Главная / Илм / ГИПОТАЛАМУС

ГИПОТАЛАМУС

gipotalamusГИПОТАЛАМУС (Hypothalamus), қисми мағзи сар, ки дар зери дӯнгии (барҷастагии) босира воқеъ аст;ба таркиби мағзи мобайнӣ дохил шуда, қаър ва девораи меъдачаи сеюм (қисми диэнсефалӣ)-ро ташкил медиҳад. Г. маҷмӯи марказҳои олии мутобиқат мебошад. Дар он зиёда аз 30 ҷуфт ҳуҷайраҳои асаб – ядроҳо мавҷуд буда, ба воситаи роҳҳои гуногуни асаб ба қисмҳои мухталифи системаи асаби марказӣ алоқа дорад. Дар ҳуҷайраҳои асаби ядрои Г. баъзе гормонҳо (мас., вазопрессин), инчунин моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол ҳосил мешаванд. Ин гормонҳо ба воситаи рагҳо ва ҳуҷайраҳои асаб ба гипофиз дохил шуда, ба ҷудо гаштани гормони он ёрӣ мерасонанд. Г. дар танзими фаъолияти гуногуни организм (хоб ва бедорӣ, фишори артериявӣ, тонуси рагҳо, фаъолияти дил, ҳарорат, фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ, мубодилаи моддаҳо, ассимилятсия ва диссимилятсия, муҳити ионии организм ва ғ.) иштирок мекунад. Ҳангоми осеби Г. (варам, илтиҳоб) функсияҳои мазкур халал меёбанд.
КЛ
Гипоталамус ва дигар қисмҳои мағзи сар; намуд аз поён ва паҳлӯ.
1 – пиёзаки шомма; 2 – тасаллуби асаби босира; 3 – ҷисми сӯрохшудаи пеш; 4 – роҳи асаби босира; 5 – асаби ҳаракатовари чашм; 6 – поячаи мағзи сар; 7 – асаби ғарғаравӣ; 8 – асаби сетора; 9 – пул (кӯпрук)-и майна; 10 – асаби дуркаш; 11 – асаби чеҳра; 12 – асаби даҳлезиву ҳалзунӣ; 13 – асаби забону балъум; 14 – асаби гумроҳ; 15 – ҷисми зайтунӣ; 16 – аҳром; 17 – асаби изофӣ; 18 – роғи мобайнии пеш; 19 – асаби зери забон; 20 – ҷӯяки асосӣ; 21 – ҷисми пистонакшакл; 22 – дӯнгичаи хокистарранг; 23 – қиф; 24 – асаби босира; 25 – роҳи шомма.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …