Главная / Илм / ГЕЛМИНТОЗҲО

ГЕЛМИНТОЗҲО

gelmintoziГЕЛМИНТОЗҲО (Helminthosis), бемориҳои одам, ҳайвонот ва растанӣ, ки гелминтҳо (кирмҳои паразит) ба вуҷуд меоранд. Г.-и одам вобаста ба ангезанда ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: трематодозҳо (ангезандаашон трематодаҳо – киҷҷаҳои маканда), сестодозҳо (ангезандаашон сестодаҳо – тасмакирмҳо), наматодозҳо (ангезандаашон нематодаҳо – лӯндакирмҳо) ва акантосефалёзҳо (ангезандаашон акантосефалаҳо – кирмҳои хорсар).
Одам бештар ба чунин Г. дучор мешавад: описторхоз, дифиллоботриоз, гименолепидоз, тениидозҳо, эхинококкоз, аскаридоз, анкилостомидозҳо, трихинеллёз, трихосефаллёз, энтеробиоз.
Г. вобаста ба сикли инкишофи гелминтҳо ба ду гурӯҳ – геогелминтозҳо ва биогелминтозҳо ҷудо мешаванд. Роҳ ва тарзи интиқоли гелминтҳо гуногун буда, ба хусусияти биологии паразит вобаста мебошанд. Тухм ё кирминаи ангезандаи геогелминтозҳо бидуни иштироки ҳомил инкишоф меёбад. Онҳо аз организми ҳомил ба воситаи наҷосат ба муҳит (хок, об ва ғ.) афтода, дар он ҷо болиғ ва қобили сироят мегарданд. Одам аз гелминтҳо ба тавассути дасти ношуста, сабзавоту мева, об, гарду чанг ва ғ. сироят меёбад. Кирминаи ангезандаи анкилостомидозҳо ҳангоми тамос ба хок (пойлуч гаштан, дар рӯи замин дароз кашидан ва ғ.) аз пӯст ба организм мегузарад.
Ангезандаи биогелминтозҳо фақат бо иштироки ду ё чанд ҳомил (ниҳоӣ, мобайнӣ ва баъзан иловагӣ) инкишоф меёбад. Биогелминтозҳо ба одам дар натиҷаи истеъмоли гӯшти сироятноки нопухта (тениоринхоз), гӯшти хук (тениоз), моҳӣ (дифиллоботриоз), харчанг, харчанги обӣ таъсир мерасонанд. Ошомидани оби ноҷӯшонида низ барои сар задани Г. шароити мусоди фароҳам меорад. Сироят аз филяриатозҳо бошад, дар натиҷаи газидани магасҳо ва диг. ҳашарот ба вуқӯъ мепайвандад.
Навъҳои гуногуни гелминтҳо дар узву бофтаҳои муайян маскун шуда, онро иллатнок мекунанд. Зуҳуроти беморӣ гуногун буда, ба навъи кирм ва шумораи он, ҷойгирӣ, ҳолати умумии организм ва ғ. вобаста аст. Ҳангоми Г. мариз хароб, тундмизоҷ, беҳол мешавад, сараш чарх мезанад. Агар киҷҷа дар рӯда маскун шавад, қабзият ё исҳол, дилбеҳузурӣ, баъзан қай ба вуҷуд меояд; агар кирмҳо дар ҷигар ҷой гиранд, беморро зардӣ зер мекунад; қиҷҷаи шуш сулфа меорад. Дар мавриди гирифторӣ ба Г. қобилияти корӣ суст шуда, инкишофи рӯҳию ҷисмонии кӯдакон халал меёбад, онҳо дер ба балоғат мерасанд, кундзеҳн мешаванд.
Барои табобати Г. аз доруҳои киҷҷакуш истифода мекунанд. Дегелминтизатсия, одатан, самараи хуб меорад. Дар мавриди баъзе Г. (эхинококкоз, алвеококкоз) амалиёти ҷарроҳӣ мегузаронанд.
Бо мақсади пешгирии Г. риояи қоидаҳои санитарии зерин ҳатмӣ мебошад: пеш аз истеъмоли ғизо ва таҳияи хӯрок, шустани дастон; саривақт гирифтани нохунҳо, хоса дар кӯдакон; қабл аз истифода шустани меваю сабзавот ва дар оби ҷӯш тар кардани онҳо; нӯшидани обе, ки безарар гардонда шудааст, ҷӯшонида истифода кардани оби ҷӯй ва каналҳо; нест кардани магасҳо – паҳнкунандагони тухми гелминтҳо; назорати вазъи санитарии деҳаҳо, пешгирӣ кардани ифлосии обу хок; аз муоинаи духтурон гузарондани аҳолӣ; ҳангоми корҳои вобаста ба замин пӯшидани пойафзор ва дастак.
Беморро нафақат аз кирм наҷот додан (яъне табобат намудан), балки тухми кирмҳоро нест кардан лозим. Он гоҳ шахс такроран ба он гирифтор намешавад. Чунин тадбири муштараки пешгирӣ ва табобатро дегелминтизатсия меноманд.

Ш. Матинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …