Главная / Илм / ГЕРИАТРИЯ

ГЕРИАТРИЯ

geriatriyaГЕРИАТРИЯ (Geriatria; аз юн. geron – пир ва iatreia – муолиҷа), як фасли геронтология. Г. масъалаи кӯмаки тиббӣ ба пиронсолон, хусусиятҳои бемориҳои пирӣ, табобат ва пешгирии онҳоро тадқиқ менамояд. Бисёр масъалаҳои Г. ба табибони қадим низ маълум буданд. Як бахши махсуси «Ал-Қонун»-и Абӯалии Сино ба тадбири пирон бахшида шудааст. Бахши мазкур аз фаслҳои ғизои пирон, шароби пирон, кушодани суддаҳои пирон, масҳи пирон, варзиши пирон иборат мебошад. Мас., дар фасли ғизои пирон омадааст, ки «Ғизои пирро бояд ба бахшҳои кам – кам ҷудо намуд ва онро ба ҳасби қувваи гувориш ва нотавонии он ду ё се бор дод. Бояд соати се нони хуб сохташуда бо ангубин бихӯранд ва соати ҳафт пас аз гармоба чизе бихӯранд, ки шикамро нарм созад… Бояд аз хӯрдани ғизои ситабре, ки савдо ва ё балғам бизояд ва аз ҳар чизи гарми тези хушкифизо, аз қабили комаҳо ва дегафзорҳо парҳез кунад, магар ба тариқи доругӣ истифода барад… Пиронро бо равған, хусусан бо равғани зайтуни хуш ҳуқнарезӣ кардан судманд аст, чаро ки бар асари он изофа ба истифроғ андомҳои дарунӣ нарм хоҳад шуд …».
Дар ашхоси аз 75 – 80-сола боло бинобар тағйироти синнусолӣ ва патологӣ баъзе узву системаҳо заиф мешаванд. Дар натиҷа бисёр бемориҳои пиронсолон ба таври номахсус ҷараён мегиранд. Тағйироти синнусолӣ қабл аз ҳама дар мағзи сар, системаи дилу рагҳо, роҳҳои пешобгузар ва дастгоҳи такяву ҳаракат ба вуҷуд меоянд. Аз ин лиҳоз тира шудани ақл, депрессия, чакмезакӣ, гоҳо беҳушӣ нишонаҳои бисёр амрозе мебошанд, ки дар давраи пиронсолӣ ба мушоҳида мерасанд.
Қобилияти ҷубронсозии организми ашхоси солхӯрда хеле суст аст. Бинобар ин аломатҳои бисёр бемориҳо дар одамони пиронсол нисбат ба ҷавонон дар давраҳои аввали маризӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар онҳо ҳатто мумкин аст тиреотоксикози сабук ҳам боиси иллати дил ва андаке калон шудани ғадуди простата муҷиби наомадани пешоб гардад.
Одамони пиронсол бисёр вақт ба саломатии худ эътибор намедиҳанд. Онҳо беморӣ ё ягон иллати дигарро нишонаи пирӣ дониста аз паи дармон намешаванд. Дар синни пирӣ бемориҳо вазнинтар мегузаранд, бинобар ин пешгирӣ ва табобат кардани онҳо аз аҳамият холӣ нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …