Главная / Илм / ГУЛМИЖА

ГУЛМИЖА

hordeolumГУЛМИЖА (Hordeolum), газаки шадид ва римноки ғадуди чарби пилки чашм. Г. дар натиҷаи ба халтачаи мижжа ё ғадуди чарб роҳ ёфтани микробҳои фасодовар пайдо мешавад. Дар ибтидои беморӣ канори пилк каме варам мекунад, сурхию обварами пӯст ва луобпардаи пилк пайдо мешавад. Баъди 3 – 4 рӯз дар нӯги ҷои варамида римхона ба вуҷуд меояд; дар сурати кафондан, аз он чиркоб мебарояд. Дар мавриди баромадани Г. пилк ва сар дард мекунад, баъзан ҳарорати бадан баланд мешавад. Бисёр вақт Г. бо блефарит ҳамроҳ мегардад. Риоя накардан ба қоидаҳои беҳдошт, яъне бо даст ё рӯймолчаю сачоқи ифлос пок кардани чашм, боиси пайдоиши Г. мегардад. Баъзан баромадани Г. ба суст шудани қувваи муҳофизии организм (мас., ҳангоми диабети қандӣ Г. зуд-зуд мебарояд) вобаста аст.
Баробари баромадани Г. ба духтур муроҷиат бояд кард. Маддаи Г.-ро фишурда баровардан хатарнок аст, чунки дар ин сурат сироят тавассути рагҳои хун паҳн шуда, боиси оризаҳои ногувор – сарсом ва уфунат мегардад.
Барои пешгирии Г. бояд қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддан риоя карда шаванд. Ҳангоми кор дар ҳавои чангу ғубордор айнаки муҳофиз пӯшидан лозим. Сари вақт табобат кардани бемориҳо ва обутоб додани организм ба пешгирии Г. мусоидат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …