Главная / Илм / ГИПЕРТЕНЗИЯИ ҶУМҶУМАВӣ

ГИПЕРТЕНЗИЯИ ҶУМҶУМАВӣ

gipertenziya-goloviГИПЕРТЕНЗИЯИ ҶУМҶУМАВӣ, баланд шудани фишори дохили косахонаи сар (ҷумҷума). Г. ҷ. дар натиҷаи омос, думбал, хуномоси мағзи сар, гидросефалия, варами майна рух менамояд. Дард кардани сар (хусусан пагоҳирӯзӣ, баъди аз хоб хестан), ки бо дилбеҳузурӣ ва қай сурат мегирад, аломати Г. ҷ. аст. Ҳангоми халал ёфтани ихроҷи моеъи дохили ҳароммағз, хусусан дар мавриди руст будани роҳи он дар чуқурчаи паси косахонаи сар, бемор дар баробари сардард ва қай маҷбур мешавад, ки сарашро ба пеш ё қафо хам карда истад; набз суст шуда, нафаскашӣ душвор мегардад, фишори шараён ноустувор аст. Нишонаи муҳими Г. ҷ варамидани қаъри чашм ва тағйироти гипертензиявӣ дар рентгенограммаҳои ҷумҷума мебошанд.
Дар сурати гумон бурдан аз Г. ҷ., хусусан ҳангоми мушоҳида шудани варами қаъри чашм, беморро бетаъхир ба назди духтури асабшинос ё ҷарроҳи асаб фиристодан лозим аст. Ташхиси моеъи ҳароммағз бояд фақат дар беморхона гузаронида шавад.
Фарҷоми беморӣ ба сабабе, ки онро ба вуҷуд овардааст, вобастагӣ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …