Главная / Илм / ГУЛКАРАМ

ГУЛКАРАМ

gulkaramГУЛКАРАМ (Brassica cauliflora), сабзавотест яксола; ба сифати хӯрокворӣ истифода мешавад. Пояаш ғафс; 15 – 20 барги дарозрӯяи нештаршакл ё нисбатан паҳни тухмшакл дорад. Гултӯдааш сабзи баста, баъзан ҷилодор. Баргҳои поёниаш думчаи кӯтоҳ дошта, ба бехи поя часпидаанд. То чуқурии 60, баъзан 100 – 120 см реша (тирреша) меронад. Решаҳои паҳлӯияш то 50 – 60 см паҳн мешаванд. Баъди пурра шакл гирифтан, тӯдагулаш 5 – 6 навда меронад; навдаҳо зуд сабз шуда, шоха мебароранд, гул карда, ҳосил мебанданд. Тухми Г. майдаи ҷигарӣ буда, қобилияти сабзишашро 3 – 4 сол нигоҳ медорад.
Сараки Г. маҳсулоти хуби хӯрокист. Дар натиҷаи дуруст парвариш кардан, то 1,5 – 2 кг (баъзан бештар) мешавад. Г. сабзавоти парҳезист. Онро ҷӯшонда, бирён карда ва дам дода истеъмол мекунанд. Нисбат ба диг. анвои карам зудҳазм аст ва луобпардаи меъдаро намеангезад. Г. хоса дар мавриди бемориҳои роҳи меъдаю рӯдаҳо ва чун ғизои атфол нафъовар мебошад. Ҳангоми суст будани тарашшӯҳоти меъда истеъмоли таомҳои обҷӯше, ки аз Г. таҳия шудаанд, аҳамияти калон дорад. Онро дар аснои захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳа, бемориҳои ҷигар ва талхадон низ тавсия медиҳанд (истеъмоли каллакарам ҷоиз нест). Барои одамони гирифтори ниқрис (подагра) зиён дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …