Главная / Илм / ГЕМОДИАЛИЗ

ГЕМОДИАЛИЗ

ГЕМОДИАЛИЗ (аз гемо… ва юн. dialysis – таҷзия, ҷудо шудан), усули берун аз гурда тоза намудани хун. Г.-ро ҳангоми иллати шадид ва музмини гурдаҳо, заҳролудӣ аз спирт, дору ва моддаҳои химиявӣ (агар аз мембранаи гемодиализӣ гузаранд), ихтилоли таркиби электролизии хун ва ғ. кор мефармоянд. Ҳангоми А. аз организм маҳсули зарарноки мубодилаи моддаҳо хориҷ ва мувозанати обу электролитҳо барқарор карда мешавад.
Масъалаи тоза намудани хун аз замонҳои қадим маълум аст. Табибони гузашта сабаби бисёр бемориҳоро натиҷаи махлут гаштани моеъоти бадан меҳисобиданд. Барои тоза кардани онҳо аз ҷӯшоби растанӣ ва минералҳои гуногун истифода мешуд. Бо вуҷуди ин, муолиҷа самараи дилхоҳ намедод ва ҳатто барои саломатии мариз хавфнок буд.
Асри 19 баробари ривоҷу равнақи биохимия масъалаи тоза намудани хун то ҳадде ҳалли хешро ёфт. С. 1854 олими шотландӣ Т. Грэх ба Г. асоси физикӣ гузошт. ӯ дар китоби «Неруи осмосӣ» барои аввал оиди аз пергаменти махсуси нимнуфузпазир ибрози ақида намуд. Усули мазкур барои ҷудо намудани маҳлулҳои коллоидӣ ва кристаллоидӣ имконпазир гашт. Т. Грэх қонунҳои диффузия ва осмосро исбот намуда, ҷараёни диффузияи маҳлулҳои кристаллоидиро ба тавассути коғази пергаментӣ диализ номид.
Пас аз 50 сол Ҷ.Ҷ. Абел аппарати аз хун ҷудо кардани моддаҳои ҳалшударо ихтироъ намуд. Тадқиқот дар сагҳои гурдаашон бурида гирифта гузаронида шуд. Маълум гашт, ки аз таркиби хун дур кардани моддаҳои нитрогении бо сафедаҳо пайвастнабуда имкон дорад. Хурдии сатҳи мембрана имкон надод, ки аппарат барои тоза кардани хуни одам низ истифода гардад. Ба сифати воситаи пешгирии лахтабандии хун ҳангоми аз аппарат гузаштани он гирудин (антикоагулянте, ки аз шуллук мегиранд) кор фармуда мешуд. Бинобар самараи кам доштани гирудин оризаҳои ҷиддии суддабандӣ рух менамуданд.
Г.-и нахустини одам с. 1924 дар Германия аз ҷониби духтур Г. Хаас гузаронда шудааст. Ба сифати антикоагулянт гирудини тоза истифода гашт. Хосиятҳои антигении он имкон намедод, ки диализ зиёда аз 30 – 60 дақиқа гузаронда шавад. С. 1927 дар мавриди Г. бори аввал ба сифати антикоагулянт гепарин истифода гашт. Ҳамин тавр, Г. Хаас нахустин олиме буд, ки камбудиҳои Г.-ро бартараф сохт.
3 сент. с. 1945 бори аввал дар ҷаҳон бо роҳи Г. бемор аз иғмо (кома)-и уремиявӣ бароварда шуд (духтури голландӣ В. Колф). Дар натиҷаи бо гемодиализатор тоза кардани хун консентратсияи карбамид дар таркиби он паст гашт. С. 1946 В. Колф бори аввал дар ҷаҳон дастурамалеро оид ба муолиҷаи беморони уремия бо роҳи Г. ба табъ расонд.
Дар мавриди Г. моддаҳои таркиби хун бо роҳи диффузия ва конвексия дур карда мешаванд. Диффузия ба тавассути мембранаи сунъӣ сурат мегирад; дар як тарафи мембрана хуни патсиент, дар тарафи дигар – маҳлули диализӣ ҷойгир аст. Вобаста ба масомаҳои мембрана аз хун моддаҳои массаи моллекулаашон гуногун – аз натрий, калий ва карбамид то сафедаҳо (В2 – микробулин) хориҷ карда мешаванд. Ба хуни патсиент аз маҳлули диализӣ метавонанд электролитҳо (натрий, калий, калсий, хлорид) ва моддаҳои калонмолекула роҳ ёбанд. Бинобар ин дар таркиби маҳлули диализӣ консентратсияи муайяни электролитҳо вуҷуд дорад, ки барои нигоҳ доштани мувозанати электолитӣ дар организми патсиент пешбинӣ шудаанд; маҳлул ба таври махсус тоза карда мешавад, то ин ки заҳри бактерияҳо ё моддаҳои химиявӣ ба хуни патсиент роҳ наёбанд. Ҳангоми диффузия аз хун моддаҳои заҳрноки бо сафедаҳо пайваст ва гидрофобӣ амалан ҷудо намешаванд.
Конвексия низ ба тавассути ҳамон мембранаи гемодиализӣ бинобар тафовути байни фишори хун ва маҳлули диализӣ сурат мегирад; он имкон медиҳад, ки аз таркиби хун моддаҳои заҳрноки гидрофобӣ хориҷ карда шаванд. Ниг. низ Гурдаи сунъӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …