Главная / Маданият ва санъат / Ғазали Мавлавӣ Фоиқ

Ғазали Мавлавӣ Фоиқ

Он ки бар ӯ бувад раво, салли алайҳ ва олиҳи,
Хдст ҷаноби Мустафо, салли алайҳ ва олиҳи.
Гулбуни боғи «фа-стақим», сарви риёзи «қул кафо»,
Гавҳари баҳри «истафо», салли алайҳ ва олиҳи.
«Қоф»-и виқору «айн»-и илм, «қоф»-и камолу «дол»-и дин,
«Шин»-и шукуҳи Кибриё, салли алайҳ ва олиҳи.
Уммиййи афсаҳу-л-лисон, мухбири содиқу-л-баён,
Солики маслаки ризо, салли алайҳ ва олиҳи.
Қолаби ӯ зи фарти илм, қалби вай аз фурӯғи сидқ,
Марва яке дигар Сафо, салли алайҳ ва олиҳи.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …