Главная / Илм / ГИГИЕНАИ ШАХСӣ

ГИГИЕНАИ ШАХСӣ

gigienai-shakhsiГИГИЕНАИ ШАХСӣ (Hygiena individualis), маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт, ки иҷрои онҳо баҳри тандурустии одам мусоидат мекунад. Г. ш. чунин қоидаҳои умумӣ (барои ҳама синну сол як хел аст)-ро дарбар мегирад: ивази меҳнати фикрӣ ва кори ҷисмонӣ, варзиши ҷисмонӣ, истеъмоли мураттаби хӯроки хушсифат, меҳнату истироҳат, хоби бофароғат ва ғ. Ба Г. ш. покизагии бадан, кӯрпаву болин, сарулибос, манзил ва риояи тозагӣ ҳангоми пухтупаз низ тааллуқ дорад. Тозагии бадан яке аз шартҳои асосист. Дар муддати як ҳафта ғадудҳои чарб ба сатҳи пӯст аз 100 то 200 г равған, ғадуди арақ аз 3,5 то 7 л арақ мебароранд. Бинобар ин пӯстро мунтазам шустан лозим, вагарна хусусиятҳои муҳофизии организм халал ёфта, барои афзоиши микробҳо ва занбӯруғаҳои паразит шароити мусоид фароҳам меояд.
Хусусан ҷойҳои бараҳнаи бадан бештар ифлос мешаванд. Исбот шудааст, ки ҳангоми сироят ёфтани дасти тоза шумораи бактерияҳо баъди 10 дақ. 85% кам мешавад, аммо дар дасти ношуста адади онҳо фақат 5% (баъди 20 дақ.) кам мегардаду бас. Бактерияҳо (тақр. 95%-и микроорганизмҳои пӯсти даст) дар зери нохун ҷойгиранд. Аз ин рӯ нохунҳоро мунтазам гирифта, дастро бодиққат шустан лозим. Тозагии дасти кормандони ошпазхонаҳо шарти ҳатмист. Дар шароити хона хӯрокро бояд бо дасти тоза тайёр кард (мас., исҳоли хунин, яъне дизентерияро «бемории дасти ифлос» меноманд). Ба кӯдакон низ аз хурдсолӣ қоидаҳои Г. ш.-ро омӯхтан лозим. Пӯсти баданро асосан бо обу собун тоза мекунанд. Барои шустушӯй собуни мушкинро истифода мебаранд. Ҳар шахс бояд хусусиятҳои пӯсташро донад (пӯст шахшӯл, чарбдор, мӯътадил мешавад) ва ҳангоми нигоҳубин инро ба назар гирад. Ҳар рӯз (хусусан баъди коре, ки пӯстро ифлос мекунад, дар аснои серарақӣ) душ қабул кардан мувофиқи мақсад аст; ҳарор. об бояд то 37 – 380С бошад. Агар хона душ надошта бошад, пас ҷойҳои кушодаи бадан, зери каш ва сандуқи синаро бо оби гарму собун шуста, тагпӯши тоза пӯшидан лозим аст. Ҳар ҳафта дар ванна ё ҳаммом бо собуну дастмол шустушӯй ва либоси тагро ҳатман иваз бояд намуд. Ҳангоми шустушӯй (хусусан бо дастмол) пӯст масҳ шуда, гардиши хун беҳтар мегардад, шахс худро нағз ҳис мекунад. Баъди шустушӯй ба чинҳои пӯст молидани ягон хел лосйон муфид аст. Ҳар шаб (хусусан тобистон) пойро бо собун шустан лозим. Ҳангоми пухтани пӯсти байни ангуштон ба духтур муроҷиат бояд кард. Иллати пӯсти пой ба пайдоиши бемориҳои занбӯруғии пӯст мусоидат менамояд.
Мӯйро бо оби нарм шустан беҳтар; агар об дурушт бошад, ба он танакор ё содаи хӯрданӣ (ба 5 – 6 л об 1 – 2 қошуқча) ҳамроҳ мекунанд. Барои мӯи чарбнок ё шахшӯл нигоҳубини махсус тавсия мешавад (ниг. Мӯй). Нигоҳубини даҳон нафақат дандонҳоро эмин медорад, балки бемориҳои узвҳои даруниро низ пешгирӣ мекунад. Дандонро ҳар пагоҳ бо шётка ва хамираҳои махсус тоза карда, даҳонро баъди истеъмоли хӯрок чайқонед; ҳангоми бадбӯии даҳон ба духтур муроҷиат бояд кард. Барои ошкор намудани кариеси дандон, дур кардани санги дандон ва диг. иллатҳои даҳон соле ду маротиба ба духтури стоматолог муроҷиат кардан лозим.
Г. ш. нигоҳубини узвҳои таносулро низ дарбар мегирад. Чунин тадбири махсуси беҳдоштиро аз рӯзҳои аввали таваллуди кӯдак сар мекунанд.
Тоза будани либоси таг, либоси корӣ, ҳар рӯз иваз кардани ҷӯроб (хусусан дар аснои серарақӣ) аз ҷумлаи талаботи муҳими Г. ш. мебошад. Нафақат бадан ва сарулибос, балки хонаи зист, ошхона ва коргоҳ низ бояд тоза бошад.
Ҳар як аъзои оила бояд бистару сачоқи алоҳида дошта бошад. Баъди ҳаммом ҷойпӯш ва ҷилди болишт, пеш аз хоб либоси тагро ба либоси шабпӯшак иваз кардан лозим аст.
Ҳамаи ин тадбирҳои беҳдошт, алалхусус дар аснои бемории ягон аъзои оила, аҳамияти калон доранд. Зеро риоя накардани онҳо ба саломатӣ ва қобилияти кории атрофиён, хусусан кӯдакон (ниг. Нигоҳубини бемор) таъсири ногувор мерасонад.
Қоидаҳои Г. ш. барои ҳама умумӣ буда, синну сол ва хусусиятҳои анатомию физиологии организмро ба назар мегиранд.
Барои дуруст сабзидани организми кӯдак таъсири чунин омилҳои муқаввӣ, монанди ҳаво, офтоб (ниг. Ваннаҳои ҳавоӣ ва офтобӣ), проседураҳои обӣ, машқҳои ҷисмонӣ бозиҳои серҳаракат ва ғизои хушсифат аҳамияти калон доранд. Кӯдаконро аз ҳад зиёд хӯрондан лозим нест. Чунки ин боиси фарбеҳӣ ва ихтилоли кори ғадудҳо, аз ҷумла фаъолияти тухмдон ва давраи ҳайзи духтарони қадрас хоҳад шуд. Қоидаҳои асосии нигоҳубини писарбачаю духтарчаҳои ширмак ва синни кӯдакистон умумист.
Узвҳои таносули духтарча бояд доимо тоза бошанд. Чунки онҳо бисёр нозук буда, зуд захмдор мешаванд, ба таъсири сироят ҳассосанд. Дар сурати ба духтарча дуруст нигоҳубин накардан, вулвит инкишоф меёбад. Баъди пешоб кардан ва қазои ҳоҷат узвҳои ҷинсии кӯдакро бо оби гарму пахта мешӯянд, сипас бо парпеч хушк мекунанд. Ҳангоми шалҳидани пӯст ба он равғани растанӣ ё доруи хока мемоланд. Ҳар рӯз дар вақти муайян қазои ҳоҷат ва пешоб карданро ба кӯдак аз хурдсолӣ омӯзондан лозим аст. Зеро пур будани рӯдаи рост ва пешобдон ба кори ин узвҳо таъсири бад расонда, боиси нодуруст ҷой гирифтани бачадони духтарчаҳо мегардад. Ба кӯдакон мустақилона шустани узвҳои таносулро аз 5 – 6-солагӣ ёд медиҳанд. Ҳар рӯз бо эҳтиёт шустани узвҳои таносул ҳисси ҷинсии кӯдакро бедор намесозад. Баръакс, пур будани рӯда ва шошадон ангезиш ва хориши узвҳои ҷинсиро ба вуҷуд меоранд. Трусии кӯдак набояд танг бошад.
Духтарчаҳо бояд зимистону тобистон трусии мувофиқ (ба танаш часпида истад ва дар айни ҳол танг набошад) пӯшанд, то ки шамол накашанд ва маҳбал ифлос нашавад; эзору трусӣ ҳар рӯз бояд иваз карда шавад. Духтарчаҳои хурдсол ҳам тарашшӯҳи маҳбал доранд, ки дар он бактерияҳо афзоиш намуда, бемории вулвовагинитро ба вуҷуд меоранд. Бемориҳои сироятӣ (сурхча, махмалак, хуноқ ва ғ.) низ сабаби амрози узвҳои таносул мегарданд. Аз ин рӯ, ҳангоми бемориҳои сироятӣ ба ҳолати узвҳои таносул диққати махсус додан лозим аст. Дар аснои пайдоиши аломатҳои газак модар бояд кӯдакро ба духтур нишон диҳад. Дар синни мактабӣ сайру гашти кӯдакон дар ҳавои тоза, варзиши ҷисмонии мунтазам, таҳсилу истироҳати мураттаб, риояи низоми хоб хеле муҳим аст. Кори вазнини ҷисмонӣ, дар мактаб муддати дароз паси парта ва дар хона паси миз нишаста дарс тайёр кардан, боиси қаҷшавии сутунмӯҳра ва ихтилоли шакли устухонҳои кос мегарданд. Муаллимон ва волидон бояд сабзиши қаду қомати кӯдакро назорат кунанд. Парта ва стол бояд ба қади кӯдак мувофиқ буда, дуруст равшан шаванд. Кӯдакро аз дурбинӣ ва наздикбинӣ эҳтиёт кардан лозим аст. Дар давраи балоғати ҷинсӣ, вақте ки дар силсилаи асаб ва ғадудҳои эндокринӣ тағйирот ба амал омада унсурҳои мутобиқати организм ниҳоят фаъоланд, мунтазам бо варзиш машғул шудан ва обутоб додани бадан хеле муфид аст.
Гигиенаи бонувон. Духтар бояд то синни наврасӣ оид ба қоидаҳои умумии Г. ш. тасаввуроти пурра дошта бошад, ба худ нигоҳубин карда тавонад. Модар, кормандони тиббии мактаб ё муаллима бояд ба духтар оид ба хусусиятҳои анатомию физиологии организми зан маълумот дода, фаҳмонанд, ки ҳайз ҳодисаи табиӣ буда, минбаъд мунтазам такрор мешавад. Агар духтар аз ин бехабар бошад, пас якбора пайдо шудани хун метавонад ба ӯ зарбаи рӯҳӣ расонад, давраи ҳайз халал ёбад. Ҳангоми дар давраи ҳайз бисёр рафтани хун, духтарчаро ҳатман ба духтури гинеколог нишон додан лозим аст.
Дар вақти ҳайз бинобар беқувват шудани организм таъсири микробҳои сироятӣ ба узвҳои таносул меафзояд. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои ҳайз аз паи тозагии сарулибос ва бадан шудан хеле муҳим аст. Ба духтарон қоидаҳоеро, ки дар вақти ҳайз риоя кардани онҳо шарт аст, бояд омӯзонд. Дар аснои мӯътадил ҷараён гирифтани ҳайз тарзи зисту зиндагӣ набояд тағйир ёбад. Метавон бо варзиши ҷисмонӣ машғул шуд, аммо ҷаҳиш, иҷрои машқҳои вазнин, велосипедронӣ, шиноварӣ, иштирок дар мусобиқаҳо мумкин нест. Тан, хусусан пой ва қисми поёни шикамро аз хунукӣ эҳтиёт кардан лозим. Шустани бадан дар зери душ беҳтар аст. Қабули ванна ҳам мумкин, аммо об бояд мӯътадил бошад. Рӯзе ду маротиба аввал даст ва баъд узвҳои таносулро бо оби гарму собун мешӯянд (аввал аъзои таносул, сипас рону мақъад). Бевосита дар тағора шустани узвҳои таносул норавост.
Ҳангоми ҳайз аз таҳгиракҳои махсуси гигиенӣ истифода мебаранд. Таҳгиракро дар як шаборӯз чанд маротиба иваз мекунанд, то ки хуни дар он шахшуда чатанро захмдор накунад. Ғайр аз ин, чанд трусии махсуси пахтагин ё трикотажӣ доштан лозим; трусиҳоро баъди шустан, дарзмол бояд кард. Дар синни наврасӣ ба масъалаи тарбияи ҷинсии духтарон диққат дода, ба онҳо мафҳуми «шарафу номуси духтарӣ», «шаъну эътибори зан»-ро фаҳмондан зарур аст.
Гигиенаи занҳо низ ҳамин қоидаҳоро дарбар мегирад. Духтарон дар бораи ҳаёти ҷинсӣ бояд чунин тавсияҳои беҳдоштиро донанд: Чунончи, баъди алоқаи ҷинсии аввалин муддати 2 – 3 рӯз аз муҷомаат худдорӣ кардан лозим аст (то ки пардаи кафидаи бақорат газак нагирад); дар рӯзҳои ҳайз ба алоқаи ҷинсӣ набояд роҳ дод, зеро микробҳо ба роҳи таносул афтода, хунравӣ пуршиддат шавад; дар давраи ҳайз ғасли маҳбал манъ аст; муҷомаат бояд дар муддати 2 – 3 моҳи аввали ҳомилагӣ маҳдуд ва 2 моҳи охири пеш аз таваллуд комилан қатъ гардад; алоқаи ҷинсӣ дар муддати 6 – 8 ҳафтаи баъди таваллуд низ манъ аст. Агар зан бо ягон сабаб кӯдакдор шудан нахоҳад, пас оид ба тадбирҳои пешгирии ҳамл бояд аз духтур маслиҳат пурсад (дар ин сурат бо исқот ҳоҷат намемонад).
Дар давраи климакс ғайр аз тадбирҳои умуӣ ва нигоҳубини узвҳои таносул, ҳар рӯз бо сачоқи тар пок кардани бадан, варзиши ҷисмонӣ, сайругашт дар ҳавои тоза, ғизои хушсифат тавсия мешавад. Бонувони аз ҳайз мондаро лозим аст, ки соле ду маротиба, хусусан ҳангоми пайдо шудани тарашшӯҳи узвҳои таносул, ба духтури гинеколог муроҷиат кунанд.
Гигиенаи мард. Дар синни наврасӣ писарбачаҳо бояд малакаҳои Г. ш.-ро ҳосил кунанд, бадан, мӯй ва сарулибос тоза бошад. Калонсолон бояд наврасонро аз хусуси ихроҷи беихтиёри манӣ (одатан ҳангоми хоб рӯй медиҳад) огоҳ созанд, ба онҳо фаҳмонанд, ки эҳтилом дар айёми балоғати ҷинсӣ ҳодисаи табиист.
Мақсади асосӣ аз тарбияи ҷинсӣ он аст, ки наврас ҳиссиётро идора карда тавонад, ба ҳаёти ҷинсӣ нафақат аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз нуқтаи назари беҳдошт ҳам омода бошад. Наврасро аз алоқаи ҷинсии тасодуфӣ боздоштан ва оқибати бади онро фаҳмондан хеле муҳим аст.
Ҳар мард ва писарбача бояд узвҳои таносулро тоза нигоҳ дорад. Баъди эҳтилом ё муҷомаат, аъзои ҷинсиро бо оби гарм шустан лозим. Мардҳо бояд донанд, ки муҷомаат дар давраи ҳайз нафақат узвҳои ҷинсии занро иллатнок мекунад, балки боиси газаки пешоброҳаи мард (дар натиҷаи роҳ ёфтани лахтаи хун) низ мешавад.
Риояи қоидаҳои Г. ш. ба пиронсолон ҳам зарур аст. Тадбирҳои умумӣ, ғизои мураттаб (аз рӯи синну сол), истироҳат ва варзиши ҷисмонӣ нерӯи муҳофизати организми пиронсолонро ба кор андохта, муқобилати организмро ба бемориҳо афзун мегардонад. Доимо аз духтур маслиҳат пурсидан лозим, зеро кори ҷисмонӣ ва хурду хӯрок бояд бо синну сол ва вазъи саломатӣ мувофиқ бошад.
Ад.: Бобоев А., Беҳдошт, Д., 1995; Ҳамон муаллиф, Оздоровление условий труда строителей крупных гидроэлектростанций, Д., 1982; Ҳамон муаллиф, Общая гигиена, Д., 2008.

А.Б. Бобоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …