ГИПОСТАТУРА (аз гипо… ва лот. statura – сабзиш), тағзияи нокифоя дар кӯдакони то яксола, ки бо аломатҳои таъхири сабзиш падид меояд. Ҳангоми Г. қади кӯдак ба синни ӯ мувофиқат намекунад, ҳол он ки вазни бадан барои чунин қад мувофиқи меъёр аст. Дар мавриди дуруст табобат кардан, рушду инкишофи кӯдак ба низом медарояд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …