Главная / Илм / ГЕМОПЕРИКАРД

ГЕМОПЕРИКАРД

gemoperikardГЕМОПЕРИКАРД (аз гемо… ва лот. pericardium – халтаи дил, ғилофи дил), дар ҷавфи перикард (ғилофи дил) ғун шудани хун. Вобаста ба сабаби пайдоиш Г. осебӣ ва ғайриосебӣ мешавад.
Г.-и осебӣ дар натиҷаи захмдор шудан, осеби пӯшидаи дил, баъди амалиёти ҷарроҳӣ дар дил, инчунин пунксияи дил, перикард ё гузоштани катетер ба ҷавфи дил ба вуҷуд меояд. Г.-и ғайриосебӣ дар мавриди кафидани дил ҳангоми сактаи миокард рух менамояд.
Оқибати Г. ба миқдори хуне, ки ба ҷавфи перикард афтодааст, вобастагӣ дорад. Агар он аз 200 мл зиёд набошад, Г. бидуни ягон аломат сурат мегирад; дар сурати аз 400 мл зиёд будани миқдори хун ба ҳаёти бемор хавф таҳдид мекунад. Аломатҳои асосии Г. тахикардия, суст будани набз, паст шудани фишори артерия, баланд гаштани фишори вена, дамкӯтаҳӣ, сианоз, варам кардани венаҳои гардан ва ғ. маҳсуб мешаванд.
Ҳангоми гумон бурдан аз Г. маризро бетаъхир дар шӯъбаи ҷарроҳӣ хобондан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …