Главная / Гуногун / Гирифтем чанде аз тангаву тилои дарбор

Гирифтем чанде аз тангаву тилои дарбор

Халаф

Магир номам, эй Барах. Ва бидон,

Ки он рўзи мудҳиш бо падар баргаштем ба Аштархон,

Гирифтем чанде аз тангаву тилои дарбор

Ва, либоси деҳқонон ба тан,

Падару модару ман

Рўй овардем ба фирор.

Аз одамон шуда пинҳон,

Дар кўҳу биёбон

Дидем, эй Барах, чӣ азобҳо,

Худ медонему Худо!

Боре афтодем ба дасти роҳзанҳо

Ва ашки зорӣ наҷотамон дод танҳо.

Гушнагиву ташнагӣ буд ёри роҳамон,

Ҳамнафас – танҳо оҳамон.

Раҳбараҳ гоҳ падари пирам буд бар дўш,

Гоҳ модари баргаштабахти мадҳуш.

Борҳо падарро аз худкушӣ боздоштам

Ва, беш аз он, модарро,

Ки аз бемадориву ҳасрат ҳар дам мерафт аз ҳуш,

Боз ба роҳи зиндагӣ бигзоштам.

Бад-ин тариқ

Расидем ба шаҳри Яиқ.

Он ҷо, назди дари масҷид

Нолидаву шармида, талбандагӣ кардам,

Аз хиёбонҳову дуконҳо нони хушк ҷамъ оварда,

Падару модари пирамро парастандагӣ кардам.

Вале бадбахтие нав аз пас омад:

Султони бадазми Хоразм,

Наёфта моро байни ҷасадҳои қурбониён

Ва бовар накарда ба овозаҳо дар бораи маргамон,

Барои сарҳоямон

Мукофотҳои ҷолиб кард эълон.

Ба ҳокимони қудратманд

Номаҳо фиристод, ки моро биҷўянд.

Нишонаҳоямонро ҳам ба эшон

Намуд аён.

Медонӣ худ, ки чӣ сон ҳама аз ў метарсанд.

Ҳокимони ба давлаташон афтода газанд

Аз гадо бадтаранд.

Рўзе фаҳмидам нохост,

Ки шоҳи Яиқ пайи ёфтани мост,

Шитофтам ҳамоно сўи волидон,

Зорӣ намудам, ки шаванд пинҳон.

Менолид падарам,

Менолид модар,

Мегуфтанд, ки аз ин зиндагӣ мурдан беҳтар.

Осон нест, дўсти меҳрубон,

Бо зикри бешумори қазои Яздон

Ва зориву таваллои даҳчандон

Тасалло додани навмедон.

Ва оқибат фирор кардем боз

Сўи навин азобҳо, дардҳо, ҳасратҳои ҷонгудоз…

 

Барах (гирён)

Кофист, хоҷаи меҳрубон!

Аз нақлатон шуд дилам хунчакон!

Чӣ рўзи бад,

Ки шоҳ Темур бо ҳамсару нури басараш мебинад!

Хонадоне чунин муътабар,

Бузургдилу оқилу диловар

Гаштааст дарбадар!

Бигў вале, ки ҳастанд дар чӣ ҳол

Шоҳи бемислу маликаи бемисол?

 

Халаф

Зиндаанд, Барах, зинда,

Бидон, ки метавонад бишавад чунон пурандўҳ

Қисмати ононе, ки буданд зодаи шаҳомату шукўҳ.

Иродаи оҳанин

Бояд тоб биёрад ба ин.

Бояд бидонад он,

Ки дар пеши Яздон

Ночизанд шоҳон.

Ва танҳо бо иродаи шоён

Ва иҷрои амри Яздон бузург аст инсон.

Инак, расидем мо ба Хуросон,

Ки Ҳақобод буд ҳокими он.

Ночизтарин ходими даргоҳаш шудам ман,

То қути лоямут биёбам барои се тан.

Одилмоҳ – духтари шоҳ

Инсоне буд дилогоҳ,

Дидаи раҳм ба ман медўхт,

Балки аз раҳм бештар буд он эҳсос,

Ки ҷону диламро меафрўхт.

Гўё нигоҳаш медид аён,

Ки асли ман беш аз онест,

Ки зоҳирам медиҳад нишон.

Баногоҳ падари ў бо шоҳи Чин ҷанг сар кард.

Мардум ҳар чиз мегуфт дар бораи он набард.

Асли ҳол ин буд лекин,

Ки Ҳақобод мағлуб шуд аз шоҳи Чин,

Қир карда шуд хонадонаш саропо

Ва духтараш Одилмоҳ ғарқ карда шуд дар дарё.

Мо низ, аз тарси ҷангу ваҳшатҳои он

Фирор намудем аз мулки Хуросон.

Пои урёну Тани белибос

Бо сад азоб расидем ба Барлос.

Инак, мешавад соли чаҳор,

Ки ҳаммолам

Ва бо ин пешаи душвор

Мекунам парастории волидайни хору зор.

 

Барах

Кофист, шоҳзода, кофист!..

Мебинам, ки либосатон шоҳона аст,

Бало ба паси бадбахтиҳо,

Бигўед, ки чӣ гуна барор додатон даст?

 

Халаф

Боре

Гум шуд шоҳини шикории шоҳи Барлос Алингвир,

Ман онро кардам дастгир,

Шоҳ аз аслу насабам шуд пурсон,

Ман, аз асрори худ ҳаросон,

Гуфтам, ки бо падару модари пирам фақиру бадҳолам,

Зери бори гаронам умре – ҳаммолам.

Шоҳ ҳамоно

Волидонамро дар хонаи гадоён кард ҷо

Ва фармуд ба ходимон,

Ки бошандашон некў нигаҳбон.

(Мегиряд.)

Ана, дар куҷоянд шоҳу маликаат, Барах…

Аз тарси он ки мешаванд ошкор

Ва ба ҷазо гирифтор,

Он макон аст барояшон дўзах.

 

Барах

(гирён)

Чӣ ҳарфест, ки мешунавам, Худоё!

 

Халаф

Алингвир – шоҳи он ҷоҳо

Дод ба ман ҳамёне пурдинор,

(ҳамёнро аз бағал мебарорад)

Аспе роҳвор

Ва либоси сазовор.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …