Главная / Илм / ГИГИЕНА

ГИГИЕНА

ГИГИЕНА (Hygiena; юн. hygieinos – солим), беҳдошт, як соҳаи илми тиб, ки таъсири муҳити зист ва фаъолияти меҳнатиро ба саломатии инсон омухта, талаботи шароити беҳтарини меҳнату зиндагии аҳолиро пешниҳод менамояд.
Г. илми мураккаб ва серсоҳа аст. Тараққиёти Г. мисли илмҳои дигар таърихи дуру дароз дорад. Дар бораи Г. дар маҷмӯаи қонунҳои Ҳиндустон, Миср ва Хоразм маълумот дода шудааст. Тавсифу тарғиби беҳдошт дар тибби қадими халқӣ, хусусан дар тибби мардуми Шарқ, мақоми хоса дошт. Алӣ ибни Раббон, Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ, Алӣ ибни Аббос, Маҷусии Аҳвозӣ, Абӯалии Сино, Юсуф ибни Муҳаммад, Муҳаммад Ҳусайн, Султон Алии Хуросонӣ ва диг. дар рисолаҳои тиббии худ дар бораи қоидаҳои умумии ҳифзи тандурустӣ, пешгирии беморӣ, таъсири хӯрок ба организм, вобастагии саломатӣ ба миҷозу ғизо, таъсири табиат, иқлим, манзилгоҳ ва ғ. маълумот додаанд.
Г. соҳаҳои гуногун дорад, мас., Г.-и умумӣ, Г.-и коммуналӣ, Г.-и тағзия, Г.-и меҳнат, Г.-и кӯдакону наврасон, Г.-и ҳарбӣ, Г.-и радиатсионӣ, Г.-и кайҳонӣ ва ғ.
Гигиенаи коммуналӣ таъсири омилҳои муҳитро ба саломатӣ ва шароити санитарии зисти аҳолӣ меомӯзад. Меъёри беҳдошт ва тадбирҳои санитарие, ки аз омӯзиши омилҳои муҳит бармеоянд, барои таъмини шароити хуби зиндагии аҳолӣ заруранд. Г.-и коммуналӣ омилҳои номусоиди химиявӣ, физикию биологии муҳити зистро омӯхта, қоидаҳои санитарӣ, тартибот ва меъёрҳои беҳдошти ҳавои атмосфера, об, ҳифзи санитарии обанборҳо, хок, ҷойҳои аҳолинишин, хонаҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятиро муайян менамояд. Риояи қоидаҳои санитарӣ, тавсияи беҳдоштӣ ва меъёрҳои онро Умури санитарию эпидемиологӣ тавассути Стансияҳои санитарию эпидемиологӣ назорат мекунад. Фақат баъди иҷозати органҳои назорати санитарӣ ба сохтмон, таъмир ва истифодаи иншооти коммуналӣ сар кардан мумкин аст. Муҳандисон, бинокорон, меъморон низ ба ҳалли масъалаи Г.-и коммуналӣ ҷалб карда мешаванд.
Гигиенаи тағзия масъалаи тағзияи мураттаб ва хушсифати одами солимро меомӯзад (ниг. Тағзия). Масоили ғизои беморон ва тағзияи муолиҷавиро диетология тадқиқ менамояд (ниг. Парҳез). Мақсади Г.-и тағзия асоснок кардани реҷаи мувофиқи хурду хӯроки аҳолӣ ва пешгирии бемориҳоест, ки онҳо ҳангоми дар хӯрок нарасидани моддаҳои ғизоӣ ё дар натиҷаи тавассути хӯрок ба организм роҳ ёфтани мавҷудоти бемориовар, токсинҳо ва ғ. пайдо мешаванд.
Зимни тадқиқи тағзияи одами солим синну сол, касб, таҳмили ҷисмонӣ ва асабию рӯҳӣ дар айёми меҳнат, шароити зиндагӣ, инчунин хусусиятҳои миллӣ ва иқлимию ҷуғрофиро ба ҳисоб мегиранд. Г.-и тағзия меъёри хурду хӯрок, тадбирҳои пешгирии авитаминоз ва гиповитаминоз (ниг. Витаминкоҳиш)-ро дарёфт менамояд. Муқаррар сохтани сарфи энергияи организм ва эҳтиёҷоти он ба сафеда, равған, ангиштоб, витамин ва намакҳои минералӣ вазифаҳои муҳими Г.-и тағзия маҳсуб мешаванд. Афзудани шумораи кӯҳансолон дар назди Г.-и тағзия масъалаи аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани реҷаи тағзияи онҳоро ба миён гузошт. Г.-и тағзия сифати кори муассисаҳои хӯроки ҷамъиятӣ, саноати хӯрокворӣ ва муассисаҳои савдоро назорат карда, аз моддаҳои зарарнок олуда шудани хӯроквориро пешгирӣ мекунад, барои роҳ надодан ба заҳролудӣ ва интоксикатсия тадбирҳо меандешад. Г.-и тағзия аҳамияти биологӣ, таркиби химиявӣ ва калорияи хӯрокворӣ, инчунин маҳсулоти хӯрокии навро таҳқиқ мекунад. Зери назорати санитарӣ гирифтани лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба кор андохтани муассисаҳои саноати хӯрокворӣ, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ вазифаи шӯъбаҳои Г.-и тағзияи бунгоҳҳои санитарию эпидемиологӣ мебошад.
Гигиенаи меҳнат (гигиенаи касбӣ) таъсири ҷараёни меҳнат ва муҳити истеҳсолотро ба организми коргарон меомӯзад. Мақсади он муайян кардани меъёрҳои санитарӣ, беҳдоштӣ, муолиҷавӣ, андешидани тадбирҳо баҳри фароҳам сохтани шароити хуби меҳнат ва истироҳати одам аст.
Дар шароити истеҳсолоти саноатӣ ба одам аксаран ҳарорати баланд ё пасти ҳаво, гармӣ, чангу ғубор, моддаҳои зарарноки химиявӣ, ғалоғула, вибратсия, мавҷҳои электромагнитӣ ва диг., омилҳое, ки боиси ихтилоли саломатӣ ва паст шудани қобилияти меҳнатӣ мегарданд, таъсир мерасонанд. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани таъсироти ногувор ҷараёни истеҳсолот, таҷҳизот ва масолеҳи коркарди саноатӣ ҳаматарафа омӯхта мешаванд. Ғайр аз ин, шароити санитарии меҳнат (омилҳои метеорологӣ, чангу ғубори ҳаво, ғалоғула, вибратсия, ултрасадо ва ғ.), ҷараёни кор, тағйири функсияҳои физиологӣ (дар вақти кор) тадқиқ мегарданд. Вазъи саломатии коркунон (бемориҳои умумӣ ва касбӣ), инчунин самари беҳдоштии дастгоҳу механизмҳо (ҳавокаш рӯшноидеҳ), таҷҳизоти маишию санитарӣ ва васоити муҳофизати шахсӣ низ муфассал тафтиш карда мешаванд.
Ба роҳ мондани конвейер, механиконӣ ва автоматонии истеҳсолот коргаронро аз меҳнати вазнин озод кунад ҳам, фаъолияти мураттаби асабия ва босираро талаб менамояд. Ҳангоми иҷрои корҳои мураккаб реҷаи меҳнат ва истироҳат бояд маҳсули меҳнатро баланд бардорад, ба фаъолияти физиологии организм таъсири номатлуб нарасонад.
Барои ҳалли масоили Г.-и меҳнат мутахассисони соҳаҳои гуногун, конструкторони мошину дастгоҳҳо, технологу бинокорон ҷалб карда мешаванд.
Гигиенаи кӯдакон ва наврасон ба омӯзиши масоили муҳофизат ва мустаҳкам кардани саломатии кӯдакону наврасон машғул буда, барои ташкили раванди таълиму тарбия ва меҳнат дар мактабҳо, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ва муассисаҳои бачагона тавсияҳои беҳдоштӣ пешниҳод мекунад.
Тадқиқоти олимон дар соҳаи Г.-и кӯдакон ва наврасон беҳдошти таълим, тарбия ва меҳнат, таъсири омилҳои муҳитро ба организми кӯдакон фаро мегиранд.
Духтурони шӯъбаҳои дармонгоҳҳо ва мактаб ҳолати ҷисмонӣ ва инкишофи мактаббачагон, дуруст ташкил намудани тарбияи ҷисмонӣ, сарбории таҳсил, реҷаи санитарии мактаб ва муассисаҳои бачагонро назорат мекунанд (ниг. Синни томактабӣ, Синни наврасӣ, Синни мактабӣ).
Дар Тоҷикистон аввалин пажӯҳишҳои гигиенӣ с. 1932 ба роҳ монда шуданд. Дар шӯъбаи Г.-и Ин-ти эпидемиология ва гигиена (ҳоло Ин-ти пешгирии бемориҳо) дар робита бо барномаи тадқиқи вазъи беҳдошт ва санитария оид ба масоили таъмини об, тавсифи санитарии ноҳияҳо, муҳофизати ҳавои атмосфера, таъсири моддаҳои химиявии соҳаи кишоварзӣ ба саломатии одамон, Г.-и ғизо ва ғ. тадқиқоти ҷолиб анҷом пазируфтанд. Устодони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ дар ҳалли бисёр масоили Г. саҳми назаррас доранд. Дар донишгоҳ с. 1941 кафедраи гигиена ва экология ташкил карда шуд. Солҳои аввал кормандони кафедра оид ба таъмини маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ бо оби ошомиданӣ тадқиқот гузаронданд. Минбаъд онҳо ба омӯзиши Г.-и меҳнат, бемориҳои касбӣ, истифодаи заҳрҳои ҳашароткуш дар шароити кӯҳистон, шароити меҳнати коргарони Нерӯгоҳи обии барқи Норак, Корхонаи электрохимиявии Ёвон, корхонаҳои нассоҷии ш-ҳои Душанбе ва Хуҷанд, Заводи алюминийи Тоҷикистон ва ғ. машғул шуда, тавсияҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

А.Б. Бобоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …