Главная / Илм / ГУНДИШОПУР

ГУНДИШОПУР

akademiyaГУНДИШОПУР (муаррабаш Ҷундишобур; маънои лафзияш «шаҳри Шопур беҳтар аз Антокия»), шаҳрест, ки Шопури аввал (241 – 271) ба дасти асирони румӣ дар минтақаи Хузистон дар шим. ғарби Шуштари ҳозира бино карда буд. Г. маркази илму дониш ва донишмандону табибон маҳсуб мешуд. Дар он ҷо китобҳои юнониро ба забони паҳлавӣ тарҷима ва нигоҳдорӣ мекарданд. Дар шаҳр бемористон ва донишгоҳе низ сохта шуд, ки то а. 3 ҳиҷрӣ фаъолият дошт (ниг. Академияи Гундишопур). Г. махсусан дар замони Анушервон (531 – 579) равнақи бештар ёфта, ба маҳалли таълими тибби юнонӣ ва омезиши он бо тибби эронию ҳиндӣ табдил ёфт. Дар он ҷо донишмандони сурёнизабони эронӣ ва уламои ҳиндиву зардуштӣ машғули кор буданд. Онҳо асосан ба тиб таваҷҷӯҳ зоҳир карда, бемористони Г.-ро дар охирҳои аҳди сосонӣ ба баландтарин марҳилаи пешрафту шӯҳрати худ расонданд. Дар ин мадраса аз таҷрибаҳои қавмҳои мухталиф – тибби эрониён, ҳиндувон, юнониён, искандарониён, уламои сурёнизабон истифода мешуд. Дар бемористони Г. иддае аз табибони ҳиндӣ мезистанд, ки ба омӯхтани тибби ҳиндӣ машғул буданд. Онҳо чанд китоб аз осори тибби ҳиндиро ба забони паҳлавӣ тарҷима карданд, ки минбаъд ба забони арабӣ баргардонда шуд ва мавриди истифодаи табибон ва донишмандони исломӣ қарор гирифт. Мадраса ва бемористони Г. дар аҳди хулафои аббосӣ низ чанд муддат фаъолият дошт, вале дар а. 3 ҳиҷрӣ мақоми собиқи худро тадриҷан аз даст дод.
Ад.: Забеҳуллоҳ Сафо, «Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ», ҷ. 1, Теҳрон, 1331 ҳ. ш.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …