Главная / Илм / ГУЛҚАНД

ГУЛҚАНД

gulkandГУЛҚАНД, гулангубин, гулшакар, ҷуланҷубин, доруест ширин ва гуворо. Дар тибби Шарқ машҳур аст. Аз барги гули садбарги тару тозаи муаттари ҷойдорӣ тайёр мекунанд. Ду навъ мешавад: шакарӣ (сакарӣ) ва ангубинӣ. Қуввати ангубинии он то чаҳор сол ва шакарии он то ду сол боқист. Тарзи тайёр кардани Г. чунин аст: гулҳои навшукуфтаи садбарги ҷойдориро пеш аз тулӯи офтоб чида, аз сархона ва тухм пок карда, дар зарфе мекӯбанд (ё аз гӯштқимакунак мегузаронанд), ба андозаи сечанд, ниҳоят чорчанди вазни он шакар омехта, ба хубӣ дарҳам мезананд, даҳони зарфро пӯшида чил рӯз дар офтоб мегузоранд. Баъзан барои хуштаъм шудани Г. ба он 4 – 5 барг заъфарон ҳам илова мекунанд. Табибони Шарқ Г.-ро муқаввии меъда ва димоғ, муҷаффифи рутубат, ҳамчунин барои баъзе амрози гурда, сулфа, камқувватӣ, ибтидои дарди мафосил нофеъ медонанд. Г.-ро дар таркиби дигар давоҷот низ истифода мекарданд. Мас., бо челон, тухми карафс ва ғ. ҷӯшонда медоданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …