Главная / Биология / АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА ВА СЕЛЕКСИЯ

АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА ВА СЕЛЕКСИЯ

Асосгузори фанни генетика олими чех Грегор Мендел мебошад. Ў соли 1865 қонунҳои меросгузории аломатҳои ирсиро кашф намуда буд. Лекин дар давоми 35 сол аҳли илми онвақта бо ин кашфиёт мароқ зоҳир накард ва ё сарфаҳм нарафт. Фақат соли 1900 ин қонунҳо аз сари нав кашф шуданд ва он соли тавлиди фанни генетика ба ҳисоб меравад. Генетика фанни нисбатан нав бошад ҳам, лекин ба комёбиҳои калон ноил гаштааст. Дар ин муддат тасаввуротҳо дар бораи мутатсия, хатҳои соф, популятсияҳо, назарияи ирсияти хромосомӣ, инчунин қонуни қатори гомологӣ, ирсият ва тағйирпазирӣ ба вуҷуд омаданд.

АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА ВА СЕЛЕКСИЯ

Зинаи дуюмини пешрафти генетика ба тараққиёти техника, аз ҷумла, пайдо шудани асбобҳои мураккаби ҳозиразамон вобаста аст. Ҳамин тариқ, ба туфайли ин дастовардҳо имконияти муайян кардани механизми ирсият муҳайё гардида, сохти кислотаҳои нуклеинат ва вазифаи онҳо дар гузаронидани аломатҳои ирсӣ, кушодани рамз (код)-и генетикӣ ва зинаҳои синтези сафеда маълум шуданд.

Комёбиҳои генетика дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ, алалхусус дар биология, тиб ва кишоварзӣ, мавқеи хос доранд. Кашфи қонуниятҳои генетикӣ боиси муайян намудани омилҳои пайдоиши ҳаёт дар рўи

Замин ва асоси материалии табаддулоти эволютсионӣ гардид. Омўзиши алоқамандии генҳо бо сафеда бошад, заминаи пайдоиши фанни биологияи молекулавӣ шуд. Имрўз пешрафти пуравҷи иммуногенетика, ки асосҳои реаксияҳои муҳофизатии организмҳоро меомўзад, ба мушоҳида мерасад.

Алҳол, асосҳои генетикии бисёр касалиҳои инсон муайян гардида, роҳҳои муолиҷаи саривақтии онҳо дарёфт ва роҳҳои пешгирии онҳо маълум шуданд. Генетика имрўз асоси илмии корҳои селексионӣ дар соҳаи кишоварзӣ буда, усулҳои нави амалиро дар соҳаҳои биотехнология ва генетикаи муҳандисӣ ҷорӣ намуда истодааст. Ҳамаи ин исбот мекунад, ки генетика дар бисёр ҷабҳаҳои илм ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода шуда, дар тарбия ва таълими хонандагон мавқеи хос дорад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …