааллуқ дорад, яке аз оилаҳои калонтарин ба ҳисоб рафта, тақрибан 25 ҳазор хелро дарбар мегирад. Аз синфи якпаллагиҳо оилаи саҳлабиҳо (орхидея) мисол шуда метавонад, ки аз рӯи сершумории хелҳояш ба оилаи мураккабгулон хеле наздик аст.

Дар мамлакати мо на хамаи намояндагони 390 оила вомехӯранд. Чунончи, дарахти нахл (палма) дар ҳолати худрӯй фақат дар мам- лакатҳои гарми тропикӣ, гули ханҷарӣ (агава) дар қитъаи Америка (хусусан дар Мексика) мерӯяд. Намояндагони аксари дигар оипаҳо аз ҳама бештар дар мамлакатҳои иқлимашон мӯътадил вомехӯранд. Масалан, оилаи чилликгулҳо, чиноракҳо дар чунин шароит васеъ паҳн шудаанд. Оилаи лӯбиёиҳо, мураккабгулон ва хӯшадорҳо қариб дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон вомехӯранд.

Дар чорчӯбаи барномаи таълимӣ мо имкон надорем, ки ба намо- яндагони ҳамаи оилаҳои мавҷудбуда шинос шавем. Бинобар он, дар фаслҳои ояндаи китоби дарсӣ бештар ба он намояндагони растаниҳои якпалла ва дупаллае, ки дар ҷумҳуриамон васеъ паҳн шудаанд ва дорои аҳамияти илмӣ — амалӣ мебошанд, диққати ҷиддӣ дода мешавад.

  1. Растаниҳои якпалла аз дупалла аз рӯи кадом аломатҳояшон фарқ мекунанд?
  2. Растаниҳои гулдор чӣ қадар оилаҳоро дарбар мегиранд?
  3. Оё аз рӯи як ё ду аломат тасниф кардани растаниҳои гулдор мумкин аст?
  4. Барои аниқ муайян кардани оилаи растаниҳо кадом узвҳои растанӣ бештар муҳим аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …