Главная / Илм / ГУЛОБ

ГУЛОБ

gulobГУЛОБ (арабҳо мо-ул-вард гӯянд), обест мусаффо ва шаффоф, ки аз гулҳои садбарги хушбӯи ҷойдорӣ (гули сурх, оташӣ, гулобӣ ва ғ.) бо роҳи тақтир ҳосил мекунанд. Бештар аз он шарбатеро тайёр карда менӯшанд, ки қандугулоб ном дорад. Г. дар Эрон, Покистон, Бангладеш, қисман дар Ҳиндустон, баъзе мамлакатҳои араб ва дар аксар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ аз замонҳои хеле қадим (ҳазорсолаи якуми то м.) маъмул аст. Муаллифони китобҳои тибби қадим Г.-ро тавсиф карда, аз манфиат ва ҳикмати он сухан рондаанд. Мас., дар «Эҳёу-т-тибби Субҳонӣ» чунин гуфта мешавад: «Накутарини он тез ва хушбӯй бувад; муқаввии димоғ ва мусаккини судоъ бошад; тақвияти дил ва меъда кунад, лисаро (вораро) сахт гардонад, дарди чашм сокин созад. Хӯрдани он бемориҳои нафсуддам, хафақони гарм ва ғаширо нофеъ бувад, чун бар сар резанд, хуморро сокин кунад, ба мӯй бисёр моланд, сафед гардонад».
Г.-ро ҳамчунин дар маҳсулоти қаннодӣ ба кор мебаранд. Мас., ба нишолло, мураббои сабзӣ, лавз ва ғ. меандозанд, ки хеле хушбӯй мекунад. Тарзи тайёр намудани Г. чунин аст: субҳидам, пеш аз баромадани офтоб, гулҳои навшукуфтаи садбарги хушбӯи ҷойдориро чида, як шабонарӯз дар соя мегузоранд, пас баргҳоро ҷудо карда мегиранд. Обро дар деги махсуси гулобкашӣ, ки анбиқ ном дорад, ҷӯшонда, барги гулҳоро ба он меандозанд, 2 – 3 дақиқа меҷӯшонанд. Агар сатҳи об аз гулҳо паст бошад, боз қадре об меандозанд, то ки баргҳо пӯшида гарданд. Баъд аз он сарпӯши анбиқро гузошта, давро-даври онро бо хамир маҳкам мекунанд ва дар оташи паст 1,5 – 2 соат меҷӯшонанд. Аз мили анбиқ қатраҳои Г. меояд, ки дар зарфҳо андохта даҳонашро сахт мебанданд, то ки ҳаво надарояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …