Главная / Илм / ГИПОТОНИЯ

ГИПОТОНИЯ

gipotoniyaГИПОТОНИЯ (Hypotonia; аз гипо… ва юн. tonos – шиддат), паст будани шиддати мушакҳои суфта ва скелетӣ, ки бо костагии муқовимати онҳо нисбати ёзидан ва ихтилоли фаъолияти узвҳо падид меояд. Паст гаштани тонуси мушакҳои узвҳои тиҳии роҳи меъдаю рӯдаҳо боиси ёзидани девора ва халал ёфтани фаъолияти онҳо мешавад. Мас., ҳангоми Г.-и мушакҳои сурхрӯда фурӯ додани луқмаи дурушт душвор аст, ҳол он ки ғизои обакӣ нағз мегузарад; дар сурати Г.-и мушакҳои меъда ҳаҷми он калон шуда, халта мезанад (гастроптоз); Г.-и мушакҳои рӯдаи ғафс метавонад сабаби қабзият гардад. Дар натиҷаи Г. рагҳои хун васеъ шуда, гиперемияи ҷузъии пӯст ба вуҷуд меояд. Г.-и мушакҳои скелет аломати бисёр бемориҳои худи онҳо мебошад.
Дар амалияи табобату ташхис бо ёрии дору Г.-и сунъии мушакҳои скелет, мушакҳои суфтаи узвҳои холӣ ба вуҷуд оварда мешавад, ки манзур аз он, мас., тадқиқи амиқи рӯдаи дувоздаҳангушта дар шароити гипотонияи он аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …