Главная / Илм / Гигиенаи бонувон

Гигиенаи бонувон

gigienai-bonuvonГигиенаи бонувон. Духтар бояд то синни наврасӣ оид ба қоидаҳои умумии Г. ш. тасаввуроти пурра дошта бошад, ба худ нигоҳубин карда тавонад. Модар, кормандони тиббии мактаб ё муаллима бояд ба духтар оид ба хусусиятҳои анатомию физиологии организми зан маълумот дода, фаҳмонанд, ки ҳайз ҳодисаи табиӣ буда, минбаъд мунтазам такрор мешавад. Агар духтар аз ин бехабар бошад, пас якбора пайдо шудани хун метавонад ба ӯ зарбаи рӯҳӣ расонад, давраи ҳайз халал ёбад. Ҳангоми дар давраи ҳайз бисёр рафтани хун, духтарчаро ҳатман ба духтури гинеколог нишон додан лозим аст.
Дар вақти ҳайз бинобар беқувват шудани организм таъсири микробҳои сироятӣ ба узвҳои таносул меафзояд. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои ҳайз аз паи тозагии сарулибос ва бадан шудан хеле муҳим аст. Ба духтарон қоидаҳоеро, ки дар вақти ҳайз риоя кардани онҳо шарт аст, бояд омӯзонд. Дар аснои мӯътадил ҷараён гирифтани ҳайз тарзи зисту зиндагӣ набояд тағйир ёбад. Метавон бо варзиши ҷисмонӣ машғул шуд, аммо ҷаҳиш, иҷрои машқҳои вазнин, велосипедронӣ, шиноварӣ, иштирок дар мусобиқаҳо мумкин нест. Тан, хусусан пой ва қисми поёни шикамро аз хунукӣ эҳтиёт кардан лозим. Шустани бадан дар зери душ беҳтар аст. Қабули ванна ҳам мумкин, аммо об бояд мӯътадил бошад. Рӯзе ду маротиба аввал даст ва баъд узвҳои таносулро бо оби гарму собун мешӯянд (аввал аъзои таносул, сипас рону мақъад). Бевосита дар тағора шустани узвҳои таносул норавост.
Ҳангоми ҳайз аз таҳгиракҳои махсуси гигиенӣ истифода мебаранд. Таҳгиракро дар як шаборӯз чанд маротиба иваз мекунанд, то ки хуни дар он шахшуда чатанро захмдор накунад. Ғайр аз ин, чанд трусии махсуси пахтагин ё трикотажӣ доштан лозим; трусиҳоро баъди шустан, дарзмол бояд кард. Дар синни наврасӣ ба масъалаи тарбияи ҷинсии духтарон диққат дода, ба онҳо мафҳуми «шарафу номуси духтарӣ», «шаъну эътибори зан»-ро фаҳмондан зарур аст.
Гигиенаи занҳо низ ҳамин қоидаҳоро дарбар мегирад. Духтарон дар бораи ҳаёти ҷинсӣ бояд чунин тавсияҳои беҳдоштиро донанд: Чунончи, баъди алоқаи ҷинсии аввалин муддати 2 – 3 рӯз аз муҷомаат худдорӣ кардан лозим аст (то ки пардаи кафидаи бақорат газак нагирад); дар рӯзҳои ҳайз ба алоқаи ҷинсӣ набояд роҳ дод, зеро микробҳо ба роҳи таносул афтода, хунравӣ пуршиддат шавад; дар давраи ҳайз ғасли маҳбал манъ аст; муҷомаат бояд дар муддати 2 – 3 моҳи аввали ҳомилагӣ маҳдуд ва 2 моҳи охири пеш аз таваллуд комилан қатъ гардад; алоқаи ҷинсӣ дар муддати 6 – 8 ҳафтаи баъди таваллуд низ манъ аст. Агар зан бо ягон сабаб кӯдакдор шудан нахоҳад, пас оид ба тадбирҳои пешгирии ҳамл бояд аз духтур маслиҳат пурсад (дар ин сурат бо исқот ҳоҷат намемонад).
Дар давраи климакс ғайр аз тадбирҳои умуӣ ва нигоҳубини узвҳои таносул, ҳар рӯз бо сачоқи тар пок кардани бадан, варзиши ҷисмонӣ, сайругашт дар ҳавои тоза, ғизои хушсифат тавсия мешавад. Бонувони аз ҳайз мондаро лозим аст, ки соле ду маротиба, хусусан ҳангоми пайдо шудани тарашшӯҳи узвҳои таносул, ба духтури гинеколог муроҷиат кунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …