Главная / Илм / ҒИЖМАЛОС

ҒИЖМАЛОС

gijmalosҒИЖМАЛОС, (Heliotropium ellipticum), алафи ҳазар як навъ гиёҳи худрӯи яксола. Пояаш рост (10 – 60 см қад мекашад), сершоха. Баргаш байзашакл ё гирда. Гулаш майда, сафед (моҳҳои май – июл мешукуфад). «Чормағзак»-аш байзашакл (дарозиаш 1,7 – 2 мм).
Ғ. дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон (ғайр аз Помир) нумӯ меёбад. Бештар дар минтақаи алафзор, ҷангалзори гармсер (шибляк) ва ғ., инчунин чун алафи бегона дар полиз, кишти ғалладона (гандум, ҷав ва ғ.) пахта, юнучқа ва канори роҳ (400 – 1700 м аз с. б.) мерӯяд.
Ғ.-ро табибони халқӣ гиёҳи доруӣ мешуморанд. Барги Ғ.-ро кӯфта ба озах мебанданд, бо он омосҳои ғайрисаратониро табобат менамоянд, бо обзани Ғ. бемориҳои гуногуни пӯст, мас., шукуфа табобат карда мешаванд. Дар тибби ҳиндувон онро чун позаҳри неши каждум ва заҳри мор истифода мебаранд. Ғ. барои одам ва ҳайвонот хеле заҳрнок аст. Махсусан гӯсфанд, хук, гов ва мурғу мурғобӣ аз Ғ. бештар зарар мебинанд. Орде, ки ба он дони Ғ. афтодааст, барои одам хавфнок мебошад. Моддаҳои заҳрии он (алкалоидҳои гелиотропин ва лазиокарпин) пеш аз ҳама ҷигарро аз кор мебароранд. Баргу пояи Ғ., ки дар атрофи ш. Душанбе месабзад, 0,24 – 0,63% алкалоидҳо (90 – 93% гелиотрин ва 5,5 – 8,5% лазиокарпин), то 0,86% кумаринҳо, 0,66% гликозидҳо ва 1,24% сапонинҳо дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …