Главная / Илм / ГЕМОЛИМФАНГИОМАИ ПӯСТ

ГЕМОЛИМФАНГИОМАИ ПӯСТ

haemangiomaГЕМОЛИМФАНГИОМАИ ПӯСТ (аз гемо…, лот. lumpha – оби тоза, юн. angeion – раг), омоси ғайрисаратонӣ, ки дар рагҳои хун ва лимфа бинобар нуқси инкишофи онҳо ба вуҷуд меояд. Г. п. дар айёми кӯдакӣ пайдо ва тадриҷан калон мешавад. Бештар дар гардан, даст, паҳлӯ, баъзан луобпардаи даҳон ҷой мегирад. Г. п. сатҳӣ, зерипӯстӣ ва калон мешавад. Г. п.-и сатҳӣ аз обилачаҳои сершумори дурӯғин иборат буда, асоси онҳо аз лимфа ва омехтаи хун таркиб ёфтааст. Г. п.-и зерипӯстӣ бедард буда, ранги кабудтоб дорад; аз рагҳои лимфа ва хунгарди васеъшуда (варикозӣ) иборат мебошад. Г. п.-и калон андозаи бузург дошта, дар пӯст чуқур ҷой гирифтааст.
Муолиҷа ба шакли Г. п. вобаста аст. Барои табобат аз усулҳои электрокоагулятсия, криодеструксия, шуоъшифоӣ, ҷарроҳӣ истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …