Главная / Илм / Гигиенаи мард

Гигиенаи мард

gigienai-mardГигиенаи мард. Дар синни наврасӣ писарбачаҳо бояд малакаҳои Г. ш.-ро ҳосил кунанд, бадан, мӯй ва сарулибос тоза бошад. Калонсолон бояд наврасонро аз хусуси ихроҷи беихтиёри манӣ (одатан ҳангоми хоб рӯй медиҳад) огоҳ созанд, ба онҳо фаҳмонанд, ки эҳтилом дар айёми балоғати ҷинсӣ ҳодисаи табиист.
Мақсади асосӣ аз тарбияи ҷинсӣ он аст, ки наврас ҳиссиётро идора карда тавонад, ба ҳаёти ҷинсӣ нафақат аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз нуқтаи назари беҳдошт ҳам омода бошад. Наврасро аз алоқаи ҷинсии тасодуфӣ боздоштан ва оқибати бади онро фаҳмондан хеле муҳим аст.
Ҳар мард ва писарбача бояд узвҳои таносулро тоза нигоҳ дорад. Баъди эҳтилом ё муҷомаат, аъзои ҷинсиро бо оби гарм шустан лозим. Мардҳо бояд донанд, ки муҷомаат дар давраи ҳайз нафақат узвҳои ҷинсии занро иллатнок мекунад, балки боиси газаки пешоброҳаи мард (дар натиҷаи роҳ ёфтани лахтаи хун) низ мешавад.
Риояи қоидаҳои Г. ш. ба пиронсолон ҳам зарур аст. Тадбирҳои умумӣ, ғизои мураттаб (аз рӯи синну сол), истироҳат ва варзиши ҷисмонӣ нерӯи муҳофизати организми пиронсолонро ба кор андохта, муқобилати организмро ба бемориҳо афзун мегардонад. Доимо аз духтур маслиҳат пурсидан лозим, зеро кори ҷисмонӣ ва хурду хӯрок бояд бо синну сол ва вазъи саломатӣ мувофиқ бошад.
Ад.: Бобоев А., Беҳдошт, Д., 1995; Ҳамон муаллиф, Оздоровление условий труда строителей крупных гидроэлектростанций, Д., 1982; Ҳамон муаллиф, Общая гигиена, Д., 2008.

А.Б. Бобоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …