Главная / Гуногун / ГЕРМАНИЯ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

ГЕРМАНИЯ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

Анҷомёбии мутаҳидшавии Германия. Моҳи январи соли 1871, вақте ки сипоҳиёни Германия шаҳри Парижро муҳосира карда буданд, шоҳони давлатҳои германиявй дар шаҳри Версали Фаронса ҷамъ омада, масъалаи муттаҳид кардани давлатҳои худро муҳокима карданд. Нишасти шоҳҳои давлатҳои германиявй дар шаҳри Версал шоҳи Пруссия Вилгелми I-ро императорн тамоми Германия эълон карда, бо ҳамин аз Баҳри истиқлолият гузаштанд.

Моҳи апрели ҳамон сол Рейхстаги Муассисон Конститутсияи умумигерманнявиро кабул кард. Мувофики он империям Германия давлати иттифокй гардид. Ба он 22 хокими мутлақ бо шохигарй ва хокимин хурд ва 3 шаҳри озод – Любек. Бремен ва Гамбург дохил шуданд. Элзас ва Лотарингия ба ханати Германия ҳамчун “музофотҳои имперн” ҳамроҳ гардиданд. Онҳоро ноиб аз коми император “шгатгалтер” идора мекард. Баъзе давлатҳон ба ханати империя дохилгарднда конститутсия ва муассисаҳои намояндагии давлатҳон худро нигоҳ доштанд.

Сохти сиёсни Германия. Мувофиқи конститутсия ҳокимият дар империя дар дасти император ва канслер буд. Мақоми олии намояндагии империя Шӯрои иттифоқ ва Рейхстаг буданд. Конститутсияи империя тавре тартиб дода шуда буд, ки он ҳокимиятро амалан ба дасти Пруссия медод. Танҳо шоҳи Пруссия метавонист императори Германия бошад. Император ба қувваҳои мусаллаҳи империя сарфармондеҳ буд, аз номи империя ҷанг эълон мекард, сулҳ мебаст, дар арсаи байналхалқи аз номи империя камояндагй мекард. Ӯ метавонист шӯрои иттифоқ ва рейхстагро даъват ва ё пароканда кунад.

Иттифоқ танҳо як вазир дошт – канслер. Ӯ фақат ба император итоат мекард. Император канслерро таъйин ва аз вазифааш сабукдӯш менамуд. Канслер дар назди рейхстаг масъул набуд.

Канслери аввалини империям Германия Отто Бисмарк буд. Дар зарфи 20 сол аз соли 1871 то соли 1890 – ў мамлакатро идора мекард. Бисмарк сиёсатмадори барҷаста буд. Император Вилгелм, ки он қадар хавсала ва кобилияти идоракунин давлатро надошт. ҳамеша фикру ақида ва хулосаҳои Бисмарк розй мешуд.

Ба рейхстаг, ки он мақоми намояндагии умумигерманиявй буд, вакилон ба мӯхлати 5 сол итихоб карда мешуданд. Конститутсия ҳуқуқи интихоботиро ба мардҳои аз 25-сола боло дод.

Шӯрои итгифоқ палатаи болоии парламент ба ҳисоб мерафт Онро интихоб намекарданд. Ин шӯро аз намояндагони собиқ шоҳигарию ҳокимии тамоми Германия иборат буд. Аз 58 ваколатномаи шӯро 17-тояш аз Пруссия буд. Ин ҳолат имконият медод, ки қонуну қарорҳое, ки ба табъи вакилони Пруссия мувофиқ набуданд, нагузоранд, ки қабул шаванд. Ранси шӯрон иттифоқ канслер буд.

Империям Германия давлати политсиявию коммутлақияту нимдемократй буд. Ҳукуматдорони пруссиявӣ расму ойинҳо ва одатҳои ин музофотро дар тамоми империя паҳн мекарданд. Мардум дар рӯҳияи бар дигар халқҳо афзалият доштани халқи немис ва ҷангҷӯй тарбия карда мешуд.

Пешравнн саноати Германия. Баъд аз муттаҳидшавй империяи Германия тез тараққӣ мекард. Дар як муддати кӯтоҳ он аз Англия ва Фаронса пеш гузашт. Соли 1912 дар Германия истеҳсоли чуян нисбат ба Фаронса 5 маротиба зиёд шуд. Сохтмони роҳҳои оҳан аз 21 47, киломегри соли 1871 дар соли 1900 ба 49 878 километр расид.

Заводҳои химиявии Германия аз се ду ҳиссаи рангҳои ҷаҳонӣро истеҳсол мекарданд. Дар ин давра қариб тамоми саноати бофандагии ҷаҳонй газворро бо рангҳои дар Германия истеҳсол карда рангубор мекард.

Дар натиҷаи марказонидани саноат молҳои саноатй бештар дар фабрикаҳои калон истеҳсол карда мешуданд. Дар байни онҳо заводҳои пӯлодгудозй ва аслиҳасозии Крупи мавқеи намоёнро ишғол карданд. Соли 1875 дар корхонаҳои ин соҳибкори калон ҳамагӣ 122 нафар коргарону мутахассисон кор мекарданд, лекин дар охири аср 45 ҳазор нафар ва дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ бошад. зиёда аз 80 ҳазор нафар коргарону механикҳо ва муҳандисон кор мекарданд.

Солҳои 1871-1873 дар империям Германия системам ягонаи маркам тиллой ҷорй карда шуд. Соли 1875 банки Пруссия ба банки Империя мубаддал гардид. Он ба тараққиёти босуръати иқтисодии Германия кӯмак расонид.

Аз Фаронса кашида гирифтани музофотҳои бойи Элзас ва Лотарингия ва товони 5-миллиард франки ҷангй аз ин давлат ситонидашуда низ ба нафъи тараққиёти саноати Германия кор фармуда шуданд. Табаддулоти саноатие, ки дар солҳои 90-ум ба охир расид, Германияро дар Европа ба ҷои аввал ва дар ҷаҳон баъд аз ИМ А ба ҷои дуюм баровард.

Ба вуҷуд омадани инҳисорҳо. Дар асоси марказонидани истехсолот шумораи итгиҳодияҳои инҳисорӣ мунтазам зиёд мешуд. Дар Германия шакли аз ҳама маъмули инҳисорҳо картелҳо ва синдикатҳо буданд. Ин инҳисорҳо иттифоқи корхонаҳое буданд, ки соҳибони онҳо бо роҳи созиши якҷоя нархи навои молҳои истеҳсол кардан худро дар дараҷаи муайян нигоҳ медоштанд, хаҷми истеҳсоли молро муайян менамуданд, бозори молфурӯширо дар байнн худ тақсим мекарданд ва ғайра.

Баъзеи онҳо ниҳоят калон шуда буданд. Масалан, синдиката ангиштистеҳсолкунии Рейн-Вестфалия дар соли 1910 ба 95,4 фоизи истеҳсоли умумии ангишти музофот назорат мекард. Дар саноати маъданкоркунй синдикате ба вуҷуд омад, ки ҳамаи заводҳои пӯлодгудозиро муттаҳид намуд. Саноати вазнини мамдакат дар дасти 30 инҳисорӣ пурқувват буд: консернҳои Крупп, Тиссен, Стиннес ва дигарон. Саноати электротехники аз тарафи ду ширкаги калонтарин назорат карда мешуд: “Симменс- Галске” ва “АЗГ”. Дар саноати химиявй ду гурухи инҳисор ташаккул ёфтанд. Дар киштисозй ду ширкат инҳисор буданд: “Ллойди Германияи Шимолй” ва “Гамбург-Америка”.

Картелхо ва синдикатхо бо банкҳо сахт алокаманд буданд. Соли 1899 нӯх банк то 83 фоизи сармояи банкии Германияро дар ихтиёри худ доштанд. Соҳибони корхонаҳои саноатй маъмулан аъзои раёсати банкҳо буданд. Банкчиён бошанд, дар идорзи корхонаҳо вазифаҳои маъмуриро ба ӯҳда доштанд. Як банки Германия, ки 3 млрд марка сармоя дошт, дар 200 корхонаи саноати саҳмдор буд, яъне банкҳои Германия дар сохгани корхонаҳои саноатй фаъолона иштирок мекарданд.

Дар охири асри XIX – а ввали асри XX ба хориҷа баровардани сармоя барои Германия аҳамияти калон пайдо кард. Сармоядорон маблағҳои худро ба иқтисодиёти Европаи Ҷанубу Гарбй, Шарқи Наздик ва Америкаи Ҷанубӣ мебароварданд. Сармояи ба хориҷа содиркардаи Германия дар соли 1912 6а 12,5 млрд ва дар соли 1914 бошад, ба 44 млрд франк расид. Сармоядоронн германиявй аз содироти сармоя даромади бузург ба даст медароварданд.

Вазъи кишоварзия Германия. Дар Пруссияи Шарқи заминҳои помешикҳо (заминдор) майдони сеяки тамоми киштзорҳоро дар бар мегирифтанд, дар Померания бошад, қариб нисфи онро. Хоҷагии помешикии сармоядорин пруссиявй боқимондаҳои зиёди крепостнойиро нигоҳ медошт. Помешикҳои Германия дар хоҷагиҳои худ меҳнати кирояро истифода мебурданд. Батракҳо (коргарони кироя) аз помешикҳо қитьаи заминро иҷора гирифта, ба ивази он вазифадор буданд, ки ҳангоми кишгукору ҷамъоварии ғалладона бо ҳамроҳии ахли оилаашон дар замини помешик кор кунанд.

Дар ғарбтари дарёи Элба помешикон камтар ва хоҷагиҳои майдаю миёнаи деҳқонй зиёдтар буданд. Дар деҳоти ин ҷо гроссбауэрҳо. яъне помешикҳои калон ҳукмронй мекарданд.

Дар Германияи Ҷанубӣ – Баден, Бавария, Вюртемберг ҳам хоҷагиҳои деҳқонии миёнаю хурд аз хоҷагиҳои калон бисёртар буданд.

Ин вақт дар тамоми Германия то 3 миллион нафар деҳқонони камзамин буданд, ки ҳар кадоми онҳо то 2 га замни доштанд. Ингуна хоҷагиҳо нисфи умумии хоҷагиҳои деҳконии Германияи хамонвақтаро ташкил мекарданд. Соҳибони асосии замни ва ҳокимият юнкёрҳо ва гроссбауэрҳо (деҳқонони бадавлат, ки дар заминҳояшон батракҳоро кор мефармуданд) буданд.

Сиёсати таҷовузкоронаи хориҷии Германия. Империализми Навони Германия ба арсаи сиёсати ҷаҷонй баромад. Дар охири асри XIX – аввапи асри XX мубориза барон бозорҳо ва тайёрй барои бо зӯрӣ аз нав тақсим кардани ҷаҳон мақсади асосии сиёсати хориҷии ин империя гардид.

Бисмарк дар назди худ вазифа гузошт, ки мавқеи байналхалқии Германияро пурзӯр кунад. Барой ҳамин соли 1873 бо Русия ва Австро-Венгрия шартнома баст. Дере нагузашта Фаронса лашкари хуб мусаллаҳшуда ташкил намуд. Бисмарк фикр кард, ки Фаронса барои Элзас ва Лотарингия аз Германия қасос гирифтанй аст. Канслер ният дошт, ки Германия бар зидди Фаронса ҷанг cap кунад.

Вале ба ин кор Англия ва Русия монеъ шуданд. Онҳо аз ҳад зиёд пурзуршавии Германияро намехостанд. Германия ҳам ба Русия халал мерасонд, вале аз ҷанги зидди вай метарсид. Баъд аз ғалаба бар Туркия дар ҷанги солҳои 1877-1878 маҳз Бисмарк нагузошт, ки Русия аз самараи ғалабааш бар Туркия истифода барад. Конференсияи байналхалқии соли 1878-и Берлин маҳз бо “ёрии” ӯ ба музаффариятхои Русия бар Туркия хати батлон кашид. Баъди ин муносибатҳои байни Германия ва Русия боз ҳам тезу тундтар шуданд.

Сиёсати хориҷии Германия сол то сол хусусияти тачовузкорона мегирифт.

Тараққиёти сармоядории инҳисорӣ Германияро водор мекард, ки ба аз нав тақсим кардани чаҳон тезтар шурӯъ кунад. Ба вай дар ин ҷанг иттифоқчиён даркор буданд. Соли 1879 ба Германия муяссар шуд, ки бо Австро-Венгрия итгифоқи ҳарбй бандад. Соли 18-82 ба ин иттифоқ Италия ҳам дохил гардид (Дар хусуси ташкилёбии ин паймони ҳарбй, ки он “Иттифоки Сегона” ном дорад, дар параграфҳои 1 ва 2 муфассалтар сухан ронда шудааст). Забткорихон аввалннн империяи Германия. То миёнаҳои солҳои 80-ум Германия дар Европа сиёсати контнненталиро пеш мебурД. Мохияти он дар ин қитъа мустахкам кардани мавқеи Германия буд. Соли 1884 Германия дар Африка ба амалиёти фаъолона шурӯъ кард. Моҳи апрели ҳамон сол точири бременй Яюдеритс днмогаи Ангоа-Пекинро, ки дар соҳилхои ҷанубу ғарбии Африка аст, ба зери итоати Германия даровард. Худи ҳамон сол Германия Того. Камерун, қисми шимолии Гвинея ва чазирахои назди Гвинеяро забт намуд. Соли 1885 дар шаркии Африка заминеро ҳамроҳи ҷазираи Занзибар ишғол кард, ки он баъдтар “Африкаи Шаркии Германия” ном шрифт.

Баъди забти мустамликаҳои номбурда ҳукумати Германия қарор дод, ки флоти пурзӯри тиҷоратй ва харбй бунёд созад. Барон ин рейхстаг маблаш зарурй ҳам ҷудо кард. Германия ба ҷангҳои нави истилогарона тайёрй медид.

Дар солҳои 90-ум сармоядорони калонтарин ва юнкёрҳо нақшаи ҳукмронӣ ҷаҳон шудани Германияро тартиб доданд. Онҳо мақсад доштанд, ки империяи бузурги мустамликадории Германияро ташкил намоянд.. Кияз фон Бюлов, ки баъд аз Отто Бисмарк канслер таъйин шуда буд, боре рӯйрост изҳор кард: “Акиун он давраҳое, ки халқҳои дигар замину обро дар байни худ тақсим мекарданду мо танҳо ба осмони кабуд қаноат мекардем, гузашта рафтанд… Мо ҳам барои худ дар зери офтоб ҷой талаб мекунем”.

Германияи империалисти ин гуфтаҳои канслер Бюловро татбиқ мекард. Дар охири солҳои 90-ум немисҳо нимҷазираи Шандуни Чинро забт карда, дар ин ҷо барои худ пойгоҳи ҳарбй сохтанд. Дар Уқёнуси Ором галлачазираҳои Маршалл, Королин ва Марнанро ба даст дароварданд. Дар соли 1900 бошад, лашкари Германия бо ҳамроҳии сипоҳиёни давлатҳои дигари империалиста дар ҷазодиҳиҳои ваҳшиёнаи мардуми Чин иштирок карданд.

Баъди Шарқи Дур диққати империалистони Германия боз ба Африка ҷалб шуд. Онҳо Марокаш ва Гибралтарро забт карда, дар он ҷойҳо бар зидди рақиби асосии худ – Англия пойгохҳҳои ҳарбй сохтанд.

Империалистони Германия ба Шарқи Наздик ҳам бо чашмони харисона менигаристанд. Ин чоро ҳам ба даст Дароварданй буданд. Барои ин кор императори Германия Вилгелми II соли 1898 бо баҳонаи зиёрати “тобути худо” ба Фаластин сафар кард. Дар роҳ ӯ бо султони Туркия вохўрда. дар бораи сохтани роҳи охаче, ки бояд аз Босфор оғоз ёфта, ба воситаи Осиёи Хурд ба Багдод ва то ба халиҷи Форс мерасид, гуфтушунид карда» розигии ӯро гирифт. Ин роҳи оҳан Германияро бо Осиё мепайваст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …