Главная / Илм / ГИПОТИРЕОЗ

ГИПОТИРЕОЗ

gipertireozГИПОТИРЕОЗ (Hypothyreosis; аз гипо… ва glandula thyroidea), бемории ғадудҳои дохилӣ. Г. аз сабаби модарзодӣ ё ғайримодарзодӣ заиф гаштани фаъолияти ғадуди сипаршакл ба вуҷуд меояд. Он ҳамчунин дар натиҷаи иллати гипофиз, ки фаъолияти ғадуди сипаршаклро танзим мекунад, сар мезанад. Бинобар осеби ғадуди сипаршакл гормонҳои он – тироксин ва трийодтиронин ба хун кам хориҷ мешаванд.
Пайдоиши Г. бисёр вақт ба иллати худи ғадуди сипаршакл (Г.-и якумин) вобаста аст; он ҳамчунин метавонад бинобар ихтилоли биосинтези гормонҳои тиреоидӣ, ки ҳангоми ноҷуриҳои гипофиз ва гипоталамус (Г.-и дуюмин) рух менамояд, ба вуқӯъ пайвандад. Дар мавриди ҷарроҳии ғадуди сипаршакл, табобат ба радионуклиди йод ё доруҳои йоднок низ хавфи сар задани Г. вуҷуд дорад. Г. бештар дар занҳои 30 – 50 – сола ба мушоҳида мерасад.
Ҳангоми Г. пӯст, насҷи зери пӯст, забон варам мекунад, пӯст хушк мешавад, мӯй мерезад. Бемор хастагии зиёд ҳис мекунад, хунук мехӯрад, кундзеҳн, беҳол, хоболуд шуда, нохун ва мӯй зудшикан (мӯрд) мегарданд; ҳарорати бадан ва фишори шараён паст шуда, шикам қабзият мекунад. Давраи ҳайзи зан халал меёбад, мумкин аст ӯ кӯдак вайрон кунад; қувваи боҳи мард заиф мегардад. Инкишофи рӯҳии кӯдакон таъхир хоҳад ёфт, қади онҳо намеёзад. Фаъолияти ғадуди сипаршакл ҳар қадар кам шавад, беморӣ ҳамон андоза вазнин ҷараён мегирад.
Г.-ро духтур табобат мекунад. Бо гормонҳои тиреоидӣ саривақт табобат кардани кӯдак ба инкишофи мӯътадили ҷисмонии ӯ мусоидат менамояд. Табобати одами калонсол инкишофи бемориро боздошта, бисёр вақт қобилияти кориро барқарор мекунад. Таҳти назорати духтур будани бемор хеле зарур аст.
Гипотиреоз дар кӯдакон асосан дар он оилаҳое дучор меояд, ки беморони ҷоғари заҳрогин ё тиреоидити Хашимото мавҷуд бошанд. Бо мақсади бармаҳал ташхис кардани Г.-и модарзод баъди таваллуди тифл ба аломатҳои зерин эътибор додан лозим аст: халал ёфтани ташаккули скелети чеҳра, паҳн будани байни ду абрӯ, аз ҳам дур будани чашмҳо, варами рӯй, ғафс будани лабҳо, калон будани забон, ки бисёр вақт дар даҳон намегунҷад, мӯйҳои дурушт. Овози чунин кӯдакон дар вақти гиристан дағал ва хиррӣ аст (бинобар варами бандакҳои садобарор). Дар сурати сина макондани кӯдак аломатҳои Г. намеафзоянд, зеро гормонҳои тиреоидии модар ба воситаи шири пистон ба организми тифл мегузаранд. Баробари ба ғизои сунъӣ одат кунондани тифл, ӯ камҳаракат, беҳолат, камиштиҳо мешавад; ҳарорати бадан паст аст; пӯст хушк, хунук ва дурушт мегардад; мӯй бетароват ва зудшикан, шикам калон шуда, қабзият пайдо мекунад; кӯдак аз сабзиш мемонад. Ҳангоми ба таъхир мондани муолиҷа чунин кӯдакон ноқисулақл мегарданд. Бинобар ин дар мавриди ба мушоҳида расидани аломатҳои нахустини Г. зуд ба духтури педиатр ва эндокринолог муроҷиат кардан лозим аст.

Ш.С. Анварова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …