ГИПОТЕНЗИЯ (Hypotensio; аз гипо… ва лот. tensio – шиддат), фишорпастӣ, аз меъёр паст фуромадани фишори хун, лимфа ва ғ. дар рагҳо. Истилоҳи «гипотония»-ро барои ифодаи суст гаштани тарангии мушакҳо кор фармудан беҳтар аст. Барои ифодаи фишори пасти хун истилоҳи Г. дуруст мебошад. Г.-и шараён ё фишорпастии шараёнӣ ҳолатест, ки фишори хун аз ҳадди муқаррарии синнусолӣ хеле поён бошад. Чунин тарзи паст гаштани фишори хун, ки табобати таъҷилиро талаб мекунад, ҳангоми талафи шадиди хун (хунравии фаровон ба дарун ё беруни узв), дар натиҷаи коллапс (беҳолии дил), гоҳо дар мавриди хеле баланд шудани ҳарорати бадан рух медиҳад. Фишорпасти (аз 100/60 мм сут. симоб паст будани фишори шараён)-и шараёнии музмин шояд нишонаи нокифоягии фавқулоддаи гормонҳо бошад.
Фишори хуни баъзе касони амалан тансиҳат нисбатан паст, яъне дар ҳадди мизон буда, ба паст шудан моил аст ва ин ҳолатро бештар фишорпастии шараёнӣ меноманд. Ҳол он ки вуҷуд доштани чунин беморӣ то кунун баҳсталаб аст. Тафовути ин қабил одамон фақат аз он ҷиҳат аст, ки таасури дилу рагҳои онҳо бештар на бо баланд шудан, балки бо паст гаштани фишори хун зоҳир мегардад. Дар зиндагӣ ин гуна одамон ҳавои хунукро нисбат ба ҳавои гарму тафсон бартар медонанд; дар ҳаммом худро бад ҳис мекунанд; ҳангоми аз ҳолати хоб якбора рост хестан, чашмашон сиёҳӣ зада, бехуд мешаванд (хусусан дар аснои гурусна будан) ва баръакс, дар вақти роҳ гаштан ва ҳаракат додани мушакҳо, ҳоли онҳо беҳтар мегардад. Бинобар ин шахсони моили фишорпастиро зарур аст, ки мушакҳои хешро пайваста ба кор андозанд, то ки тонус (фаъолият)-и онҳо ба таҳмили ногаҳон омода бошанд. Шахси ҷисман пурқувват ва чобук, агар вазни бадани ӯ мӯътадил бошад, ба фишорпастӣ гирифтор намешавад.
Одамони моил ба фишорпастӣ бо гузашти умр, ҳамчунин дар аснои камҳаракатии маҷбурӣ (хусусан дар вақти беморӣ) ба нӯшидани чои гарму талх майл мекунанд. Ғайр аз ин, баъзан худи духтур ҳам дар ин гуна мавридҳо истеъмоли миқдори муайяни доруҳои табииро тавсия менамояд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …