Гидросфера чист? Дар сатҳи Замин об моддаест, ки дар сатҳи Замин васеъ паҳн гардидааст. Вай дар се ҳолат дучор мешавад: сахт, моеъ ва бухор. Аз ҳамин сабаб об на фақат дар уқёпусҳо, баҳрҳо, инчунин дар хушкӣ (дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, ботлоқхо, пиряхҳо, обҳои зеризаминӣ) ва қабати поёнии атмосфера (ҳамчун буғи ноаён) дида мешавад.
Ҳамаи онҳо якҷоя қабати обии Заминро ташкил медиҳанд, ки онро гидросфера меноманд. Қариб 94 фоизи таркиби онро оби уқёнусҳо ва баҳрҳо ташкил медиҳанд, 4 фоизи боқимондa ба обҳои зеризаминӣ 1.6 фоиз ба пиряхҳои Арктика ва Антартика ва 0,4 фоиз ба обҳои сатҳи хушкӣ, рутубатн қабати атмосфера ва хок рост меояд . Обҳои сатҳи Замин на фақат бо ҳолат (сахт, моеъ, буғ), инчуиин бо таъму ранг худ фарқ мекунанд. Оби уқёнус ва бахрхо, ки 71 фоизи Заминро ишғол менамоянд, шӯранд. Тақрибан 2,5 фоизи оби сатҳи Замин ширии мебошад. Онро инсоният ба мақсадҳон гуногун истифода мебарад, чунки ягон амалиёти хоҷагидории инсои бе иштироки об ба сомон намерасад. Бе об бисёр чизҳои зиндаи табиат ҳам ба миён намеоянд ва зоҳир намегарданд.
Ғайр аз ин, мавҷуд будани пардаи обии сатҳи Замин намегузорад, ки ҳавои он аз ҳад зиёд гарм ва ё сард шавад. Ин табиат ва ҳаёти рӯи Замин аҳамияти калон дорад.
Гардиши об дар табиат. Дар сатҳи Замин ҷое нест, ки дар он об набошад. Дар об қариб ҳамаи моддаҳо ҳал мешаванд. Бинобар ин қабати обии Замин аз моддақои ҳалшуда бой аст. Ҳалшавии онҳо ба гардиши об дар табиат вобаста мебошад. Кумаи ҳаракатдиҳанда ва асосии гардиши об гармии нури Офтоб мебошад. Таҳти таъсири он дар сатҳи Замин гардиши ва калони об ба амал меояд.
Ҳангоми ба рӯи Замин расидани нури Офтоб сатҳи хушкӣ ва уқёнуси Олам гарм мешавад. Дар натиҷа аз сатҳи онҳо мунтазам об бухор мегардад. Бухоршавӣ дар сатҳи уқёнусҳо нисбат ба сатҳи хушкӣ 6,6 маротиба зиёд мебошад. Оби аз сатҳи уқёнусҳо ва хушкӣ бухоршуда ба боло ҳаракат мекунад. Дар баландиҳои он вобаста ба тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво аз он абр ҳосил мешавад, ки дар худ миқдори муайяни рутубат дорад. Ҳангоми ҳаракати абрҳо зарраҳои намӣ бо ҳамдигар бархӯрда, ба зарраҳои калони об ва ё яхча табдил меёбанд ва дар шакли борону барф ба сатҳи уқёнусхо ва хушкӣ мерезанд. Ин ҳодисаро гардиш хурди об дар табиат меномаид. Аммо оби аз сатҳи уқёнусҳо бухоршуда як қисмаш ҳамчун боришот ба он бармегардад, қисми дигари он ҳамчун абр ба воситаи ҷараёни ҳаво ба хушкӣ мегузарад.
Дар ин сурат гардиши об хусусияти дигар мегирад, Яъне он рутубате, ки ҳамчун боришот аз абрҳо ба сатҳ хушкӣ мерезад, қисман бухор шуда, ба атмосфера бозмегардад. Боқимондаи он ба дарёҳо, кӯлҳо, ботлоқзорҳо ҷорӣ мегардад. ба қабати Замин заҳида меравад, хокро нам ва обҳои зеризаминиро пурра мекунад, дар сатҳи пиряхҳо ҳамчун барф боқӣ мемонад. Дар охир он рутубате, ки аз уқёнусҳо бо ҷараёни ҳаво ба сатҳи хушкӣ гузаштааст, ба воситаи обшавии пиряхҳо барфҳои доимӣ яхпораҳои шинокунанда, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ боз ба уқёнус бармегардад. Инро гардиши бузурги об дар табиат мегӯянд. Онро чунин ифода кардан мумкин аст.
Аҳамняти Гарднши об дар табиат. Гардиши об бо ҳам алоқамандии қисмҳои таркибии гидросфера (қабати обин Замин), Уқёнуси Олам, оби хушкӣ ва рутубати атмосфераро таъмин менамояд. Ин алокамандй барои дар уқёнусҳо, баҳрҳо, хушкӣ ва атмосфера паҳн гардидани ҳаёт мусоидат менамояд. Ба туфайли он ҳаёт на фақат дар сатҳи хушкӣ ва дар уқёнус, инчунин дар қабати атмосфера ва хок вуҷуд дорад.
Мубодилаи гармй ва намӣ байни хушкию уқёнус ва хушкию уқёнусу атмосфера ҳам ба гардиши об вобаста аст, чунки барои як дараҷа гарм кардани як литр об нисбат ба гарм намудани ҳамин миқдор ҳаво ҳазорҳо маротиба бештар гармй сарф мешавад. Аз ин рӯ, обе, ки аз сатҳи уқёнус буғ мешавад, дорои гармии зиёди ниҳонӣ мебошад. Ҳангоми бо ҷараёни ҳаво ба хушкӣ ҳаракат кардан аз буғ абр ҳосил шуда, бориш мешавад. Гармин ниҳонй озод шуда, ҳаворо гарм мекунад. Аз ҳамин сабаб ҳаво ҳангоми боридани боришот нисбат ба ҳавои бебориш гармтар аст. Аз се ду ҳиссаи гармии аз Офтоб ба Замин воридшавандаро уқёнус ба худ мегирад. Пас маьлум мешавад, ки он гармӣ на ҳамааш барои буғ кардани об сарф мешавад, балки як қисми он бо ҷараёни об ба қабатҳои поёни уқёнус фаромада, захира мегардад. Ин гармиро уқёнус охҳиста- оҳиста аз худ хориҷ намуда, дар зимистон ҳавои сатҳи Заминро гарм нигох медорад.
Ҳамин тавр, дар рафти гардишн ниҳоят мураккаби об дар сатҳи Замин тақсимоти васеи рутубату гармӣ ба амал меояд, ки дар он ба ҳам алоқамандии кисмҳои гидросфера мавқеи асосӣ дорад. Бояд дар хотир дошт, ки ин алоқамандӣ на фақат дар паҳншавии ҳаёт, мубодилаи рутубату гармӣ, балки дар мубодилаи моддаҳои минералӣ зоҳир мегардад. Яъне обе, ки аз атмосфера ба сатҳи хушкӣ ба шакли боришот мерезад, дар таркиби худ ғайр аз оби соф дигар омехта надорад. Ҳангоми аз қабати ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ захида гузаштани об таркиби он тағйир меёбад. Об ҳама гуна моддаҳоро шуста, ҳал намуда, ба худ ҳамроҳ менамояд. Аз обҳои зеризаминӣ дарёҳо, кӯлҳо, ботлоқҳо об мегиранд. Ин об ба воситаи дарёҳо ба уқёнус бармегардад ва бо худ Ҷинсҳои тахшинӣ ва моддахои ҳалшудаи минералиро бурда, Дар уқёнус таҳшин мекунад. Аз онҳо оҳиста-охиста қабати ғафси ҷинсҳои таҳшин ташаккул меёбад. Баьд ин тахшинхо дар натиҷаи ҳодисаи кӯҳпайдошавӣ бардошга ва чин шуда, ба хушкӣ табдил меёбанд.
Оби аз хушкӣ ба уқёнус дохилгардида ҳолати ибтидоии худро тағйир медиҳад. Хосияти нави химиявӣ ва физикӣ пайдо мекунад. Ҳангоми бухор шудани оби уқёнус моддаҳои дар он халгардида таҳшин мешаванд. Оби бухоршуда аз сари нав ҳолати аввалаи худро мегирад. Ин гардиши беинтиҳо буда, мунтазам давом мекунад.
Савол ва супориш
- Гидросфера чист?
- Қисмҳои таркибии гидросфераро номбар кунед.
- Дар табиат об чӣ тавр гардиш мекунад?
- Гардиши хурди об аз гардиши бузурги об чӣ тафовут дорад?
- Гардиши об дар табиат чӣ аҳамият дорад?