Главная / Илм / ГУЛАФШОН

ГУЛАФШОН

trombotsitopenicheskaya-purpuraГУЛАФШОН (Purpura thrombocytopenica), пурпура, беморӣ; мансуби диатезҳои хунрез аст. Г. бинобар дар хун кам шудани миқдори тромбоситҳо ва ихтилоли лахтабандии он ба вуҷуд меояд. Г. бемории мустақил низ мебошад (бемории Верлгоф); ҷараёни он музмин буда, бештар дар занҳо ба мушоҳида мерасад. Ба пайдоиши маризӣ нисбати тромбоситҳо ҳосил шудани подтан, дар сипурз таҷзия гаштани онҳо, тағйир ёфтани девораи рагҳо (бинобар нест шудани қабати тромбоситҳо) мусоидат мекунанд. Ҳангоми Г.-и доруӣ, ки баъзан дар аснои истифодаи аналгетикҳо, сулфаниламидҳо ва хинин ба вуҷуд меояд, тромбоситҳо андаруни рагҳо таҷзия мегарданд (дар натиҷаи ҳосил шудани подтан нисбати маҷмаи «дору – тромбосит»). Г.-и алоимӣ дар мавриди домана, эндокардит, спленомегалия, лейкоз ва ғ. рух менамояд.
Аломати асосии Г. хунрезиҳо дар пӯст ва луобпардаҳо аст. Г.-ро бо кортикостероидҳо ва доруҳои хунбанд муолиҷа мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …