Главная / Илм / ГИГИЕНАИ МЕҲНАТИ ФИКРӣ

ГИГИЕНАИ МЕҲНАТИ ФИКРӣ

stimulyacia-mozgaГИГИЕНАИ МЕҲНАТИ ФИКРӣ, тадбирҳои илман асосноке, ки бо мақсади беҳдошти саломатӣ андешида мешаванд. Агар одам аз рӯи тартиб меҳнат ва истироҳат кунад, меҳнати фикрӣ самараи хуб меорад. Кори берабт асабҳоро хароб месозад. Шахсе, ки корашро дар вақти муайян сар накарда, ҳалли масъалаи мушкилро ба рӯзи дигар мегузорад, тез хаста ва маҳсули меҳнат паст мегардад.
Меҳнати маҷбурӣ одамро дилгир месозад. Агар мақсади кор аниқ бошад, меҳнат шавқовар мешавад.
Натиҷаи ҳар кор, хусусан меҳнати фикрӣ, ба кайфият, вазъияти рӯҳии оила ва шароити кор дар муассиса вобаста аст. Дар вазъияти бахилию бадхоҳӣ маҳсули меҳнати фикрӣ паст ва одам аз андак кор ниҳоят мондаю дилгир мешавад.
Вазъияти психологие, ки дар он ҳар як аъзои коллектив некхоҳ ва некбин буда, бо ҳавсалаю кӯшиш меҳнат мекунад, аз муҳимтарин талаботи беҳдошти рӯҳӣ, аз ҷумла Г. аст.
Барои самараи дилхоҳ додани меҳнат шароити беҳдошти муҳит низ муҳим мебошад. Коргоҳи пур аз дуди тамоку, бесарусомонӣ ва ғалоғула ба организми кормандон таъсири ногувор расонда, онҳоро зуд хаста ва сифати корро паст мекунад. Нӯшокиҳои спиртдор, чойи талх ва қаҳваи зиёд низ ба кори фикрӣ таъсири бад мерасонанд. Онҳо аввал одамро андаке бардам мекунанд, вале баъд зиён меоранд: шахс хаста, бехоб, тундмиҷоз, парешонхотир мешавад.
Такмили дониш, инкишофи маънавӣ ва фикрӣ шарти зарурии муваффақ гаштан дар кори эҷодӣ аст. Одами машғул бо фаъолияти фикрӣ агар тамоми умр пайваста омӯзад, метавонад мувофиқи талаботи замона эҷод бикунад. Хусусиятҳои меҳнати фикрӣ ба ҳамтои маъмули кори ҷисмонӣ шабоҳат доранд. Дар натиҷаи машқ ва кӯшиш маҳсули меҳнати фикриро метавон баланд бардошт. Бефаъолиятии тӯлонӣ ба қобилияти корӣ таъсири ногувор мерасонад. Чи тавре ки ба варзишгар бидуни тамрин иштирок дар мусобиқаи спортӣ мушкил аст, барои мактаббача ҳам баъди таътил, яъне рӯзҳои аввали таҳсил, душвориҳо пеш меоянд. Аз ин рӯ дар айёми меҳнати фикрӣ дам гирифтан, як намуди меҳнати фикриро ба дигараш иваз намудан, баъди меҳнати фикрӣ ба кори ҷисмонӣ гузаштан муфид аст. Сайру гашт ва варзиш дар ҳавои тоза хастаги (ҳангоми дуру дароз дар вазъи якхела нишастан) – ро рафъ мекунад, ба кас ҳаловат мебахшад. Баъзан дар хона роҳ гашта, фикр кардан низ ба ҳалли масъала ёрӣ мерасонад. Меҳнати фикрӣ гуногун буда, аз одам қобилияти махсус металабад. Мас., диспетчер бояд одами ниҳоят бодиққат бошад, вале барои иҷрои хуби ин кор малакаҳои дигар, мас., қувваи ҳофиза низ лозиманд. Ҳар шахси машғули кори фикрӣ метавонад мӯҳтоҷи маслиҳат бошад. Одамоне, ки аз хоб барвақт мехезанд, бояд барвақт хобанд, кори ҷиддии фикриро нимаи аввали рӯз иҷро кунанд. Шахсоне, ки баъди нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ пурмаҳсул кор мекунанд, бояд низоми кории худро мувофиқи он тартиб диҳанд. Одамони серғайрат масъалаҳои душворро бояд дар аввали рӯз ҳал намоянд, чунки онҳо зуд хаста мешаванд. Ашхоси сусткор бояд рӯзи корро аз ҳалли масъалаҳои оддӣ сар кунанд. Азбаски ин қабил одамон масъалаи душворро дер ҳал менамоянд, рӯҳафтода шуда, корро наметавонанд давом диҳанд. Дар ин маврид ба ҷои корҳои душвор беҳтараш дигар корро ба субут расондан лозим аст (масъалаи душворро баъди чанд рӯз бо осонӣ ҳал кардан имконпазир мегардад). Ба одамони сабук ва чолок ба рӯзи дигар гузоштани ҳалли масъала мувофиқи мақсад нест.
Оид ба Г. бидуни назардошти бисёр омилҳо додани тавсияи бамаврид мушкил, ҳатто баъзан имконнопазир аст. Дар ин ҳолатҳо аз духтур – психогигиенист, психотерапевт ё психолог маслиҳат бояд гирифт. Ниг. низ Психогигиена.

А.Б. Бобоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …