ГЛИКОГЕН (аз юн. glykys – ширин ва gennao – ҳосил кардан; номи пештарааш – крахмали ҳайвонот), полисахарид; массаи мол. 107 – 109; молекулааш аз боқимондаи глюкоза иборат аст. Г.-ро с. 1857 К. Бернар дар ҷигар кашф намудааст. Г. дар организм бо ду роҳ таҷзия мешавад: 1) дар раванди ҳозима зери таъсири амилазаҳо гидролиз шуда, аввал декстринҳо, сипас малтоза ва глюкоза ҳосил мекунад; 2) дар дохили ҳуҷайраи бофтаҳо зери таъсири фосфорилазаҳо ба глюкоза ва глюкоза-1-фосфат табдил меёбад.
Г. дар ҳама узву бофтаҳо вуҷуд дорад; миқдори он хусусан дар ҷигар бисёр аст. Г. аз 3 то 6%-и массаи умумии бофтаҳои организмро ташкил медиҳад. Дар мушакҳо миқдори он 0,3 – 3% аст. Г.-и ҷигар манбаи асосии глюкозаи организм ба шумор муравад. Вазифаи асосии Г.-и мушакҳо бо энергия таъмин намудани онҳо аст; дар натиҷаи таҷзияи Г. дар мушакҳо (гликогенолиз) кислотаи шир ҳосил мешавад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …